ДАР ҲОШИЯИ СУХАНРОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР АНҶУМАНИ XV ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН

0 7

18 декабр дар Кохи Борбад таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Анҷумани 15-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид.

Зимни суханронӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба таърихи таъсисёбии ҳизб ва нақши он дар барқарорсозии давлати соҳибистиқлолу демократӣ ва дунявӣ, анҷом бахшидан ба ҷанги шаҳрвандӣ ва рушду нумӯи кишвар суханронӣ намуданд. Қайд карда шуд, ки тамоми дастовардҳои имрӯзаи Тоҷикистон натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзии мардуми заҳматкаши кишвар мебошад. Мақсадҳои барномавии ҲХДТ, ки зери шиори барои зиндагии шоистаи мардум равона карда шуда буд то имрӯз амалан иҷрои худро ёфтаанд. Аз ҷумла чаҳор мақсадҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти баровардани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар самаранок иҷро карда шуда истодаанд. Президенти кишвар, роҳбари муаззами ҲХДТ қайд намуданд, ки барои боз ҳам рушд намудани кишвар ҳамаи мо роҳбарони идораву ташкилотҳо бояд одилона меҳнат кунем ва заҳмат кашем. Пешвои миллат қайд намуданд, ки яке аз мақсадҳои барномавии ҲХДТ ин диққати ҷиддӣ додан ба соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла маорифу тандурустӣ мебошад. Тули солҳои аввали соҳибистиқлолӣ соҳаҳои мазкур хеле хароб шуда буданд. Вале бо заҳмату талошҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ то имрӯз садҳо муассисаҳои соҳаҳои тандурустиву маориф сохта ба истифода дода шуда муосиртарин технологияҳо ба кишвар ворид гаштаанд. Натиҷаи ин аст, ки сатҳи некӯаҳволӣ, дониш ва солмии аҳолӣ нисбати солҳои баъдиҷангӣ хеле боло рафтааст.

Маҳз натиҷаи сиёсати одилона ва халқпарваронаи ҲХДТ буд, ки тули фаъолияташ он соҳиби обурӯйи хосса миёни мардуми кишвар гашт ва шумораи аъзоёни он сол аз сол хеле боло рафтааст.

Дар сиёсати худ ҲХДТ нақши ҷавонон ва занонро дар рушду нумӯи кишвар хеле муҳим арзёбӣ намуда, барои ҷалби бештари ҷавонон ва занон ба сиёсат, вазифаҳои роҳбарикунанда ва муҳайё намудани тамоми шароитҳо барои таҳсил, фаъолияти корӣ, пешбурди корҳои илмӣ ва ғ. корҳои зиёдеро ба анҷом расонидааст.

Бо як илҳому дилхушӣ ва боварии комил ба рушду нумӯи ояндаи кишвар вакилони Анҷуман муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бои дигар Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон интихоб намуданд. Ҳамчунин дар анҷумани мазкур Маликшо Неъматзода – муовини якум, Абдуллозода Умеда Бекмурод ва Каримзода Мирзоқосим муовинони раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон интихоб карда шуданд.

Масъалаи дигари рӯзномаи Анҷуман пешбарии номзадҳо ба вакилӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ аз ҳисоби аъзои фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон буд.

Мувофиқи моддаи 31 банди 9 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” вакилони Анҷуман номзадии 28 нафарро дастгирӣ ва ҷиҳати ширкат дар интихоботи дарпешистода пешбарӣ намуданд.

Номзадҳои пешниҳодгардида мутахассисони варзидаи соҳаҳои гуногун, аз ҷумла ҷавонони болаёқату дорои маҳорату нигоҳи нав ба равандҳои ҷомеа ва ҳам қисмати зиёде аз бонувони соҳибтахассус мебошанд.

Дар анҷуман ҳамчунин ҳайати нави Кумитаи иҷроияи марказии ҳизб, раёсати Кумитаи иҷроияи марказии ҳизб ва дигар мақомоти сохторҳои ҳизбӣ тасдиқ гардиданд.

Дар ҷараёни Анҷуман Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки фарогири муҳимтарин самтҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар дар солҳои 2025-2030 мебошад, тасдиқ ва Ситоди марказии интихоботии ҳизб таъсис дода шуд.

Мо аъзоёни ҳизб ба нерӯи созандаи роҳбари муаззами он Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ояндаи дурахшони кишвар боварии комил дорем. Зери роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон ва барномаи ҲХДТ Тоҷикистон кишвари мо то имрӯз ҳамчун яке аз давлатҳои мутараққӣ ва рӯ ба инкишоф табдил ёфт ва оянда низ тамоми аъзоёни ҳизб баҳри боз ҳам рушд намудан ва ободу гулгулшукуфонии он саъю кӯшиш хоҳем намуд.

Азиззода З.А. доктори илмҳои тиб,

роҳбари ТИ “Ворисони Сино” — и

МДТ “Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.”

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.