Аз ин ҷиҳат, Рӯзи Парчами давлатӣ, ки ҳамасола санаи 24-уми ноябр ҷашн гирифта мешавад, ҳамчун Рӯзи Истиқлолият, Иди Забон, Рӯзи қабули Конститутсия ва Рӯзи Президент аз ҷумлаи иду ҷашнвораҳои даврони соҳибистиқлолӣ буда, гувоҳи барҷастаи эҳтирому арҷгузории мардуми шарифи Тоҷикистон ба рамзҳои давлатӣ ва муқаддасоти миллӣ ба шумор меравад.
Парчами миллӣ рамзи соҳибдавлатӣ, шуҷоату матонат, нангу номус, иқтидору иттиҳод, иродаи қавӣ ва рӯҳи матини мардуми тоҷик мебошад. Тавре ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: “Имрӯз барои миллати соҳибтамаддуни тоҷик парчам сарчашмаи нерӯву тавонмандӣ дар роҳи созандагиву бунёдкорӣ ва сармояи ғуруру ифтихори миллӣ мебошад. Яъне Парчами давлатӣ сокинони кишвари моро дар майдони ободониву созандагии Ватан муттаҳид намуда, ҳисси миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва худшиносиву худогоҳии онҳоро тавсеаву тақвият мебахшад. Маҳз бо парафшонии ин рамзи муқаддас мо ҳоло пояҳои давлати соҳибистиқлоламонро таҳким бахшида, барои ба як мулки ободу пешрафта табдил додани Тоҷикистони маҳбубамон саъю талош карда истодаем”. Парафшонии парчами миллӣ ба ҳисси худшиносӣ ва ҳувияти миллии ҳар кадоми мову шумо вобаста аст. Агар мо ҷасорат дорем, зиракии сиёсӣ ва бедории миллӣ дорем, агар мо аз оромиву осудагии падару модар ва хонадонамон меандешем, пас мо омодаем, ки дар ҳифзи ин марзу буми аҷдодӣ ва ҷилваи парчами давлатӣ ҷонамонро фидо кунем. Ҳамин аст моҳияти ниҳоиии худшиносии миллӣ ва дӯст доштан Ватан – Модар! Ҳамаи мо шаҳрвандони ин диёро зарур аст, ки нисбат ба ҳар фарди миллати тоҷик меҳрубону дар ифоқа бошем, то ваҳдату сулҳ дар Тоҷикистони азиз поянда бошад ва ба ин васила саодати рӯзгор моро ёру мададгор гардад.
Бо ибтикори Президенти мамлакат 24-ноябр рӯзи парчами давлати эълон гардид ва ин рӯзи муборак минбаъд ҳамасола бошукуҳу тантана таҷлил хоҳад гашт ин рӯз собитгари ифтихору эҳтироми мо нисбат ба муқаддасоти давлат аз ҷумла парчами давлатист. Парчаме, ки ҳастии давлати моро ифтихори миллии моро ифода мекунад, парчаме, ки гувоҳи барҷастаи истиқлолияти давлатии мо таҷассумгари ғурури миллӣ ва ору номуси ватандории мост. Оре парчами давлатӣ аз муҳимтарин муқаддасоти давлати мост. Чӣ қадар лаҳзаҳои муассиру ҳаяҷонбахш ва низ пурифтихор буданд лаҳзаҳое, ки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон баҳри садоқат ба халқу ватан, хидмати фидокорона ба мардум қасам ёд карда сари таъзим ба парчами далати фуруд овард ва бо камоли эҳтирому эътиқод гӯшаи онро бибӯсиду ба чашм молид.
Аз ҷумлаи муқаддасоти миллии мо Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар маркази он тасвири Дирафши Ковиён иъикос ёфта, он рамзи пойдорӣ ва бардавомии давлатдории миллӣ мебошад. Шери болдор, ки дар маркази Дирафши Ковиён ҷойгир шудааст рамзи қудрат, нерумандӣ ва шукуҳи давлат буда, он дар рӯи осмони кабуд инъикос ёфтааст. Тоҷ ва ҳафт ситора ифодагари асосии Нишони давлатии кишвар буда дар қисмати болоии чӯбдасти Ливо лавҳаи заррин бо ному насаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо зикри муҳлати салоҳияти конститутсионии ӯ ҳаккокӣ шудааст. Нӯги ҷӯбдасти Ливо шакли гунбази зариинро дорад.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои риоя накардани эҳтироми он ҷавобгарӣ муайян намудааст. Дар он таҳқири рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳар шакле ки набошад манъ карда шудааст.
Хулоса, Парчам давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рамзҳои асосии муқаддасоти миллӣ ба шумор меравад. Бо дидани парчам ифтихори ватандорӣ ва масъулияти хар як шаҳрванд дар назди Ватан боло мегирад.
Парчам Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи ҳаёти осоишт, меҳнатдӯстӣ, бахту иқболи сафед, умед ба ояндаи фардо ва лоиқи эҳтироми ҳар як шахс мебошад.
Миллати тоҷик дорои фарҳанги қадимаи давлатдорӣ буда, дар гузаштаи таърих борҳо давлатҳои бузургӣ худро бо тамоми рукнҳояш арзи ҳасӣ бахшидааст, ки Дирафши Ковиён ҳамчун яке аз рамзҳои давлатӣ дар ин миён нақш ва мавқеи хосса дошт ва он дар ливои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ҳамчун рамзи пойдорӣ ва бардавомии давлати миллии мо тасвир ёфтааст.