ПАРЧАМ – САРМОЯИ ИФТИХОРИ МИЛЛӢ

0 33

Парчами  мо худ  сари  болои  миллат  гаштааст,

Қудрати озодагону  авҷи ҳиммат  гаштааст.

 

Оре, ҳар гаҳе сухан оид ба моҳияти парчам ва нақши он дар сарҷамъию муттаҳидии миллат меравад, пеш аз ҳама, ба забон овардани худи вожаи «Парчам» ба ҳамагон як ҳиссиёти гуворои бовару нангу виқору ифтихори миллӣ мебахшад, ки бешак ин таъсир аз аҳамияти парчам дар масири давлатдорӣ бармеояд. Дар ҳақиқат Парчами миллӣ рамзи соҳибдавлатӣ, шуҷоату матонат, нангу номус, иқтидору иттиҳод, иродаи қавӣ ва рӯҳи матини мардуми тоҷик мебошад. Тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: “Имрӯз барои миллати соҳибтамаддуни тоҷик парчам сарчашмаи нерӯву тавонмандӣ дар роҳи созандагиву бунёдкорӣ ва сармояи ғуруру ифтихори миллӣ мебошад».

Бале, метавон иброз намуд, ки Парчами давлат моро дар ҳарбзори ободонию созандагии Ватан муттаҳид намуда, ҳисси миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва худшиносиву худогоҳиро тавсеаву тақвият мебахшад. Бо парафшонии Парчами давлатӣ – ин рамзи муқаддас ҳама якҷоя пояҳои давлати соҳибистиқлоламонро боз ҳам таҳким бахшида, барои ба мулки ободу пешрафта табдил додани Тоҷикистон саъю талошмекунем.

Парчамдориву парчамбардорӣ ба халқи мо аз аҷдодон мерос монда, пайдоиши парчам таърихи хеле қадимӣ дорад. Агар ба рамзҳо бо назари таҳқиқ ва таҳлил нигарем, ҳар як рамз то андозае равшангари таърих, сарнавишту саргузашти қавмҳо, халқиятҳо, миллату давлат, инъикосгари фарҳангу тамаддун, орзуву ормонҳои мардуманд.

Рамзҳо хеле гуногунанд, мисли парчам, нишон, суруди миллӣ, муҳри давлатӣ ва ғайра. Дар ин миён парчам ҳамчун рамз таърихи хеле бою рангин ва қадимиро дорост. Парчам бо мурури замон ва гузашти айём ҳамчун яке аз рамзҳои асосии давлату миллат, ончунон мавқеи худро устувор кардааст ва мазмуну моҳияти муҳим касб намудааст, ки имрӯз мавҷудияти ҳеҷ як давлат, озодӣ ва истиқлоли онро бидуни парчам наметавон тасаввур намуд.

Дар таърихи қадимии рамзҳо, парчам ба рамзи пирӯзӣ ва сипас ба рамзи давлатдорӣ табдил ёфта буд. Ҳар шахсе ба қудрат мерасид, соҳиби тахту салтанат мегашт, тоҷи шоҳӣ ба сар мениҳод, парчамро азизу муқаддас медонист ва онро баланд меафрохт.

Дар таърихи тоҷикон «Дирафши Ковиён» мақоми махсус дорад. Аз ҷумла дар «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ бо номҳои «Дирафши Ковиён» ва «Ахтари Ковиён» баён гардидааст. Дирафши Ковиён дар рафти шӯриши адолатхоҳон, ки бар зидди Заҳҳок нигаронида шуда буд, тавлид шудааст. Шӯришро Коваи Оҳангар сардорӣ намуда, тахти дирафше, ки онро аз миёнбанди чарминаи худ сохта буд, идора менамуд. Зери ин парчам Фаридун хамчун меросбари қонунии шоҳони Пешдодӣ ба тахт оварда шуд, то зулмро барканор ва адолатро пойдор кунад. Бо ин мақсад Кова тавонист Фаридунро барои соҳиб шудан ба тахт раҳнамоӣ созад. Фаридун чун ба тахт нишаст, «Дирафши Ковиён»-ро муқаддас шуморид ва онро бо тилло оро дод. Илова бар ин, дар чор кунчи он акси ситораро гузошт. Чор ситораи дурахшон ливои мазкурро номи дигар бахшид ва он «Ахтари Ковиён» номгузорӣ шуд. «Дирафши Ковиён» чун анъана ва рамзи асосии давлатдорӣ ба наслҳои минбаъдаи шоҳони ин миллати бо фарҳанг интиқол ёфтааст.

Бояд зикр намуд, ки «Дирафши Ковиён» то замони мо аҳамияти таърихии худро ҳифз карда омадааст ва он дар маркази Ливои Президенти Чумҳурии Тоҷикистон дарҷ ёфтааст, ки рамзи абадӣ, бардавомии таърихии давлатдории миллии тоҷикон мебошад.

Пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравии Сотсиалистӣ дар ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодии ҷумҳуриҳои иттифоқ, аз ҷумла, Тоҷикистон марҳилаи нав оғоз ёфт. Ҷумҳуриҳои иттифоқ, давлатҳои соҳибистиқлолу озод гардиданд ва ин боис шуд, ки ҳар давлати мустақил парчами худро ҳамчун рамзи давлатдорӣ, соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти давлатӣ қабул кунад. 24-уми ноябри соли 1992 Иҷлосияи ХVI тақдирсози Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри Арбоб Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул кард ва бо ҳамин дар таърихи парчамдории тоҷикон саҳифаи нав оғоз шуд. Маҳз дар ҳамин рӯз кишвари мо соҳиби яке аз рамзҳои асосии давлати соҳибистиқлол гардид.

н.и.п., Маҳмудзода Қ.Н.

Муовини  директор  оид  ба  илм ва  муносибатҳои  байналмилалӣ педагогӣ

.

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.