ТАСВИРИ РАМЗҲО ДАР ЛИБОСҲОИ МАРДОНАИ МИНТАҚАИ КӮЛОБ 0 8 Мубодила кардан Либоси миллии мардонаи тоҷикон таърихи қадима дошта, бо нақшу нигори махсус омода карда мешуданд, ки ҳар як нақши он рамзи хосе дорад ва онҳо ифодакунандаи расму оини мардона, эътиқоду боварӣ, зебоипарастӣ ба муҳити атроф буда, дар матоъҳои пахтагӣ тасвир карда мешуданд. Либоси мардонаи тоҷикон вобаста ба маросимҳо, разму муборизаҳо ва ҷашну анъанаҳо низ гуногун буданд. Яъне маросимҳои мотаму азодорӣ, тую маъракаҳо, ҳолатҳои ҷангу муборизаҳо ва ҷашну идҳо, ҳар кадом либосҳои махсуси худро доштанд, ки ҳангоми ба бар намудани онҳо аз ҷониби шахсони алоҳида, мардум бе гуфтугӯ аз рӯи сару либос ҳолати онҳоро ба хуби маълум мекарданд. Ин анъанаро то имрӯз дар минтақи Кӯлоб мушоҳида кардан мумкин аст. Минтақаи Кӯлоб дар масири таърих дар баробари дигар арзишҳои фарҳангӣ бо сару либоси махсуси худ маъруфу машҳур буд. Бахусус, либоси мардонаи минатқаи Кӯлоб дорои рамзҳои хос буда, аз ҷониби фарҳангшиносону таърихшиносон мавриди омӯзиш қарор гирифтааст. Аз ҷумла, тоқии чакан, ҷома, кулоҳ, миёнбанд, пояфзол — музаи мардона, курта ва дигар намуди либосҳо, ки намунаи онҳо дар осорхонаи кишварамон нигоҳдорӣ мешаванд. Тоқии чакан яке аз намуди муҳими санъати ороишии мардони минтақаи Кӯлоб буда, дорои рамзҳои ба худ хос мебошад. Тоқии чакан мувофиқи завқи мардум духта шуда, аз рушду нумуи санъати амалии халқ шаҳодат медиҳад. Тоқии чакан дар шакли гирда (мудаввар) бо матоъҳои карбос, алоча, читти ранга ё якранг, лас, шоҳи, махмал ва парча духта мешавад. Тоқии чаканро занони маҳаллӣ бо риштаҳои ранга медӯзанд ва бонувоне ба ин кор шавқ доранд, ки рамзҳои махсуси мардонаро омӯхтаанд, ки тасвирҳои тоқии чакан дар либосҳои занона духта намешавад. Дар тоқии чакан 4 нишон тасвир ёфтааст: рамзи гул, офтоб, шероз ва пупак. 4 гуле, ки дар тоқи тасвир ёфтааст, ин рамзи тоҷ буда, аз тахту тоҷ ва салтанату роҳбар будани мардони кӯлобӣ шаҳодат медиҳад ва дар дохили ин тоҷ рамзи офтоб тасвир гардидааст, ки ин рамзи меҳру муҳаббат ва зиндагисоз будани мардонро гувоҳ аст. Қисмати поёнии тоқии чакан бо шероз оро дода шуда, дар дохили ин шероз тасвирҳои каҷ ва ба якдигар хеле таздик духта шудааст, ки ин маънои панҷараро дорад. Рамзи парҷара дар тоқии чакан ин намоди муҳофиз будани мардонро дорад. Ва дар як гушаи тоқии чакан пупаки сафед духта мешавад, ки ин рамзи шодию нишот ва хурсандии мардон аст. Дар тайёр намудани тоқӣ, санъати гулдӯзӣ мақоми махсусро ишѓол менамояд. Нақшҳои кашидадӯзӣ, аз қабили босма, кандахаёл, чиндахаёл, хомдӯзӣ, попур, ироқӣ ҳалқа, бахя ва ѓайра барои дӯхтани нақшҳои калон, хурд, ҳошияву гулнақш истифода мешаванд. Фарҳангшиноси маъруфи тоҷик Ҷонибек Асрориён вобаста ба тоқии чакани Кӯлобӣ тадқиқотҳои зиёд бурда чунин нигоштааст: Дар тафриқа бо навоҳии дигари кишвар ҳампову ҳамтои курта ва дигар асбобу анҷом рӯзгор мардуми Кӯлоб тоқии чаканро офаридаанд, ҷаҳони маънавии фарҳанги куҳарӯнро комилтар мегардонад. Дар ин мардум ҳамагуна сарпӯш, кулоҳ, тоқӣ давлати сар дониста мешавад. Тоқии чакан як навъ шакли мухтасар ва муъҷазшудаи