АЗ ХУРОФОТ, БЕГОНАПАРАСТӢ ВА ТАҚЛИДҲОИ БЕАСОС ДУР БОЯД БУД…

0 5

Бо шарофати Истиқлолияту озодӣ, мо ба эҳёи арзишҳои миллӣ ва динӣ, сунату оинҳои ниёгони хеш муяссар шудем, ки ин дастоварди хеле бузурги миллати тоҷик аст..

                                                                     ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Дар ҳақиқат, соҳибистиқлолии давлати мо, имконият фароҳам овард, ки миллати кӯҳан ва соҳибтамаддуну фарҳангофари тоҷик дар ҳама бахшҳои ҳаёт соҳиби дастоварду комёбиҳо гардад.

Оре, мо мардуми ин кишвари ободу зебо шукргузор аз он бошем, ки бузургтарин неъмати яздонӣ, яъне соҳибистиқлолию соҳибдавлатӣ насиби мо шудааст. Мо бояд барои шаҳрванди воқеии ин давлати тозаистиқлол будан, барои пешрафт рушду шукуфоии ватани хеш сидқан меҳнат кунем, то ки вориси ҳақиқии ниёгони ватандӯст ва меҳанпаратӣ худ буданро исбот созем.

Чуноне, ки таърих гувоҳ аст, ниёгони мо дар гузашта ба ҳама сахтию мушкилиҳо, санҷишҳо ва пешомадҳое вазнини таърихӣ муқобил истода, забону фарҳанг, суннату оин ва арзишҳои миллии миллатро ҳифз намудан ва онро ба наслҳои имрӯза ба мерос гузоштаанд.

Бояд гуфт, ки рисолати ҳар як фарди худогоҳ аини замон аз он иборат иборат аст, ки пеш аз ҳама арзишҳои миллии хешро дӯст дошта бошад, эҳтиром кунад ва онро ба наслҳои наврасу ҷавон талқин намояд.

Моро зарур аст, ки тибқи Дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо масъулияти баланди шаҳрвандӣ дар тарғибу ташфиқи мероси фарҳангии ниёгон, суннатҳои некӯ созандаи гузаштагони хеш ба имрузиён, хусусан наврасону ҷавонон бештар кӯшиш доршта бошем. Чунки дар замони таҳавулотҳои нав, бархурди тамаддунҳо мо бояд бештар талош кунем, ки арзишҳои миллии хешро аз таҳдиду хатарҳои зиёновар ҳифз карда тавонем.

Пешвои муаззами миллат аз рӯзҳои аввали ба арсаи сиёсат омаданашон таъкид мекарданд, ки худшиносии миллӣ, эҳёи суннатҳои фарҳанги кӯҳан, гиромидошти шахсиятҳои барҷастаи таърихӣ яке аз рукнҳои сиёсати давлатдории мо хоҳад буд.

Миллати тоҷик аз гуштаи дур дар миёни садҳо халқу миллатҳои дигар бо забону фарҳанги воло, урфу одат суннату оинҳои нек, ҷашну маросимҳои маърифатпарвару таҳамулгарояш ифтихор додад. Хушбахтона дар замони соҳибистиқлолӣ, миллати тоҷики зери сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат, муҳатарам Эмомалӣ Раҳмон расму оин, урфу одат касбу ҳунар суннатҳои кӯҳани ниёгони худро аз нав эҳё карда, таҷдид, тарғибу ташвиқи онҳоро бештар мекунад.

Ин падида албатта мусбӣ ва хеле бо маврид аст. Ҳар яки мо бояд дар инҷода саҳме дошта бошем.

Миллати фарҳангсолори тоҷик бузургтарин нобиғаҳоеро ба майдони илму адаб овард, ки онҳо бо донишу маърифати хеш ҷаҳонро тасхир намудаанд.

