НАҚШИ ПАРЧАМ ДАР БАЛАНД БАРДОШТАНИ ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ҶАВОНОН 0 10 Мубодила кардан Дар таърихи 22-юми ноябри соли 2024-ум дар толори Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии ш. Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз» Конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Нақши Парчам дар баланд бардоштани тарбияи ватандӯстии ҷавонон» бо иштироки омӯзгорон ва донишҷӯён гузаронида шуд. Дар Конференсия омӯзгорони кафедраи «Фанҳои гуманитарӣ» бо маърӯзаҳои илмии пурмазмун баромад намуда, иброз доштанд, ки: Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24-уми ноябри соли 1992 қабул карда шудааст. Ҳамакнун вазъи ҳӯқӯқӣ, тартиби омодасозии андоза ва корбурди расмии парчамро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №254 аз 12 майи соли 2007 «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муқаррар намудааст. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон матои росткунҷаест, ки дар руи он се рахи рангаи ба таври уфуқӣ ҷойгирифта кашида шудааст; рахи боло ранги сурх дошта, пахноии он ба рахи сабзи поён баробар мебошад, рахи сафеди мобайни якуним баробари паҳноии аз рахҳои ранга аст. Дар рӯи рахи сафед, ба ҷои чӯбдаста дар мобайни Парчам бо зарҳал рамзи тоҷи тасвир шуда, дар болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира ҷойгир шудааст. Парчам, ки худ рамзи дӯстиву рафоқат ва якдиливу хушбахтист бори дигар гувоҳи аз тинҷиву оромӣ, ваҳдату ягонагии миллати сарбаланди тоҷик ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро медиҳад. Ёддовар мешавем, ки дар Конференсия донишҷӯён низ баромад намуда, дар бораи таърихи Парчам маълумотҳои мушаххасу таърихи пешниҳод намуда, шеърҳои ватандӯстонаро пешниҳоди аҳли толор намуданд. Ва дар охири Конференсия ба иштирокчиёни фаъол сипосномаҳои кумитаи тадорукот тақдим карда шуд. Кафедраи «Фанҳои гуманитарӣ» Пеш 1 то 6 саҳифа Баъдӣ 0 10 Мубодила кардан