ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ҲУҚУҚӢ БАЙНИ ДОНИШҶӮЁН

0 7

    Санаи 20 апрели соли 2024 дар МДТ “Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.” конференсияи назариявӣ, бахшида ба соли 2024 – “Соли маърифати ҳуқуқӣ” баргузор гардид. Дар конференсия омӯзгорон ва донишҷӯён бо маърӯзаҳо доир ба мавзӯъҳои ҳуқуқҳои донишҷӯён, масъалаҳои ҳуқуқӣ ҳангоми фаъолияти касбии ҳамширагӣ, ҳуқуқҳои беморон ва дигар масъалаҳои ҳуқуқӣ баромад намуданд. Ҳамчунин дар конференсия доир ба масъалаҳои ҳуқуқӣ байни иштирокчиён музокира сурат гирифт, ки аз тарафи мутахассисон ба саволҳои пешниҳодшуда ҷавобҳои мушаххас гардонида шуд.

Мудири кафедраи тибби оилавӣ Бозорова С.

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.