РОҲБАРИ ГУРӮҲ (КУРАТОР) – ДАР МЕҲВАРИ КОРИ ТАРБИЯВӢ

0 3

       Ҷавонони мо ҳамеша бояд ҳисси баланди миллӣ дошта бошанд, бо Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳангӣ миллии хеш ифтихор намоянд ва барои ҳимояи онҳо ҳамеша омода ва ҳушёру зирак бошанд.

                                                                                          Эмомалӣ Раҳмон

 

     Воқеан, дар ҳар як ҷомеа муррабӣ, дар тарбия ва камол ёфтани шахсият, нақши устувор дошта, ӯ ҳамчун ҳидояткунанда, роҳбар, устод муаррифӣ мешавад.

     Дар зери мафҳуми «Мураббӣ» маъниҳои зиёде ифода мешаванд, ки дар коргузории имрӯза хеле васеъ истифода мешаванд.

Масалан: дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва макотиби олии кишвар калимаи «Куратор» бештар истифода мешавад, ки маънои мураббиро дорад.

    Бо ин хотир дар муассисаҳои мазкур, нақш ва мақоми кураторони гурӯҳҳои таълимӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва донишгоҳҳо, ки ба тарбия нигаронида шудааст, дар бисёр маврид нақши калиди дорад.

    Дар марҳилаи имрӯзи фаъолият, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, кураторони гурӯҳҳои таълимӣ на танҳо ба кори тарбия, балки ба раванди таълиму тадриси донишҷӯён роҳбари мекунанд.

     Бо маврид аст, ки масъулини корҳои тарбиявӣ, дар муассисаҳо ба ҳайси куратор, шахсони бо таҷрибаё соҳибмаърифат, таҷрибаи ҳаёти дошта ва дорои сифатҳои волои шахсиро интихоб намоянд. Чунки таҷрибаҳо соҳиб месозанд, ки шогирдон ва тарбиятгирандагон ба куратороне, ки дорои чунин сифатҳо ҳастанд, хеле зуд унс гирифта дар симои онҳо омӯзгоре ғамхору меҳрубон ва ҳатто волидайни худро эҳсос мекунанд.

      Хеле хуб мешуд, ки ҳангоми таҳияи «Роҳнамо» хусусиятҳои хоси гурӯҳҳои таълимӣ ба инобат гирифта шавад. Чунки ҳар як гурӯҳи таълимӣ хусусиятҳои хоси худро дорад.

       Барои мисол: гурӯҳҳои таълимие ҳастанд, ки бештар ба кори тарбиявӣ ниёз дорад, дигар гурӯҳ ба кӯмак дар раванди таълим.

       Бинобар ин зарур аст, ки куратор фаъолияти худро вобаста ба эҳтиёҷоту талаботи гурӯҳи таълимӣ ба нақша гирад ва онро амали созад.

       Яъне лозим нест, ки барои ду ё се гурӯҳи таълимии соли аввали таҳсил (курсҳои 1) нақшаи якқолабаи тарбиявиро тавсия кунем. Аз дигар тараф ҳар сол вобаста ба талабот ва қабули санадҳои нави меъёрӣ-ҳуқуқӣ мазмуни кори тарбиявӣ таъғир меёбад.

      Вобаста ба ин талаботҳо кураторони гурӯҳҳои таълимӣ бояд хеле эҷодкорона амал кунанд.

      Корҳои тарбиявӣ бо гурӯҳи таълимӣ танҳо бо ташкилу гузаронидани соатҳои тарбиявӣ ба охир намерасад.

       Кураторони гурӯҳҳои таълимӣ бояд, корҳои тарбиявиро тавре ба роҳ монанд, ки таъсиргузор бошанд.

       Кураторон бояд донанд, ки ғайр аз соати тарбиявӣ дигар тамоми шаклҳои кори тарбиявӣ берун аз ҷадвали дарсӣ гузаронида мешаванд.

       Ба зиммаи роҳбари гурӯҳи таълимӣ ташкили дурусти ҳаёт, ташаккул ва тарбияи коллективии гурӯҳи таълимӣ, ғамхори дар бораи инкишофи ҳаматарафаи донишҷӯён, тарбияи ҳисси ватандустӣ ва инсонпарварӣ, тарбияи меҳнатӣ  ва зебопарастӣ, ғамхорӣ дар бораи баланд бардоштани сифати дониш ва интизоми донишҷӯён гузошта шудааст.

      Куратори гурӯҳи таълимӣ ҳамчун масъули ин корҳо бояд аз худ ташаббус нишон дода, вобаста ба масъалаҳои мазкур шаклҳои чорабиниҳоро дар сатҳи баланд ташкил намояд.

      Вазифаҳои тарбиявии кураторон пеш аз ҳама амалӣ намудани дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, дар бораи тарбияи ҷавонон, ки дар асарҳои пурғанобати ӯ «Ватани худро дӯст доред, қадр кунед ва ҳифз намоед». «Қонуни миллӣ кафолати зиндагии шоиста»,  суханрониҳои Пешвои миллат ҳангоми ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз баромаду вохуриҳо бо ҷавонони кишвар нигаронида шуда бошад.

      Куратор дар раванди корҳои тарбиявӣ бояд ҳама паҳлуҳои ҳаёти ҷавонон, хислату сифатҳои шоиста, ахлоқи нек, рафтору кирдори намунавӣ, муносибату муоширати накӯ, ватанпарварию инсондӯстӣ, ҳаёти солиму хирадмандона ва дигар паҳлуҳоро фаро гирад.

       Куратор бояд дар ташаккули арзишҳои ахлоқиву маънавии ҷавонон нақши калиди дошта бошад, то ин ки ҳар як донишҷӯ дар назди Ватан ва сарнавишти он, ҳифзи арзишҳои миллию фарҳангӣ, масъулияти хос эҳсос намуда, барои иҷрои қарзи фарзандии худ ҳамеша омода бошанд.

         Баъдан вазифаи дигари тарбиявии куратор, инчунин аз тарбия намудани худшиносии миллӣ ва ҳимояи арзишҳои миллию умумибашарӣ, аз муаррифи намудани афкори безаволи халқи тоҷик, ҳамчун воситаи тавонои афзун намудани арзиши ҳусни баланду гаронбаҳои  илмӣ ва маърифатию фарҳангии ниёгон хизмат намояд.

         Хулоса, муқаддастарин вазифаҳои тарбиявии куратор аз таъмин намудани таълиму тарбияи ҷавонони соҳибмаърифат, бо нангу номус, ватандӯсту инсонпарвар, дорои ахлоқу одоби ҳамида ва ҳунарманду соҳиб касб иборат аст.

     Дар хулосаи ин андешаҳо, ҳаминро бояд гуфт, ки куратор – роҳбар -мураббӣ дар шароити имрӯза масъулияташ бештар боло рафта, тарбияи насли ҷавони ҳаматарафа инкишофёфта, соҳибмаърифат, ватандӯст, дорои сифатҳои беҳтарини инсонӣ, арҷгузори арзишҳои болои ниёгон, содиқ ба халқу Ватан, яке аз бузургтарин ва муқаддастарин вазифаҳо ба шумор мераванд.

Омӯзгори кафедраи

 «Фанҳои гуманитарӣ»                    К. Абдураҳмонов

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.