МАЪРИФАТИ ҲУКУКИ ҲАМЧУН ПАДИДАИ НОДИР ВА БЕБАҲО

0 0

    Дар замони муосир яке аз шартҳои асосии эъмори ҷомеаи ҳукукбунёду демократӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ин баланд бардоштани маърифати ҳукукии аҳолӣ маҳсуб мешавад,  ки сарчашма мегирад аз тағироти кулли дар ҳаёти рузмарра бавуҷудомада.  Арҷгузории муқуддасот, такмили қонунгузорӣ ва  ҳамзамон беҳтар намудани тафаккури шаҳрвандон мебошад.

    Асосгузори сулҳу ваҳдати милли –пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми солонаи худ ба маҷлиси Олии кишвар “Дар бораи самтҳои асосии сиесати дохилӣ ва хоричии Ҷумҳурӣ” бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши ҳуқуқӣ ва маърифати шаҳрвандӣ, инчунин ба муносибати 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024-ро “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон намуданд, ки  қобили дастгирии аҳли ҷомеаи кишвар гардид.  Маърифати ҳӯкуқӣ сатҳи таърихан муайяншудаи инкишофи ҷомеа буда, қувваи эъҷодӣ ва қобилияти инсон, муносибати байниҳамдигарии аҳли ҷомеаро дар арзишҳои моддӣ ва маънавии эъҷодшуда баён менамояд. Ин падида бештар дар осори ниёгони мо баён гардида, наврасону ҷавононро дар руҳияи эҳтиром гузоштан ба арзишҳои милли ва суннатӣ  муқаддас нигоҳ доштани марзу буми ватани азизамон ҳидоят мекунад.  Мусаллам аст, ки тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон кори осон набуда, шахси аз ҷиҳати  ҳукукӣ бомараърифатро наметавон дар як сол таёр намуд. Ин усул дар робита бо муносибатҳои оилавӣ,  мактабу маориф иштироки фаъолонаи аҳли ҷомеаи  метавонад  самараи нек ба бор оварад. Бояд тазаккур дод, ки меҳвари сиёсати ҳукукии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши олии будани ҳукуку озодии инсонҳ ва ҳифз намудани онҳо, гуногунандешии сиёсӣ, баробарии шааклҳои гуногуни молдикият ташкил дода, он дар ҷумҳурӣ ба коҳиш додани таъсири манфии ҷаҳонишавӣ, муқовимат бо хатарҳо ва таҳдидҳои ҷаҳонӣ (терроризм ва эктремизм, ришваситонӣ ба дигар падидаҳои номатлуби ҷомеа) ҳифзи фазои иттилоотии кишвар аз хатархои иттилоотии ҷаҳони муосир равона карда мешавад. Дар ин маврид шаҳрвандон ҷиҳати ҳалли мушкилотҳои худ, ки ба донистани меъерҳои қонунгузорӣ рабт доранд, агар оқилона аз иттилооти муҳими ҳукукӣ баҳраҷӯи  намоянд қазияи мавҷуда бартараф гардида, ба онҳо оқибати ҳуқукии манфӣ намеорад. Дар ин замир амали намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем сулҳу оромӣ якдигарфаҳмӣ суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувор ва босуботи ҷомеаамонро таъмин  намоем, барои ҳар як шаҳрванди  кишвароамон шароити хубу  арзанда ва инкишофи озодонаро мухаё созем,  чун ин матн матни дарҷёфта дар ин шаҳодатномаи миллат мебошад. Ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Точикистон новобаста аз оне, ки вай шаҳванди кишвар аст бояд  Коститутсия ва қонунҳои амалкардаи ҷумҳуриро донад, ҳамзамон ҳушдор ба он аст ки маърифати ҳукукӣ низ ҳамин мазмунро дар бар мегирад. Таъмин намудани идомаи раванди демократикунонии ҳаёти ҷомеа яке аз хусусиятҳои муҳимми Конститутсия мебошад, ки ҷавҳари онҳо озодии сухан ва баланд бардоштани маърифати ҳукукии аҳолӣ ташкил медиҳад. Қонуни асосии кишвар барои таҳкими раванди демократикунонии ҷомеа ва балан бардоштани маърифати ҳукукии аҳолӣ шароити мусоит фароҳам овард. Маврид ба тазаккур аст ки маърифати ҳукукии шаҳрвандон ҳамеша зери таваҷҷуҳи роҳбарияти оллӣ қарор дорад.

 

Омузгори фанни “Ҳуқуқ”

Аламхонова Санавбар Ҷамшедовна

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.