гулдӯзиҳои кӯлобист. Дар адабиёт ба тариқи рушан ҳам набошад амволи сарро аз намунаҳои қудсӣ шуморидаанд. Чуноне ба асри миёна мансуб байти Шӯхӣ: Зери либоси фақр дам аз шоҳӣ мезанем, Бар фарқи мо кулоҳ кам аз шоҳиёна нест. Бояд қайд намоям, ки тоқиҳои тоҷикӣ, ки дар минтақаҳои мухталиф каллапӯш, қалпоқ, кулоҳ, туппӣ, дуппӣ, тоқия маъруфанд, вобаста ба иқлим, муҳит ва шароити табиӣ бо сабкҳои хос таҳаввулу инкишоф ёфтаанд. Дар иртибот ба равнақи санъати тоқидӯзӣ дар маҳалҳо ва мувофиқи завқу салиқаи мардум хелҳои гуногуни он ба миён омадаанд: чоргӯла, чаман ба гӯл, ироқӣ, зардӯзӣ, попур, пупакдор, арақчин, духоб, сабз (кабуд), тавилбегӣ ва ѓайра. Миёнбанд ин рӯймоли секунҷа духтае, мебошад, ки мардон дар камар мебанданд. Миёнбанд бештар бо номи рӯймол маъруфият дорад, ки вобаста ба завқи одамон аз матоъҳои рангашон дилхоҳ истифода карда мешавад. Дар як гушаи миёнбанд нақшҳои махсус кашидадузи мешаванд. Ва дар миёнбанди мардона бояд гулҳои зиёд духта шавад, танҳо лозим аст, ки кам ва бехато тасвир ёбанд. Дар адабиётҳои дигар миёнбандро яккабанд, камарбанд низ ном додаанд. Миёнбанд ҷузъе аз фарҳанги либоси мардуми мо ба шумор меравад. Миёнбандро ҳам дар рӯзҳои туюу хурсанди ва ҳам азодорӣ инчунин дар вақти кору рузѓордорӣ низ ба бар мекунанд. Истифодаи миёнбанд ин маънои онро дорад, ки мардон дар ҳамаи ҳолат омодаи коранду ба ҳамаи пешомадҳои зиндагӣ таёранд мубориза баранд.Ин рамзи мардонгист. Тасвирҳои миёнбанд навъ ва намудҳои гуногуни худро дорад, ба мисли: торкашнусха, сандуқчанусха, моҳинусха, кирмакнусха, сеобагӣ, рангадузӣ, торшумор ва ѓайра, ки ҳар як тори духтаи он рамзи махсусро дорад. Қайд намудан мумкин аст, ки дар баробари либосҳои мардонаи мардуми Кӯлоб инчунин дар камар доштани корд низ рамзи мардонагӣ буд. Мардони минтақи Кӯлоб ҳамеша дар камар корди махсус нигоҳ медоштанд. Ба ҳамаи мо маълум аст. ки кордсозӣ яке аз маъмултарин ҳунари бадеӣ дар радифи ҳунарҳои кулолгарӣ, мисгарӣ, заргарӣ, бофандагӣ маҳсуб меёбад. Ҳунари кордсозӣ касбу кори хеле нафису нозук буда, дар офариниши навъҳои корд, маснуоти кордсозӣ, маҳорат ва истеъдоди баланди фарди ҳунармандро тақозо мекунад. Ин намуди ҳунар хусусияти меросиву оилавӣ дошта, нозукиҳои он дар тули таърих аз устод ба шогирд, аз падар ба писар мегузашт. Корд аз қисмҳои зерин иборат аст: теғ, гулӯбанд, даста, сарбанд. Кордсозон ду навъи пӯлод: пӯлоди сафедро барои кордҳои армуғонию рӯзгорӣ ва пӯлоди сиёҳро, ки сахту буротар аст, барои кордҳои шикорӣ ба кор мебаранд. Гулӯбанди кордро аз 3 – 4 навъи маъдан тайёр мекунанд. Он бештар аз мис, сурб, қалъагӣ, нуқра сохта мешавад. Дастаи кордро аз шохи устухонҳои ҳайвонот (бузи кӯҳӣ, оҳу, гов), чӯб, баъзан аз филиз, шиша ва маъданҳои дигар низ месозанд. Сарбанди корд низ ба монанди гулӯбанди он аз мису сурб ва ё нуқра сохта мешавад. Тасвирҳо ва рамзҳо дар либосҳои мардонаи мардуми Кӯлоб хеле зиёд аст, ки дар тадқиқотҳои мо пайдо шудаистодааст. Ин мавзӯъ доманадор мебошад, ки дар шинохти фарҳангу таърихи минтақи Кӯлоб нақши муҳим дорад. Иброҳимов С.Т. Мудири кафедраи “Фанҳои гуманитарӣ” 0 8 Мубодила кардан