БАЛАНД ГАШТАНИ ҶОЙГОҲИ ЗАНОН ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ 0 5 Мубодила кардан Зан модари ман, модари ту, модари ом аст, Зан зинати ҳар маъракаю шарбати ҷом аст. Бе зан набувад зиндагию зист дар олам, Зан ҳусни замин, ҳусни само, ҳусни замон аст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати қадру манзалати зан-модар чунин қайд кардааст: «Мо бояд як нуқтаи муҳимро ҳамеша дар ёд дошта бошем, ки зан-модар мавҷуди муқаддас мебошад ва ҳамаи сиёсатмадорону донишмандон ва бузургони олам, аз ҷумла Пайғамбари ислом аз домани поки модар ба дунё омадаанд ва бо шири ҷонбахши ӯ бузург шудаанд». Дар Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз масъалаҳое, ки ҳамасола баррасӣ мегардад, ин баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва андешидани тадбирҳои судманд дар ин самт мебошад. Ҳамчунин Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ қайд намуданд, ки «Мо дар даврони соҳибистиқлолӣ мақоми занонро дар ҷомеа марҳила ба марҳила баланд бардошта, барои онҳо шароити муносиби фаъолиятро фароҳам овардем» Натиҷаи чунин ғамхориҳо аст, ки занону бонувони мо дар қатори тавлиду тарбияи фарзанд боз бисёр вазифаҳои пурмасъулро ба дӯш доранд. Имрӯзҳо зан- модар дар соҳаҳои гуногуни зиндагӣ кору фаъолият мекунанд. Дар қатори мардон истода, ба оила мададгор мегарданд. Зани тоҷик имрӯз ронанда, бофанда, пазанда, духтур, муҳандис, роҳбар ва тоҷир аст: Гаҳе бинам, ки чун тоҷир ту дар бозор мегардӣ, Гаҳе бинам ба беморе табибу ёр мегардӣ. Гаҳе бинам, ки медузӣ ба тифлат ҷомаву дастор, Гаҳе бинам ба ёрат мунису гамхор мегардӣ. Пешвои муаззами миллат ба мақому манзаллат ва эҳтироми занону модарон арҷ гузошта, дар яке аз суханрониҳояш қайд кардааст: «Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун нерӯи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем. Баробари ин, медонем, ки зан модар аст, яъне ягона мавҷудотест, ки инсонро ба дунё меорад ва ба ӯ ҳаёт мебахшад». Бале, зан-модар шахси муқаддас аст. Вақте ки симои ӯ пеши назар меояд, аз чашмони ӯ, аз тамоми ҳастии вай нур меборад. Ин нур роҳи ояндаи ҳаётамонро равшан месозад. Зан-модар офарандаи ҳаёт буда, аз ҳама киматтарину азизтарин шахс дар олами ҳастӣ мебошад. Меҳри беҳамтои модар ба мисли хуршеди олам аст, ки ба тамоми олам саховатмандона нур мепошад, ишқи поки модар ба мисоли чашмаҳои пурҷӯшест, ки дашту биёбонро гулистон мекунад. Ширинтарину гуворотарин ва азизтарин сухан ин калимаи модар мебошад. Зан — модар аст, зан — маҳбуба аст, ки дасту дили моро ба зиндагӣ, ба оянда, ба кор гарму нарм месозад, хоми моро пухта мегардонад, гуфтааст устод Мирзо Турсунзода: «Зан агар оташ намебуд, хом мемондем мо, Норасидаи бодаи дар ҷом мемондем мо». Бояд гуфт, ки мавзуи «Зан-модар» дар эҷодиёти чи шоирони классик ва чи шоирони муосир мавқеъ ва мақоми хоса дорад. Ҷиҳати бузургию эҳтироми махсус доштани модар устод Мирзо Турсунзода, Лоиқ Шералӣ ва дигар шоирон дар мавзуи зан-модар модарномаҳое аз ҷиҳати ғоявӣ баландмазмун иншо намудаанд. Масалан, Лоиқ Шералӣ чунин гуфтааст: Ба кунҷи сандалӣ биншаста шабҳо модари пирам, Ту шояд ҷомаи домодӣ медӯзӣ ба сад ният. Ки рӯзи тӯй дида дар қади ман, бишканӣ армон, Бубинӣ то ба ранги нав, ба ҳусни навҷавоният Ба он дастони ларзони шарафмандат бимирам ман. Қайд кардан бамаврид аст, ки дар «Модарнома»- и Лоиқ Шералӣ як муҳаббати абадзиндаи на танҳо Лоиқ бо модараш, балки миллионҳо фарзандони ҷаҳон ба модарони хеш аст. Шоир дар ин мисраъҳои шеърӣ нисбати зан-модар муҳити зиндагӣ, урфу одат рафтору кирдор ва орзую амали модари хешро ба қалам додааст. Оре, Зан –модар ситораи зиндагӣ, ситораи дурахшонест, ки ҷаҳонро нуру ҷило мебахшад. Модар, ба қавли бузургон бо як дасташ гаҳвора ва бо дасти дигараш дунёро такон медиҳад. Меҳри бепоён ва навозиши гарми модар моро ба оламу одам ошно сохтааст. Заҳмати шабонарӯзӣ, бедорхобӣ пурбардории ӯ танҳо ба худаш хос буда, касро ба ҳайрат меорад. Дар замони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Пешвои муаззами миллат як қатор стратегияву барномаҳои давлатӣ дар ин самт амалӣ гардида, барои фаъолияти занон имкониятҳои васеъ фароҳам оварда шудаанд. Ҳамин тавр, ҳукумати мамлакат ташаббусҳои занону бонувони кишварро дастгирӣ карда, ба хотири ҷалби бештари онҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда тадбирҳои иловагиро амалӣ гардонидаанд. Имрӯзҳо Истиқлолияти давлатӣ ҷиҳати таъмини мавқеи устувори зан-модар дар ҷомеа ҳамаи имкониятҳоро фароҳам овард ва занони қавииродаву боҷасорати моро ба арсаи васеи сиёсат ворид намуд. Дар баробари ин, Пешвои миллат мавқеи занонро дар рушди иҷтимоиёт ва иқтисоду фарҳанги мамлакат таҳким бахшида, барои истифодаи нерӯи ватанхоҳиву бунёдкоронаи онҳо заминаи устувор гузошт, яъне барояшон майдони матонату ҷасорат, далериву шуҷоат ва ғайрату некномиро муҳайё гардонид. Ҳамин аст, ки мақому манзалати зан-модар дар ҳар кадом давру замон вобаста ба сиёсати замон, алоқамандона ба ҳаёти иқтисодию фарҳангӣ давра ба давра дар макону замонҳои гуногун ифода меёфт. Бояд гуфт, ки зан-модар дар сарзамини ориёиҳо низ мавқеи мӯҳимеро доро буд. Вобаста ба мавқеи ҷамъиятиашон ҳурмату эҳтироми зиёдеро соҳиб буданд. Масалан, дар Эрони бостонӣ рӯзи махсусеро ба олиҳаи зиндагӣ-зан, модар мебахшиданд. Инро аз сарчашмаҳои илмӣ фаҳмидану дарк намудан мумкин аст. Масалан, Абурайҳони Берунӣ дар асари барҷаста ва машҳури худ «Осор-ул-боқия» чунин изҳори ақида менамояд, ки «Исфандаромӯз» фариштаи ваколатдор бар замин будааст, ба занҳои пок ва шавҳардӯсту бовафо хайрхоҳ ваколатдор (тоза, покӣ, босафо) аст. Дар ин моҳ дар як замоне ба василаи ин рӯз иди занон барпо мешудааст. Хулоса, баъди ба даст овардани Истиқлолият дар Тоҷикистон нуфузу мақоми зан дар ҷомеа баланд гардида, махсусан дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, таваҷҷуҳ ба фаъолияти ҷамъиятию соҳавии бонувон зиёд шуд. Аз ин рӯ, мо бонувон ба ғамхориҳои ҳамешагии Пешвои муаззами миллат дар рушду ободии Ватанамон саҳмгузор бошем. Саидова Дилафрӯз Раҳимовна Омӯзгори кафедраи забон ва адабиёти тоҷик 0 5 Мубодила кардан