Имрӯз осори гаронбаҳори фарзона фарзандони миллат: Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Сино, Носири Хусрав, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Ҷаллолуддини Балхӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Имом Абу Ҳанифа, Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Бобоҷон Ғафуров ва дигар намояндагони миллати моро кулли мардуми ҷаҳон мутолиа мекунанд ва аз ин осори гаронбаҳо баҳра мегиранд, ин боиси ифтихори мо наслҳои имрӯзаи ин миллати соҳибфарҳанг мебошад.

Оре, даврони соҳибистиқлоли барои мо шароит муҳаё кард, ки барои эҳёи фарҳанги кӯҳан ва ғании миллӣ корҳои хеле зиёдро ба анҷом расонем.

Мақсад аз ин гуфтаҳо дар он аст, ки бо рӯйдодҳо ва паёмадҳои имрӯзи ҷомеа, ки дар поён аз онҳо хоҳем гуфт, насли имрӯза аз таъриху фарҳанги гузаштаи аҷдодон огоҳӣ дошта бошад.

Акнун бо чанд андешаҳо фикрҳои худро боён месозем.

Дар шароити кунунии ҷомеаи муосир, ҳодисаву воқеаҳое рух медиҳанд, ки боиси ташвиши аҳли ҷомеа мегарданд.

Ҳолатҳое мутаасифона пеш меоянд, ки боиси нигарони ҳастанд. Аз ҷумла чунин падидаҳо: хурофоту таасуби динӣ, тақлидҳои беасосу бегонапарастӣ, боиси нигаронии аҳли ҷомеа мешаванд.

Мо имрӯз дар боби ифроту ифротгароӣ хеле зиёд сухан мегӯем.

Аслан мафҳуми « Ифрот» ё «Ифротгароӣ» маънои воқеиятро нодида гирифтан аст. Яъне ифротгароён намехоҳанд, ки ин ҳама пешрафт, дастоварду коёбиҳои миллати тоҷикро эътироф кунанд. Пас, хурофоту бегонапарастӣ, тақлидҳои беасоси бархе аз ашхоси аз маърифат дур худ заминаи ба вуҷуд омадани ифрот аст.

Имрӯз мутаасифона ҳастанд ашхоси камхираду маърифати пастдоштае, ки бо амалҳои носози худ ҷомеаро доғдор месозанд. Барои мисол, занону модарони тоҷик аз таърихи гузашта бо либоси миллии тоҷикӣ аз ҷумла: сатину адрас, чакан ва дигар гулдузиҳои тоҷикӣ ифтихори миллати худро муарифӣ мекунанд. Адрасу чакани тоҷикро на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар кишварҳои бузурги Аврупою Осиё ҳамчун арзиши волои як миллати таърихи мешиносанд ва онро эътироф мекунанд.

Имрӯз ҳатто дар гушаҳои тарғиботии марказҳои шаҳрҳои калони кишвари Аврупо Адрасу Чакани тоҷикӣ, ҳамчун осори бузурги фарҳангии миллати тоҷик мавриди тамошо мебошад. Ҳар як тоҷик аз ин бояд ифтихор дошта бошад. Имрӯз ҳар як сайёҳ, ё меҳмоне, ки аз хориҷ ба Тоҷикистон меояд, ҳангоми баргаштан бо худ ё либоси чакан, ё ки тоқии чаканро ба сифати як туҳфаи гаронбаҳо ба Ватанаш мебарад. Зарур аст, ки ҳар як фарди миллатдӯст аз ин ҳолат ифтихори бузург дошта бошад.

Пас, он ашхосе, ки имрӯз ба либоси бегона майл дорад, ё тақлиди кур-курона ба либоси бегонаро дорад, чаро? Арзишҳои милли хешро қадр намекунад, ё ин ки ӯ худро чи гуна меросбари ниёгони хеш медонад? Ба ин саволҳо ҷавобҳо мухталифанд. Мисол: либоси сиёҳ ба бар кардан ё бо матои сиёҳ пушонидани сару рӯй асосе дорад? Аз гузашта то имрӯз дар фарҳанги аксари халқу миллатҳо, бахусус фарҳанги либоспӯши, либоси сиёҳро танҳо ҳамон рӯзе ба бар мекарданд, ки агар мусибатеро аз сар гузаронида бошанд. Аммо ин амал ҳам на дар ҳама халқу миллатҳо дида мешавад. Ба фикри мо ин танҳо тақлиди беасосе ҳаст, ки аз сатҳи пасти маърифатнокии ашхоси алоҳида бар меояд.

