ҶАМЪОМАДИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ДОНИШ, ДАРСИ СУЛҲ ВА ОҒОЗИ СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ ДАР МДТ «КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ШАҲРИ КӮЛОБ БА НОМИ РАҲМОНЗОДА Р.А» 0 3 Мубодила кардан Пеш 1 то 9 саҳифа Баъдӣ Имрӯз бо як руҳи болида дар фазои сулҳу суботи мамлакат, бахшида ба Рӯзи дониш, дарси сулҳ ва оғози соли нави таҳсил, дар Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.» бо иштироки директори муассиса Назарзода Ҷ.Ш., муовини раиси шаҳри Кӯлоб Даминзода А.И. ва кормандон, омӯзгорон ва донишҷӯён ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Ҷамъомадро директори муассиса ифтитоҳ намуда, бахшида ба Рӯзи дониш ва дарси сулҳ ибрози андешаронӣ намуда, таъкид карданд, ки ҷамъомади имрӯзаро метавон рамзи оғози роҳи нави донишандӯзӣ ва худшиносии ҳар як хонанда арзёбӣ кард. Рӯзи дониш на танҳо оғози соли нави таҳсил, балки рӯзи пайвастан ба маърифат, илм ва фарҳанг мебошад. Маҳз тавассути дониш ва маориф инсон ба камол мерасад, ҷомеа тараққӣ мекунад ва миллат соҳиби нуфузу эътибор мегардад. Бинобар ин, омӯзгорону донишҷӯёнро зарур аст, ки дар ин рӯз бо азму иродаи қавӣ ва нияти нек қадам ба соли нави таҳсил гузоранд. Дар фарҷоми суханронии худ меҳмонро, ки аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ба муассиса ташриф оварда буданд, хуш омадед гуфта, сухани навбатиро ба муовини раиси шаҳри Кӯлоб Даминзода А.И. доданд. Даминзода А.И., баромад намуда, ҳамагонро аз номи Раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Назарзода Бахтиёр Худоёр бахшида ба оғози соли нави таҳсил табрику шодбош гуфта, дар корҳои минбаъдаашон дар ҷодаи таълиму тарбияи насли ҷавон, барору комёбиҳоро таманно карданд. Дар интиҳо, муовини директори колеҷ оид ба таълим Нуруллоён С.А. оид ба оғози соли нави таҳсил ва Рӯзи дониш ҳозиринро табрик намуданд. Сайҷамол Зайдулоев Мутахассиси шуъбаи таълим 0 3 Мубодила кардан