МАВҚЕИ ЗАНОН ДАР ПАЁМ

0 2

Ҳамасола мо, сокинони кишвари биҳиштосои Тоҷикистон шоҳиди ироаи Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ мегардем ва хуб медонем, ки Паём ин натиҷагирӣ аз соли сипаришуда ва дурнамо барои солҳои оянда мебошад, ки ҳамеша муждаи некро дар пай дорад.

Паёми навбатии Пешвои миллат чун солҳои қабл, пур аз рақамҳои дақиқу суханони пандомез буд, ки ҳар як хонанда ва шунавандаро бар он водор месозад, ки ҳамаи онро ба риштаи таҳлил кашанду аз рӯйи он амал намояд.

Суханоне, ки дар Паём вобаста ба бузургии Зан-Модар гуфта шуданд, таърихӣ буда, дар ҳақиқат Модар бузург аст ва ҳар як инсон бояд ба Зан-Модар арҷ гузорад ва ҳурмату эҳтироми онро ба ҷо орад, чунки «Биҳишт зери пойи модарон аст» -гуфтаанд.

Паёми Роҳбари давлат, пеш аз ҳама, пандест барои нафароне, ки нисбат ба Зан-Модар ҷабру зулм ва беэҳтиромиро раво мебинанд. Аз ҷумла, дар Паём таъкид гардида- аст: «Дар фарҳангу тамаддуни мо — тоҷикон иззату эҳтироми Зан-Модар ҳамеша ҷойгаҳи хос дорад. Вале бояд гуфт, ки мақому манзалати занону бонувон ва нақши онҳо дар эъмори давлати муосир ва рушди ҷомеа маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ воқеан боло рафтааст.

Аз ин гуфтаҳо бармеояд, ки таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар, бахусус, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалй Раҳмон ба занону модарон бениҳоят зиёд буда, Сарвари давлат аз ин қишри ҷомеа боварию эътимоди зиёд доранд ва ба ин маъно мефармоянд: «Мо ба азму ирода ва масъулиятши- носии бонувону духтарони тоҷик ҳамчун неруи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем ва дастгирии ҳамаҷонибаи онҳоро идома медиҳем». Ҳамаи ин дастгириҳост, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ иштироки фаъолонаи занон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ба хубӣ эҳсос карда мешавад. Имрӯз соҳаеро тасаввур кардан мушкил аст, ки дар он бонувон кору фаъолият надошта бошанд.

Дар шаҳри Кӯлоб, чун тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, занону духтарон дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, соҳибкорӣ ва ғайра фаъолияти назаррас нишон дода, дар самти роҳбарӣ муваффақанд ва теъдоди занони роҳбар сол то сол меафзояд.

Тавре Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ зикр карданд, тарбияи насли наврас, ҳифзи арзишҳои миллӣ, бедор намудани ҳисси ватандӯстии насли наврас ва ҷавон, инсон- дӯстӣ ва масъулиятшиносӣ, пеш аз ҳама, аз домони поки модар сарчашма мегиранд ва мо, модарони Кӯлоб кӯшиш бар он дорем, ки пандҳои мондагори Роҳбари давлатро сармашқи кору зиндагии худ қарор дода, дар тарбияи насли наврас саҳми шоистаи хешро гузорем.

Мо саъй мекунем, ки ба боварии Пешвои маҳбуби тоҷикони ҷаҳон муҳтарам Эмомалй Раҳмон сазовор бошем. Тавре Пешвои миллат дар Паём баён доштанд: «Бовар дорам, ки бонувону занон ва модарону духтарони азизи мо дар амалисозии талаботу муқаррарои қонунҳои миллӣ, пешгирӣ кардани бегонапарстӣ, аз ҷумла сару либос ва ойинҳои барои мардуми мо бегона, ба камол расонидани наслҳои солим, таҳкими сулҳу субот дар ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии Ватан минбаъд низ саҳми худро мегузоранд. Зеро онҳо эҳёкунандаву нигахдоранда ва тарғибкунандаву посдорандаи беҳтарин суннату анъанаҳои миллӣ ва расму ойинҳои асилу бостонии халқамон мебошанд”.

Шафоат Комилова

Омӯзгори кафедраи забон ва адабиёти тоҷик

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.