«Таҷлили Рӯзи дониш ва баргузории Дарси сулҳ, дар оғози соли хониш яке аз анъанаҳои неки даврони соҳибистиқлолӣ, тантанаву бузургдошти саводу дониш ва хираду маърифати мардуми куҳанбунёди тоҷик мебошад”.
Эмомалӣ Раҳмон
Дарси сулҳ танҳо оғози соли нави таҳсил нест, балки ҷашни дониш, маърифат, омӯзгор ва шарофати илму тарбия аст. Он дар худ як паёми амиқи маънавӣ дорад, паёме, ки мардумро ба сӯи рушд, камол ва худогоҳиву худшиносӣ раҳнамун месозад.
Рӯзи дониш ҳамасола дар фазои тантанавӣ ва рӯҳбаланд таҷлил мешавад. Садои қадамҳои нахустини донишҷӯён ба даргоҳи илм, чеҳраҳои шоду умедбахши шогирдон, баромадҳои омӯзгорон ва масъулон рамзи оғози як марҳалаи нави таҳсил ва таҳаввули шахсӣ мебошанд.
Таърихи таҷлили Рӯзи дониш дар кишвар бо арзишҳои милливу маънавӣ ва сиёсати маорифпарваронаи давлати Тоҷикистон сахт алоқаманд аст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар баромадҳояшон таъкид намудаанд, ки ояндаи давлатро ҷавонони бохирад ва соҳибмаърифат бунёд хоҳанд кард. Маҳз аз ин рӯ, ҳамеша ба рушди соҳаи таълим ва тарбияи насли наврас таваҷҷуҳи хос зоҳир мегардад.
Имрӯз, ки ҷаҳони муосир пур аз таҳаввулот ва рақобатҳост, танҳо касоне метавонанд дар арсаи зиндагӣ ва ҷомеа мавқеи устувор пайдо кунанд, ки бо дониш, ҷаҳонбинӣ ва ахлоқи ҳамида мусаллаҳ бошанд. Аз ин лиҳоз, ҳар як соли нави таҳсил як имконияти тоза аст барои рушд ва расидан ба қуллаҳои баланд. Омӯзиш на раванди расмӣ, балки як масъулияти шахсӣ ва рисолати инсонист, ки фардро ба комёбӣ ва миллатро ба пешрафт мебарад.
Қобили зикр аст дар замони соҳибистиқлолӣ бо ибтикори Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои беҳтар гардидани шароити таълим, дар гӯшаву канори мамлакат садҳо муассисаҳои таълимӣ бунёд ва мавриди истифода қарор дода шудааст.
Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.”, низ дар омодасозии мутаххасисони миёнаи тиб, дар партави иқдомҳои маорифпарваронаи Сарвари давлат амал намуда, дар тарбия намудани мутаххасисони миёнаи тиб саҳми фаъол дорад.
Хулоса, Рӯзи дониш на танҳо як сана дар тақвим, балки мактаби маънавӣ ва рӯзи бузурги шукргузорӣ ба арзишҳои инсонӣ ва миллӣ аст. Он моро ба ёд меорад, ки омӯзиш тамоми умр идома меёбад ва ҳар як рӯз метавонад оғози як зинаи нав бошад, агар мо донишро ҳамчун сарчашмаи нур ва василаи худсозӣ қабул кунем.