ОСОРХОНА- ТАЪРИХИ ДУРАХШОНИ МИЛЛАТ

0 5

Санаи 22- ноябри соли 2024 гурӯҳи донишҷӯёни бахши якуми «Кори табобатӣ» бо роҳбарии омӯзгори фанни «Таърихи халқи тоҷик» Давлатова Сайлонбӣ аз осорхонаҳои шаҳри Кӯлоб дидан намуданд. Ҳангоми тамошо аз осорхонаи мутафаккир Мирсаид Алии Ҳамадонӣ, осорхонаи шоири халқ Сайдалӣ Вализода ва осорхонаи «2700-солагии шаҳри Кӯлоб» донишҷӯён аз таъриху фарҳанги кӯҳани Хатлонзамин бархӯрдор гардиданд. Дар осорхонаи Мирсаид Алии Ҳамадонӣ донишҷӯён оид ба зиндагиномаи ин шахсияти бузург маълумоти пурра гирифтанд. Аз осорхонаи «2700-солагии шаҳри Кӯлоб», ки дар он ҷо маълумотҳои зиёде дар бораи зиндагии мардумони давраҳои қадим, миёна ва асрҳои XVIII-XX ҷамъ оварда шуда буд, тавонистанд баҳравар гарданд. Бояд қайд намуд, ки донишҷӯён аз дидани чунин осорхонаҳои таърихӣ ба худ ѓизои маънавӣ гирифта, аз рӯзгори бузургон ва таърихи гузаштаи аҷдодони миллати хеш бохабар гардиданд. Метавон гуфт, ки донишҷӯён ин мушоҳидаҳои кардаи хешро ба дигар ҳамсабақонашон нақл карда, дар зеҳни онҳо таассурот мебахшанд.

Мо омӯзгорони фанни таърих сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллатро дастгирӣ намуда, дар оянда низ кӯшиш менамоем, ки донишҷӯёнро дар омӯхтани фанни таърих ва дар рӯҳияи Ватандӯстию хештаншиносӣ тарбия намудани онҳо саҳмгузор бошем. Онҳоро дар роҳи дӯст доштан ва ҳифз намудани фарҳанги миллӣ ва муқаддасоти миллӣ сафарбар намоем.

Давлатова Сайлонбӣ.

Сардори шуъбаи илмӣ-методӣ

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.