НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ДАР БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАҚОМ ВА МАРТАБАИ ЗАНОН ДАР ҶОМЕА 0 24 Мубодила кардан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз паёмҳои табрикиашон ба муносибати Рӯзи Модар иброз доштанд, ки «Заҳматҳои беназири зан – модар дар ҳаққи фарзанд, инчунин ба хотири ободиву оромии мамлакат моро водор месозанд, ки қадру қимат ва ҳурмату эҳтироми ӯро ҳамеша ба ҷо орем ва барои ӯ шароити мусоид омода кунем, то дар баробари фаъолияти созандааш фарзандони солиму соҳибмаърифат тарбия намояд». Ҳукумати Тоҷикистон давоми солҳои охир як зумра санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба тасвиб расонид, ки ҳамаи онҳо, пеш аз ҳама, барои таъмини зиндагии осуда ва баланд бардоштани мақому манзалати зан – модар дар ҷомеа нигаронида шудаанд. Воқеан ҳам, ба касе пӯшида нест, ки маҳз дар замони соҳибистиқлолии мамлакат бо ҳидоятҳои бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа тадбирҳои судманд андешида шуданд. Дар ин давра барои ҷалби бештари онҳо ба ҳаёти сиёсӣ, фарҳангӣ ва иқтисодӣ заминаи мусоид фароҳам омад. Аз ҷумла, давоми солҳои соҳибистиқлолӣ беш аз 20 санади муҳими давлатӣ оид ба масъалаҳои занон қабул карда шуд. Аз ҷумла, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2001 дар бораи Барномаи давлатии «Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001-2010», «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020» аз соли 2010 ва ғайраҳо. Бори дигар таъкид менамоям, ки маҳз бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ дар ҳаёти занони тоҷик такони ҷиддӣ ба амал омада, онҳоро баҳри расидан ба мақсадҳои наҷиб рӯҳбаланд намуд. Дастоварди бузургтарини бонувон дар замони соҳибистиқлолӣ- ин таъсис ёфтани Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад, ки ваколатдори соҳаи кор бо занон дар мамлакат мебошад. Дар ин радиф гумон мекунам, ки фаъолияти Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе низ назаррас аст. Аз ҷониби кормандони Раёсати мазкур барои баргузории чорабиниҳои дорои хусусияти гуногун бо ҷалби бонувон ва занони хонанишин ва ба ҳаёти мустақилона омода намудани ҷавондухтарон корҳои зиёде анҷом ёфтаанд. Бояд таъкид намоям, ки Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар пайравӣ ба Пешвои миллат ҳамеша баҳри баланд бардоштани манзалати занону духтарон кӯшиш менамоянд. Чанд рӯз пеш, барои дастгирии молии кормандони раёсатҳои истифодаи роҳҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе, ки аксаран бонувонанд, аз ҳисоби маблағҳои барои шаҳри пойтахт пешбинигардида 4 миллиону 719 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид. Ин далели ба қадри меҳнати ин бонувон расидан аст, ки дар поккории пойтахт саҳми назаррас доранд. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат зикр кард, ки дар давраи душвори муқовимат, занони тоҷик бе тарсу дудилагӣ байни ҷонибҳои мухолифин истода, бо маслиҳати оқилона худ, насиҳатҳои пандомез аксар вақт ба паст кардани шиддатнокии эҳсосот кумак мекарданд. Чунин ҳолатҳо бисёр буданд. Сипас ҳангоми оғози гуфтушуниди қувваҳои ҳукуматӣ бо мухолифин, ки ҳазорҳо километр дур аз ватан баргузор мегаштанд, занони тоҷик бо муроҷиатҳо, барқия ва паёмҳои худ иштирокдорони музокиротро дастгирӣ намуда, онҳоро барои барпо намудани сулҳ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ даъват менамуданд. Занон ва модарони кишвар дар солҳои ҷанги шаҳрвандии 1992-1997 бадтарин рӯзҳоро аз сар гузарониданд. Дар ин давра, 25000 занон шавҳарони худро аз даст додаанд, 55 000 кўдакон ятим монданд, беш аз 100 000 нафар ҷони худро аз даст доданд, зарари моддии кишвар қариб 10 млрд. доллари ИМА ташкил кард. Ҳамаи ин ҳолат ба рўҳу равони аҳолӣ, махсусан занон зарари ҷиддӣ расонид. Бо вуҷуди ин, занон ва модарони мо, сарфи назар аз талафоти бузург, зарбаи тақдирро босаброна таҳаммул карда, дар қатори мардон барои пойдор намудани сулҳу субот дар кишвар сарбаландона мубориза бурданд. Бояд таъкид намуд, ки барои барқарорсозии сулҳу субот дар Тоҷикистон Комиссияи оштии миллӣ иборат аз 25 нафар аъзои ҳукумат ва мухолифин таъсис дода шуд, ки дар он ягона зан-Бозгул Додхудоева, муовини сарвазир иштирок кард. Дар хотироти худ, Б.