Аз дигар тараф аксари онҳое, ки ба ин амал даст мезананд, танҳо ба хотири худнамоӣ ё ин ки зоҳирпарастӣ онро иҷро мекнанд. Ҳатто онҳо дарк карда наметавонанд, ки худро аз дигарон зиёд нишон додан ё боақл муарифи кардан ин нишонаи на ин ки бо маърифат буданашон аст, балки амалҳои онҳо маърифати пасти онҳоро ошкор месозад.

Чунки зоҳирпарастӣ инсонро ҳамчун инсони комил ба ҷомеа муаррифи карда наметавонад. Балки ҳар як инсон бо ботини худ, қалбу амали некаш аз ҷониби дигарон эътироф мешавад.

Ман чунин фикр дорам, ки либоси бегонае, ки мавриди истифодае бархе аз шаҳрвандон қарор мегирад, ин танҳо тарғибу ташвиқи фарҳанги бегона аст.

Пас, моро азрур аст, ки аз ин падидаҳои носоз дур бошем ва нагузорем, ки арзишҳои миллии мо тоҷикон халалдор ва поймол шаванд.

Яке аз масъалаи хеле нигарони кунанда дар ҷомеа, ки имруз моро ба истироб меорад ин хурофоту таасуби дини мебошад.

Бояд зикр кард, ки таърих гувоҳ аст, ҳар қавму миллате, ки дар рафтори он нишона аз ҷаҳолату хурофотпарасти ҷой дорад, ин миллат аз зиндагии бо саодат маҳрум мешавад. Ин ҳолататро дар мисоле чандин кишварҳои ҷаҳон мушоҳида кардан мумкин аст, ки ҷаҳолату хурофот фарҳанги ин милллатҳоро ба нести овардааст.

Бинобар ин мардуми мо бояд аз ин омилҳои ба давлату миллат, хатар эҷод кунада огоҳ бошанд ва фирефтаи душманони дину оин ва миллату мазҳаби худ нашаванд.

Чуноне, ки Пешвои муаззами миллат ҳамеша таъкид мекнанд «Хурофот ин ҷаҳолат аст, ҷаҳолат барои миллаттанҳо бадбахтӣ меорад».

Аз ин хотир мо бояд ҳамагон барои пешрафти ҷумҳурии азизамон ҳарчи бештар ру ба илму маърифат биёрем, чунки омили наҷотбахши инсоният танҳо дониш андохтан ва рӯ ба илму маърифат овардани насли наврасу ҷавонони кишвар аст.

Талаботи замон ва тақозои рушди имрӯзи ҷомеа аз он иборат аст, ки мо сатҳи маърифатнокии мардуми худро боло бардорем технологияи муосирро аз худ кунем, мутаххасисони баландпояро омода созем, то ин ки онҳо дар бозори меҳнат, ҳам дар дохил ва ҳам берен аз он рақобатпазир бошанд. Мо бояд талош ба он дошта бошем, ки давлати тозаистиқлоли мо бо пешрафту рушди соҳавӣ дар шафати давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон қарор дошта бошад. Масъулияти ҳар яки мо дар ин марҳила, но вобаста аз мавқеи ишғол кардаамон бештар мегардад.

Мо зарур мешуморем, ки имруз дар якҷоягӣ, сарҷамона муқобили ҳама гуна хурофот, бегонапастию тақлидҳои беасоси ҷойдошта мубориза барем. То ин ки ҷомеаи Тоҷикистон аз ин падидаҳои носозгор барои ҷомеа ҳифз шуда бошад.

Муовини директори МДТ «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.» оид ба корҳои тарбиявӣ

Хушвахтзода Гулангез Ҳиматали

Возможно, это изображение 1 человек и отдел новостей
Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.