КОНСТИТУТСИЯ — КАФИЛИ ВАҲДАТ ВА ПЕШРАФТИ ДАВЛАТ

0 3

Конститутсия барои аз байн бурдани хатаре, ки ба Истиқлолияти давлатӣ таҳдид менамуд, шароити зарурии ҳуқуқӣ муҳайё намуда, барои аз нобудӣ наҷот додани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ва аз парокандагӣ раҳоӣ бахшидани миллати тоҷик асос гузошт. Конститутсия нишонаи нахустин ва муҳимтарини соҳибистиқлолии давлат буда, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ва кишварҳои дигар эътироф гардидани соҳибихтиёрии он аз ҳамин ҳуҷҷати тақдирсоз сарчашма мегирад. Конститутсия ҳамчун бахтномаи миллат ва санади бунёдии сиёсӣ роҳи минбаъдаи пешрафту тараққиёти давлати озоду демократии моро муайян менамояд».

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

6 ноябр яке аз санаҳои муҳими таърихи навини миллати тоҷик мебошад. Дар ин рӯз соли 1994 мардуми Тоҷикистон аввалин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли худро қабул намуданд. Ин рӯйдод барои тақдири кишвар ва ояндаи давлатдории миллӣ нақши бунёдӣ гузошт.

Конститутсия ҳамчун қонуни асосии давлат на танҳо сохтори сиёсӣ ва ҳуқуқии кишварро муайян мекунад, балки рамзи ваҳдат, озодӣ ва ҳимояи ҳуқуқҳои инсон аст. Маҳз бо қабули он Тоҷикистон роҳи таҳкими сулҳ, субот ва тараққиётро пеш гирифт.

Худованд барои сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистон сарвари оқил ва дурандешеро насиб гардонидааст, ки тамоми корномаҳои ӯ беназир мебошанд.

Аз рӯзи ба сари ҳокимият омадани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар мамлакати мо ободиву осоиштагӣ пойдор гардид.

Имрӯз зери роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлати тоҷикон бо қадамҳои устувор ба сӯи пешрафти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ҳаракат дорад. Дар ҳамаи соҳаҳо — аз маориф то тандурустӣ, аз илм то техника — ислоҳот ва навгониҳои муҳим ба амал омада истодаанд.

Барои мо, омӯзгорон ва донишҷӯёни Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз донистан ва риояи меъёрҳои Конститутсия на танҳо вазифа, балки ифтихори шаҳрвандӣ мебошад. Зеро ҳар як мутахассиси ҷавон бояд бо эҳсоси ватандӯстӣ, эҳтиром ба қонун ва садоқат ба миллат фаъолияти касбии худро пеш барад.

Имрӯз мо 31 соли пуршарафи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн мегирем. Санади муқаддасе, ки пояи истиқлол ва ягонагии миллиамон мебошад. Бо камоли эҳтиром ва самимият тамоми ҳамватанони азизро бо ин рузи муборак табрик гуфта, барояшон сулҳу субот, ваҳдат ва пешрафти ҳамешагиро таманно менамоям.

Обиддинов Нусратулло

Эдвайзери факултети Кори момадоягӣ»-и МДТ «Коллеҷи тибби шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.»

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.