Додхудоева қайд мекунад, ки дар баробари ӯ дар барқарор намудани дӯстии байни тоҷикон дигар занони фаъол ҳам ба монанди: Гулафзо Савриддинова, Рафиқа Мусоева, Надежда Соловева, Саёҳат Неъматова, Низорамоҳ Зарифова, Ибодат Раҳимова, Махфират Каримова, Ҳусноро Мирзоева, Вилоят Мирзоева, Майсара Калонова, Адолат Раҳмонова, Адолат Узоқова, Қиматгул Рустамова саҳми беандоза гузоштанд. Онҳо асосан дар байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, дар бораи муҳимияти сулҳ дар ҷомеа вохўрӣ ва суҳбатҳо мекарданд. Бояд тазаккур дод, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ аз 22 декабри соли 2017 баҳри беҳдошти вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ, фарҳангиву маънавӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии зан дар ҷомеа, иштироки фаъолона дар идоракунии давлат, омода кардани кадрҳои боистеъдод аз ҳисоби духтарони болаёқат, таъмини сиҳатии генофонди миллӣ ва фаъол гардонии мақоми зан дар таҳкими асосҳои ахлоқии ҷомеа Ҳукуматро вазифадор сохтанд, ки дар давоми соли 2018 110 ҳазор ҷойи кори доимӣ, бахусус барои занону ҷавонон таъсис дода шавад. Бо мақсади таъмини иҷрои стратегияи давлатӣ ва нақшаи миллии амалҳо дар ин самт аз ҷониби мақомотҳои идоракуниии давлатӣ тадбирҳои самарабахш амалӣ шуда истодаанд. Шумораи занон дар идоракунии давлатӣ, алалхусус дар низоми судҳои иқтисодии Чумҳурӣ беш аз пеш меафзояд. Чунончи имрӯз аз шумораи умумии кормандони судњои иқтисодии Ҷумҳурӣ 25%-ро бо назардошти ҳайати роҳбарикунанда занон ташкил медиҳанд. Дар тӯли 33 сол кишвари мо таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат дар роҳи бунёди ҷомеаи мустақили демократӣ қадамҳои устувор гузошт ва тавонист бо барқарор намудани муносибатҳои судманд бо кишварҳои дунё мавқеи сиёсии худро дар арсаи ҷаҳонӣ мустаҳкам гардонад. Истиқлолият барои зани тоҷик шароити хубе фароҳам овард, то илму дониш омӯзаду сазовори зиндагии арзанда гардад. Ташаббус ва талошҳои сиёсати хирадмандонаи Президенти кишвар имкон дод, то мо – бонувони тоҷик имрӯзҳо озод кору фаъолият барему ба дастовардҳо ноил гардем. Соли 2018 аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудааст. Бояд тазаккур дод, ки ин иқдом имкониятҳои васеи ба амалбарорӣ ва эҳёи ҳунарҳои аҷдодии аз қадимулайём ба зани чирадасти тоҷик табиатан хосро таъмин намуд, ки бо як қатор барномаҳои давлатӣ мавриди дастгирӣ гардида, ҳазорон занон ба марказҳои касбомӯзӣ ҷалб шуда, соҳиби ҷои кору даромад гаштаанд, ки бевосита ин иқдом ба вазъи мусбии иқтисодии ҳар як оила аз шарофати истиқлолият дарак медиҳад. Аз ин рӯ, мо занон ва ҷавондухтарон бо ҳисси баланди миллӣ, ватанпарастӣ, худогоҳӣ ва худшиносӣ аз истиқлолияти давлатӣ шукрона карда, ҷавобан ба ғамхории Пешвои муаззами миллат тарбияи фарзандони солиму равшанфикр, пос доштани анъанаҳои дурусти миллӣ, иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ, риояи қонуният ва адолати иҷтимоиро баҳри ояндаи дурахшони Точикистони азизамон вазифаи ҷонии худ қарор медиҳем. Аз қабули Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми декабри соли 1999 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» ва рӯи кор омадани барномаву стратегияҳои миллӣ сол аз сол барои бонувон имкониятҳои бештар фароҳам гардида, нуфуси занону духтарон дар соҳаҳои мухталифи ҷомеа афзуда истодааст. Агар дар соли 1991 аз 95 ҳазор нафар кормандони соҳаи маориф 52 дарсадро занону духтарон ташкил медоданд, пас, ин нишондод дар соли 2018 ба 70 фоиз расонида шудааст. Ҳамчунин, дар соҳаи тандурустӣ шумораи бонувони корманд аз 25 ҳазор нафар ба 51 ҳазор расидааст. Ҳузури чашмраси бонувон дар вазифаҳои роҳбарикунандаи Дастгоҳи иҷроияи Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату Кумитаҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояту шаҳру ноҳияҳо ва соҳаи илму дигар сохторҳои кишвар аз натиҷаҳои судманди иҷроиши Қонуну Фармонҳо ва дигар санадҳои меъёрии вобаста ба баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа дарак медиҳад. Бинобар гуфтаи вакили Маҷлиси намояндагони МО ҶТ, Фирӯза Шарифӣ, Тоҷикистон аз ҷумлаи аввалин давлатҳое мебошад, ки баъди пошхӯрии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, мавқеи занонро дар ҷомеа ба пояи сиёсати давлатӣ ва гузашта аз ин, ба як рукни таркибии сиёсати давлатӣ гузоштааст. Зеро, аз рӯзҳои аввали таҳкими пояҳои давлатдорӣ Пешвои муаззами миллат ба масъалаи мақоми зан дар ҷомеа таваҷҷуҳи беандоза дошта, ҷиҳати таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардону занон ва дар ин ҷода зарур будани қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дастуру супоришҳои мушаххас додаанд. Абдураҳмонова Г.Н. Раиси шурои занон ва духтарони МДТ «Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.» 0 24 Мубодила кардан