ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА ОМИЛҲОИ МУҲИММИ ТАҲКИМБАХШИ ОН

0 3

   Ваҳдат рамзи воқеӣ ва ҷавҳари фалсафаи сулҳофарӣ, фарҳангсолориву таҳаммулпазирии миллати тоҷик ва таҷассумгари иттиҳоду ҳамбастагии тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад.

    Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳидсозандаи миллати тоҷик имкон фароҳам овард, ки бо истифодаи арзишҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфташуда дар кишварамон таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шуд ва барои беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум, ободии Ватан ва ояндаи давлати соҳибистиқлоламон заминаи мусоид муҳайё гардид.

     Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи давлатдории навин ҳамчун санади муқаддас ва тақдирсоз, иттиҳодгари ҷовидонаи миллати куҳанбунёд шинохта шуда, баъд аз мухолифатҳои мусаллаҳонаи таҳмилӣ, миллатро ба шоҳроҳи ҳамдилию ҳамбастагӣ ва ягонагии миллӣ раҳнамун кард.

   Аз баракати дастгирии самимонаи халқи сулҳдӯсту ободгари Тоҷикистон мо тавонистем дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ истиқрори ваҳдати миллиро дар саросари кишвар таъмин карда, барои зиндагии орому осоишта ва фаъолияти созандаи сокинони мамлакат шароити мусоид фароҳам созем.

    Қабул намудани андешаи ваҳдати миллӣ ҳамчун ҳадафи асосии сиёсати давлат ва шиори зиндагӣ барои мо, тоҷикон, бесабаб набуд.

    Зеро бар асари нобасомониҳои солҳои охири асри гузашта кор ба дараҷае расид, ки дар байни мардуми куҳанбунёду фарҳангии мо амали нангин ва хатарбори бадбиниву таҳдид ва душманҷӯиву сангаргирӣ доман паҳн намуд, ки оқибат боиси сар задани ҷанги шаҳрвандӣ гардид.

   Бо кӯшишу талошҳои пайгиронаи Ҳукумати мамлакат ва албатта, бо пуштибонии халқи азизи Тоҷикистон ҳуҷҷати таърихӣ — Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расида, ваҳдату ҳамдигарфаҳмии миллиро ҳамчун омили асосии наҷоти миллат ва давлат эълон намуд.

    Баъди ба имзо расидани ин санади муҳимми таърихӣ дар мамлакати мо марҳалаи нав – марҳалаи сулҳу субот, ба Ватан ва хонаву кошонаи худ баргаштани гурезаҳо ва фирориёни иҷборӣ, инчунин давраи корҳои барқарорсозии харобаҳои ҷанг оғоз шуд.

    Ба шарофати сулҳу субот ва иродаи матини мардуми шарифи Тоҷикистон мо тавонистем дар таъмини рушди муназзами иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву маънавии кишвар қадамҳои устувор гузорем.

    Дар меҳвари нахустин суханронию талошҳои пайгиронаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу оштӣ, васлу тавҳид, ҷустуҷӯи роҳҳои ободии Ватан, сарҷамъии миллат ва амсоли инҳо қарор гирифтанд ва як моҳ пас аз интихоб шудан ба вазифаи Сарвари давлат дар муроҷиатнома ба мардуми кишвар, аз ҷумла изҳор доштанд: «Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гул-гулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона хизмат мекунам.

    Умед бастан ба нерӯҳои зеҳнӣ ифодаи бебаҳси эҳтиром ва арҷгузории Ҳукумати Тоҷикистон ба таъриху тамаддун ва илму фарҳанги миллатамон мебошад. Ин нуқтаро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ қайд намуданд: “Яъне ҳифзи содиқонаи манфиатҳои милливу давлатӣ, аз тамоми манфиатҳои дигар афзал донистани манофеи давлату миллат, саъю талоши пайваста ба хотири мустаҳкам намудани пояҳои давлати миллӣ, ҳифзи соҳибистиқлолии Ватан, суботи иҷтимоӣ, амнияти давлат ва ҷомеа, ваҳдати миллӣ ва иқтидори иқтисодии давлат вазифаи шаҳрвандӣ ва масъулияти фарзандии ҳар яки мову шумо – аъзои Ҳукумат, вакилони мардумӣ, роҳбарону масъулони идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо, хизматчиёни давлатӣ ва умуман тамоми халқи Тоҷикистон мебошад”. Ин мавқеи эътимодбахши давлату Ҳукумат тайи солҳои истиқлолият яке аз омилҳои муҳими иттиҳоду ҳамбастагӣ ва ваҳдату ягонагӣ дар ҷомеаи навини Тоҷикистон гардидааст.

   Истиқрори сулҳ ва таъмини ваҳдати миллӣ, бемуболиға, яке аз бузургтарин дастовардҳои мо дар охири садаи ХХ мебошад, ки ин аз сиришти сулҳпарварона ва ақлу заковати халқи тоҷик шаҳодат медиҳад.

 Рисолати сулҳпарварии миллати тоҷик дар пурихтилофтарин давраҳои таърих ва бархӯрди тамаддунҳои гуногун низ ҳамеша ба суботу оромии кишвар равона гардида буд.

  Миллати мо тавассути фарҳанги таҳаммулгарову башардӯстонаи хеш борҳо давлату ҷомеаи тоҷиконро аз гирдоби марговари бозиҳои сиёсӣ наҷот додааст.

     Мардуми тоҷик дар таърихи тӯлонии худ давраҳои бисёр сахту сангинро сипарӣ намуда, бо фарҳанги воло, хиради азалӣ ва тадбиру таҳаммул аз ҳама гуна бӯҳронҳои иҷтимоиву маънавӣ раҳоӣ ёфтааст.

     Родмардони фидоӣ ва фарзандони фарзонаи ин мардум тавонистаанд, ки истиқлолияту озодӣ ва асолату ҳувияти миллиро бо ҷасорату матонат, зиракиву фаросат ва ҳусни тадбир ҳифз намуда, ба онҳо ҷило ва бақои тоза бахшанд.

Муовини  директор оид  ба  илм ва  муносибатҳои  байналмилалии МДТ “Коллеҷи  тиббии  шаҳри  Кӯлоб ба  номи  Раҳмонзода  Р.А.”

н.и.п. Маҳмудзода  Қумринисо  Нурали

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.