ЭҲТИРОМИ ПАРЧАМ ЭҲТИРОМИ МИЛЛАТ АСТ 0 8 Мубодила кардан Парчами мо худ сари болои миллат гаштааст,Қудрати озодагонро авҷи ҳиммат гаштааст. Субҳи 22 ноябри соли ҷорӣ дар саҳни МДТ «Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз» ҳамоиши пагоҳирӯзи таҳти унвони « Эҳтироми Парчам эҳтироми миллат аст» дар сатҳи баланд баргузор гардид. Дар ҳамоиш роҳбарияту омӯзгорону донишҷӯёни коллеҷ ширкат доштанд. Ҳамоишро муовини директор оид ба таълим Нуруллоева Сарвиноз оғоз намуда, аз номи роҳбарияти муассиса ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод гуфта, иброз доштанд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд: «Парчами давлатӣ барои мардуми Тоҷикистон нишони бақои давлат, ваҳдату ягонагӣ, ҳувияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ифтихор аз давлатдории миллӣ ва ҳифзи арзишҳои таъриху фарҳангӣ мебошад» Сипас, муовини директор оид ба илм ва муносибатҳои байналмилалӣ Маҳмудзода Қ.Н., Сардори шуъбаи таълим Латипов С.Ш., Омӯзгори фаннӣ таърихи халқи тоҷик Абдураҳмонов К. ва донишҷуён аз хизматҳои бузургу мондагори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойдории сулҳу субот ва қабули муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла, Рӯзи Парчами давлатӣ сухан гуфта, ҷавононро ба худшиносию ватандӯстӣ ва арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ ҳидоят карданд. Ёддовар мешавем, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз 24-ноябри соли 1992 аз ҷониби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикитсон тасдиқ гардида буд. Минбаъд ин сана ҳамчун ҷашни умумимиллӣ аввалин маротиба рӯзи 24 ноябри соли 2009 бо ифтихор аз давлату давлатдорӣ ва соҳибистиқлолию соҳибихтиёрӣ таҷлил карда шуд. Рӯзи Парчами давлатӣ муборак бошад! Пеш 1 то 12 саҳифа Баъдӣ 0 8 Мубодила кардан