НАҚШИ ЗАНОН ВА БОНУВОН ДАР ПАЁМИ АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ — ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

0 5

    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Паём  «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуданд. Дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба пешбурди самараноки сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.

     Қайд кардан мавриди зикр аст, ки Сарвари давлат дар ҳар як вохӯрию суханронӣ дар мавриди рисолати воқеии занон дар ҷомеа ибрози андеша намуда, таъкид менамоянд, ки бонувон дар рушди мамлакат нақши аввалиндараҷа доранд, зеро дабистони нахустин барои фарзанд домони модар аст. Зимни ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 декабри соли 2023 таъкид гардид, ки занон — модарон нисбат ба тарбияи насли наврас бояд эътибори ҷиддӣ зоҳир намоянд, чунки онҳо насли ояндасози Тоҷикистонро ба камол мерасонанд.

      Пешвои миллат пайваста таъкид менамоянд, ки танҳо зан – модари солиму хушбахт, оқила, ҳунарманд, худшиносу ватанпарвар метавонад, ки фарзанди хубро ба воя расонад. Аз ин рӯ, Ҳукумати Тоҷикистон бо назардошти воқеияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва хусусияти фарҳангиву суннатӣ шакли муайяни сиёсати беҳбуд бахшидани вазъи иҷтимоии занонро пеш мебарад.

     Боиси тазаккур аст, ки барои бомаърифат гардидани занону духтарон ҳамасола дар Паёми худ Пешвои муаззами миллат дастуру супоришҳои навмедиҳанд, ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониши духтарон мусоидат намояд. Боиси қайд аст, ки тибқи таҳлили Пешвои миллат дар даврони истиқлолият 11500 нафар духтарон аз навоҳии дурдасти кӯҳистон тибқи квотаи президентӣ мактабҳои олиро хатм карданд. Дар ин давра  аз 42 ҳазор нафар донишҷӯдухтарони мо, ки дар мактабҳои олии кишварҳои хориҷӣ таҳсил мекунанд, зиёда аз 8 ҳазор нафарашон духтарон мебошанд.

   Саодатмандиву сарбаландии занону модарони тоҷик ва аҳли хонадони онҳо дар маҷмӯъ омили муҳими пешрафту ободии Ватани маҳбубамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.

     Тамоми ҷомеаи мо бояд як нуқтаро дарк намояд, ки ҳар як модар шоистаи таҳсин, сазовори ситоиш, арзандаи эҳтиром ва арҷ гузоштан аст. Имрӯзҳо занони кишвар низ бо дарки масъулияти баланд ва сарфи неруи хеш баҳри созандагию бунёдкорӣ, бунёди оилаи солиму намунавӣ ва саҳм гузоштан дар пойдории сулҳу ваҳдати сартосарӣ шабонарӯзӣ заҳмат кашида истодаанд.

      Инчунин набояд фаромӯш кард, ки зан на танҳо модар – мураббӣ, инчунин танзимгари низоми хонавода мебошад. Раванди босуръати ҷаҳонишавӣ зарурате пеш оварда, ки дар мавриди низоми оиладорӣ низ бояд қолабҳои кӯҳнаро шиканем ва дар ҷаҳони муосир бо андешаи нав қадам гузорем. Яъне занон бояд ҳамқадами замон бошанд, дар омӯзиши технологияи нав, дарку огоҳии руйдодҳои байналмилалӣ ва навгониҳои дигари рузмарра фаъол бошанд.

      Пас мо  бояд диди муосир ба ҳаёти имрӯз ва дар тарбияи фарзанд дошта бошем.Инчунин вазифадор ҳастем, ки аз ахбори муҳими ҷомеаи ҷаҳонӣ огаҳ гардему дар пайроҳаҳои пуртазоди ҷаҳонишавӣ фарзандонро дар роҳи рост, сарфаю сариштакорӣ ва дур аз фитнаю хурофот тарбия намоем.

Ҳасанова М.Ҷ.- мудири китобхонаи «Колеҷи тиббии шаҳри Кулоб ба номи Раҳмонзода Р.А.»

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.