НАҚШИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ТАҲКИМИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ ВА ИСТИҚЛОЛИЯТИ МИЛЛӢ

0 7

Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои нави сиёсӣ буда, дар таърихи миллати тоҷик саҳифаи наверо боз намуд. Аз соли 1991-ум сар карда соли бунёди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қабули нахустин Конститутсия баргузор гардид. Қаҳор Маҳкамов ва баъдан Раҳмон Набиев ҳамчун сарвари давлат интихоб гардида буданд. Моҳи майи соли 1992-юм дар мамлакат буҳрони шадиди сиёсию иқтисодӣ ба амал омада мардуми Тоҷикистон ба парокандагӣ ру оварданд. 16-уми ноябр дар шаҳри  Хуҷанд Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки Эмомалӣ Раҳмон дар байни 186 ва 197 вакили ҳузурдошта ҳамчун Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Ҳангоми қабулшуданаш савганд ёд кард, ки «Ман кори худро аз сулҳ оғоз мекунам, мо ҳама ёру бародарем то ин, ки вазъиятро ором намоем». Мардуми Тоҷикистон савганди Эмомалӣ Раҳмонро бо марроқи том гуш карданд, ва ӯро ҳамчун Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карданд. Натиҷаи фаъолият ва ҷонбозиҳои Эмомалӣ Раҳмон буд, ки мардуми Тоҷикистон аз бесарусомонӣ ва аз оташи ҷанг раҳо ёфтанд. 16-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби  ш. Хуҷанди бостони баргузор намудани Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикстон (даъвати 12-ум) беҳтарин ва муҳимтарин амал баҳри рушди Истиқлолияти кишвари азизамон буд. Ин Иҷлосия ва асноди ҳуқуқии он дар ҳифзи давлатдории милли ва инкишофи ниҳодҳои демократӣ дар Тоҷикистон нақши муайянкунанда бозид. Асосгузори сулҳу ваҳдати милли Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 1992 нақш ва мавқеъи Иҷлосияро ба сифати руёдоди сарнавиштсози миллат муайян намуданд, зеро он дар кишвар гардиши куллиеро ба вуҷуд овард. Маҳз дар Иҷлосияи тақдирсози мазкур муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби намояндагони мардуми каишвар ба ҳайси Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида, ҳамзамон ваколати сардори давлат ба он кас дода шуд.  Сиёсати хирадмандонаи пешвои муаззами миллат назми ҷомеаро ба вуҷуд оварда, мардумро ба ояндаи дурахшон бовар кунонид. Зеро аз рӯзи аввали ба вазифа шуруъ намуданаш ба мардуми шарафманди Тоҷикистон муроҷиат намуда, чунин иброз доштанд, ки « Ман ба ҳар яки Шумо дар давраи барои Ватан хеле душвор муроҷиат карда, ба ақлу заковати Шумо, ки ворисони фарзандони буруманди миллати тоҷик ҳастед бовар мекунам». Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ба ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда барои гулгулшукуфии ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Воқеан ҳам Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба савганди худ содиқ монда барои ба даст овардани сулҳи Тоҷикон нахуст дасти мардонагии худро ба сӯи мухолифини ҳукумат дароз карда, сулҳу оромиро дар кишвар барпо намуд. Истиқлолияти Тоҷикистон барои таҳкими ҳокимияти давлатӣ, таъин намудани самти ҷараёни инкишофи ҷомеа дар солҳои баъдӣ ва пайгирӣ намудан аз принсипҳои талаботи бунёди ҷомеаи демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёду ягона асос ва заминаи воқеъи ба вуҷуд овард.  Таҳти раёсати Раиси Шурои Олии Чумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ҳанӯз дар Иҷлосияи 16-ум як қатор санадҳои ҳуқуқӣ қабул гардид, ки онҳо ба фаъол намудан ва тахким додани сохтори ҳокимияти давлатӣ  асос  гузоштаанд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи даровардани тайғиру иловаҳо ба Конститутсия (Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон) ; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар борави гурезагон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон « Дар бораи рӯзи сулҳ ва ризоияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардидан». Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон; дар бораи сохтори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон; дар бораи ташкил намудани вилояти Хатлон дар хайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамин шумор буданд.

Аламхонова Санавбар Ҷамшедовна

Омӯзгори кафедраи фанҳои «Гуманитарӣ»

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.