ШУКУФОН БОД, АЙЁМИ ҶАВОНӢ!

0 9

   Санаи 22 майи соли ҷорӣ, дар МДТ «Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.» чорабинии сиёсӣ-фарҳангӣ, бахшида ба 23-май “Рӯзи ҷавонон” зери унвони «Шукуфон бод, айёми ҷавонӣ» дар сатҳи баланд баргузор гардид.

    Чорабиниро директори коллеҷ, доктори илмҳои тиб Азиззода Зубайдулло Абдулло оғоз намуда, ҳозиринро ба ин санаи фархунда самимона табрик намуданд. Аз ҷумла қайд доштанд, ки: Ҷавонон қувваи бузург, ояндаи миллат, нерӯи созандаву иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа мебошанд. Насли наврасу ҷавонро мебояд, зери ин шиорҳои умедворкунанда қадам ниҳода, кору фаъолият намояд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳояшон қайд менамояд, ки: «Мо ифтихор мекунем, ки имрӯз ҷавонони мо дар дигаргунсозии ҷомеаи навин фаъолона иштирок карда, дар муаррифии давлати Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ нақши шоиста доранд».

   Дар қисмати тантанавӣ бахшида ба “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон” ба як қатор омӯзгорону донишҷуён, ки дар озмунҳои шаҳрию вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд аз тарафи роҳбарияти муассиса бо Ифтихорнома ва маблағҳои пулӣ қадрдонӣ гардиданд.

     Барои саҳми арзанда гузоштан дар рушди соҳаи маориф ва илм, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстию ватанпарварӣ устодони муассиса: Ҷаъфаров Р.Н., Иброҳимов С.Т., Раҳимзода А., Талабова М.Н., Одинаев Ҷ.Т., Назарова З.С., Раҷабова К.Н., Каримова М.С., Аламхонова С., Зайдуллоев С.С. бо Сипосномаи раиси шаҳри Кӯлоб, муҳтарам Назарзода Бахтиёр Худоёр сарфароз гардонида шуданд.

   Барои хизматҳои арзишманд дар таълиму тарбияи мутахассисони миёнаи тиб, дастовардҳои намоён дар Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз фанҳои тахассусии тиббӣ, дар даври шаҳрии Озмунҳои ҷумуҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» ба омӯзгорони коллеҷ: Нуруллоева Сарвиноз, Хушвахтзода Гулангез, Ахтамова Сарвиноз, Одинаева Гулнора, Шарипова Дилафрӯз, Юсупова Ҷамила, Бозорова Сайёҳат, Бозорова Гулбегим, Назарзода Гулҷамол, Зайдуллоева Ш, Одинаева О, Ситамова М, Қурбоналиева Л. бо Ифтихорнома ва маблағҳои пулӣ қадрдони карда шуданд.

    Ба дастаи валейболбозони писарона ва духтаронаи муассиса барои ишғоли ҷойҳои 1-ум дар марҳилаи дуюми чемпионати минтақавӣ оид ба волейбол (мардон ва бонувон) байни ноҳияҳои минатқаи Кӯлоб устодони варзиш Тавакалов Н.Б. ва Гиёев Т.Р. Ифтихорнома ва малбағҳои пулии 1500 сомонӣ ва дастаи футболбози коллеҷ барои ишғоли ҷойи 3-юм дар мусобиқаи варзишӣ оид ба «Футболи хурд» байни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии тиббии ҷумҳурӣ, бахшида ба «Рӯзи ҷаҳонии футбол», таҷлили зодрӯзи олим, файласуф ва ҳакими тоҷик Абуалӣ ибни Сино ва иди касбии «Рӯзи кормандони соҳаи тандурустӣ» бо маблағи пулии 1500 сомонӣ қадрдонӣ гардиданд.

    Як гурӯҳ донишҷӯёни муассиса барои ишғоли ҷойҳои намоён дар Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз фанҳои тахассусии тиббӣ ва дар даври шаҳрии Озмунҳои ҷумуҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» ва мусобиқаҳои варзишӣ бо Ифтихорнома ва бо малбағҳои пулӣ қадрдонӣ карда шуданд. Аз ҷумла, донишҷӯён: Мошарифи Ашурмад, Кабирзода Шукрона Ҳикмат, Ҷаборова Омина, Кенҷазода Марҷона, Сафармои Шамсиддин, Рудобаи Абдусаттор, Ашурова Сайёра, Хоҷаева Ҳусноро Комилхуҷаевна, Тавурова Фотима Ғафоровна, Раҳмонова Малоҳат Хушвахтовна, Мадинаи Муродалӣ, Неъматова Шифо Ҷамшедовна, Бобоев Тоҳир Зоирович дар фазои тантанавӣ ҳавасманд гардонида шуданд.

     Дар охири чорабинӣ дастаи ҳаваскорони коллеҷ бо суруду таронаҳои дилангез ва рақсҳои дилошуб хотири ҳозиринро шод намуданд.

Иброҳимов С.Т.- мудири кафедраи «Фанҳои гуманитарӣ»

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.