ПАРЧАМ РАМЗИ ДАВЛАТДОРӢ ВА ХЕШТАНШИНОСӢ 0 16 Мубодила кардан Чист парчам ифтихори миллат аст, Чист парчам иқтидори миллат аст. Дар раванди давлатдории мо тоҷикон парчам ҳамчун рамзи қудрат, иттиҳод, ҳамбастагии миллӣ ва озодиро инъикос менамояд. Парчам ва парчамдори сунати деринаи аҷдодони мо тоҷикон мебошад. Оинни парчамдории мо тоҷикон аз парчами Коваи оҳангар то парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол мерасанд. Моҳияти парчами Коваи оҳангар ин муборизаи адолат бар зидди ноадолатӣ буд ва ин парчам рамзи муттаҳидкунандаи мардум дониста мешуд. Куҳантарин намоди кишвардории тоҷикон парчаме бо номи «Дирафши Ковиёнӣ» будааст, ки онро «Ахтари Ковиёнӣ» низ хондаанд. Ин парчам то замони истилои араб мавҷудият дошт. Ҳануз аз давраҳои бостон мардуми тоҷик ба парчам ҳамчун рамзи давлатдориву ватандорӣ, нангу номус, ифтихору шараф, шуҷоату мардонагӣ ва чун муқаддасоти миллӣ арҷгузорӣ менамуданд. Парчам дар тамоми раванди таърихӣ як рукни муҳими давлатдорӣ буда, ҳамеша ашхоси муайян онро муҳофизат мекарданд. Дар майдонҳои ҷанг онро чун рамзи қудрат ба майдон мебароварданд, ин амал нишон аз мақоми парчам дар давраҳои таърих мебошад. Хушбахтона баъди ба истиқлолият расидани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар санаи 24–ноябри 1992 дар иҷлосия 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии парчами давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи муқаддасоти миллӣ аз ҷониби вакилони Шурои Оли тасдиқ гардидааст. Президенти кишвар, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон бо нишона аз эҳтиром ва садоқат бо фармони худ аз санаи 24 ноябрро ҳамчун рӯзи Парчами давлати эълон карданд. 24 ноябри соли 2009 бори аввал дар Тоҷикистон «Рӯзи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷашн гирифта шуд. Дар шаҳри Душанбе дар ин рӯз бо ташаббуси Ҳукумати шаҳр аз хиёбони марказии пойтахт парчами дарозиаш 1500 метр ва бараш 7 метр гузаронида шуд. Дар вилояту ноҳияҳо ва муассисаҳои давлатӣ парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон барафрохта шуда таҷлили Рӯзи парчами Тоҷикистон гузаронида шуд. 30 август соли 2011 дар Душанбе парчами Тоҷикистон дар пояи махсус барафрохта шуд. Баландии он 165 метр аст ва баландтарин пояи парчами давлатӣ дар тамоми ҷаҳон дар замони худ буд ва он ба китоби рекорди Гиннес сабт шудааст. Тавре, ки Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомали Раҳмон дар Паёми телевизионии худ ба муносибати Рӯзи парчам аз 23 ноябри соли 2010 рангҳои парчами миллиро «Ифодагари роҳи таърихии халқи Тоҷикистон ва баёнгари арзишҳои фарҳанги миллӣ ва сиёсӣ» донистааст. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми давлатдорӣ мақоми хос дошта, оғози чорабиниҳои муҳими давлатӣ бо барафрохтанӣ парчами давлатӣ оғоз мешавад. Бо истифода аз имконият куллӣ ҳамватанонро ба ин санаи фараҳбахш,-24 ноябр рӯзи Парчами давлатӣ, муарифгари давлати соҳибистиқлоли тоҷикон табрику таҳният гуфта, осмони соф, сулҳу субот, амнияту оромӣ ва гулгулшукуфии Ватани азизро орзумандам. Парчами миллӣ-ҳамчун рамзи давлатдорӣ, ифтихору сарбаландӣ ва нангу номуси миллат дар фазои осоиштаи кишварамон то абад парафшон ва илҳомбахши раванди созандагиву ободии Ватани маҳбубамон -Тоҷикистон бошад. Сироҷов Файзали. Мудири бахши таҷрибаомузии МДТ «Коллељи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз» 0 16 Мубодила кардан