ИШТИРОКИ ОМӮЗГОРОНУ ДОНИШҶӮЁН ДАР ВОХУРӢ БО САРДОРИ РАЁСАТИ РВКД ҶТ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

0 19

     Санаи 18 марти соли ҷорӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ вохӯрии Назарзода Шариф Раҳмон,Генерал — лейтенанти милитсия, сардори РВКД ҶТ дар вилояти Хатлон бо ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ баргузор гардид. Дар ин ҷаласа ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни коллеҷ тариқи онлайн иштирок намуданд.

      Зимни суханронии худ Назарзода Шариф Раҳмон доир ба масъалаҳои вазъи ҷинояткорӣ байни ҷавонони вилояти Хатлон, бахусус шаҳри Кӯлоб, дарёфти роҳҳои ҳалли пешгирии ҷинояткорӣ байни ҷавонон, пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, мубориза алайҳи хурофотпарастӣ, бегонапарастӣ, эҳтиром гузоштан ба анъанаву либосҳои миллӣ, дуруст ва оқилонаи истифодабарии Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ андешаронӣ намуданд.

       Назарзода Шариф Раҳмон таъкид намуданд, ки аз болои давомоти донишҷӯён, иштироки фаъоли онҳо дар дарсҳо бояд назорат пурзур карда шавад, зеро мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар як қатор муассисаҳои таълимӣ масъалаҳои мазкур беҳбудиро металабад. Зимни санҷишҳо муайян карда шудааст, ки дар як қатор муассисаҳои таълимӣ донишҷӯён ба дарсҳо иштироки хуб надоранд, дер меоянд, бо худ ҷузвдон надоранд, китоб ва дигар ҷиҳози таълимӣ надоранд, ки ҳолатҳои мазкур аз паст будани назорати таълиму тарбия аз тарафи муассисаҳои таълимӣ ва волидайн дарак медиҳад. Ҳолатҳои мазкур сабаби асосии паст будани саводнокӣ ва маърифатнокии ҷавонон ба шумор рафта сабаби асосии даст задани онҳо ба қонунвайронкуниҳо ба шумор меравад.

   Қайд карда шуд, ки саҳми муассисаҳои таълимӣ ва омӯзгорон чун ҳамешагӣ дар таълиму тарбияи ҷавонон нақши хеле муҳим мебозад. Бахусус дар замони муосир, ки ба ҷавонон тариқи шабакаҳои интернетӣ аз хориҷи кишвар ҳар гуна ақидаҳои ифротгароёна, бегонапарсатӣ, ҷалб намудани онҳо ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ паҳн карда мешаванд, корҳо дар самти тарбияи сиёсии ҷавонон бояд пурзур карда шаванд.

    Мавсуф шароити замони ҳозираро бо замони солҳои навадум муқоиса намуда, таъкид намуданд, ки ҷавонон аз фазои сулҳу ваҳдати миллӣ ва шароити таълимие, ки барои онҳо дар муассисаҳои таълимӣ фароҳам оварда шудаанд васеъ истифода намоянд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд, ба ақидаҳои дурӯғини ба ваҳдати миллӣ ва амнияти давлату миллат хатарзо бовар накунанд, ҳамеша пайи омӯзиши касбу ҳунар бошанд, то дар сабзу хуррамгардонӣ ва рушди кишвари азизамон саҳмгузор бошанд, зеро омили асосие, ки метавонад сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро дар кишвар ҳифз намояд маърифати баланди ҳуқуқии мардум, бахусус ҷавонон ба шумор меравад.

    Мо мардуми кишвар бояд сиёсати хирадмандона ва сулҳпарваронаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро якдилона дастгирӣ намоем, зеро чи тавре, ки дар баромадҳояшон пайваста қайд менамоянд ватани худамонро танҳо худамон метавонем обод созем, касе барои мо ватан обод намекунад.

    Солимии ҷавонон барои нигаҳдории ҷомеъаи солим нақши хеле муҳим дорад. Мутаасифона тибқи оморҳо шумораи шаҳрвандони бо ВНМО сироятёфта, бахусус байни ҷавонон сол аз сол афзӯда истодааст. Ҳолати мазкур аз паст будани маърифат оид ба нигаҳдошти солимӣ байни ҷавонон шаҳодат медиҳад. Аз ин рӯ аз ҷавонон таъкид ба амал оварда шуд, ки саломатии худро, ки барои инсон қимматдарин арзиш ба шумор меравад ҳифз намоянд, доир ба унсурҳои тарзи ҳаёти солим маълумот дошта бошанд ва аз роҳҳои паҳнёбии бемориҳои сироятӣ огоҳ бошанд.

   Ҳамчунин қайд карда шуд, ки ҳамкории муассисаҳои таълимӣ бо волидайни донишҷӯён бояд пурзӯр карда шавад. Ҳамкорӣ бо волидайни донишҷӯён дар доираи тадбиқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” бояд сурат гирад. Зеро таҷрибаҳо нишон додаанд, ки ҳамкории пайвастаи волидайну омӯзгорон дар таълиму тарбияи фарзандон натиҷаҳои самарабахш доранд.

    Дар охири вохӯрӣ донишҷӯёну омӯзгорон ба сухан баромада, ташкили чунин вохӯриро саривақтӣ ва муфид арзёбӣ намуданд ва фикру мулоҳизаҳои худро доир ба беҳтар намудани раванди таълиму тарбияи ҷавонон иброз доштанд.

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.