ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ХОДИМИ СИЁСӢ ВА АБАРМАРДИ ТАЪРИХӢ 0 3 Мубодила кардан Дар ҷаҳони муосир масъалаи амнияти тамаддун ва кишварҳо проблемаи муҳимтарини ҳаёт шудааст, зеро зиддиятҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ бештар зиддияти фарҳангиро дар худ таҷассум намуда, ҷойгоҳи динҳо дар ин раванд мақоми хосе пайдо кардааст. Мардуми Шарқу Ғарб муносибатҳои тезутундеро, ки ба вуҷуд омадааст, ҳамчун муқовимат ва муқобилияти олами масеҳӣ бо ҷаҳони исломӣ талаққӣ мекунанд. Ин зиддиятҳо, ки имрӯз ба хунрезиҳои бесобиқа ва даҳшатафканиҳои бемонанд овардаанд, инсониятро ба хатари ҷиддӣ рӯ ба рӯ менамоянд. Воқеаҳое, ки дар ибтидои солҳои навадуми асри гузашта сурат гирифтанд, фарогири тақрибан тамоми ҷумҳуриҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ гардиданд, дар баъзе ҷумҳуриҳо сари вақт пеши муқовиматҳо гирифта шуданд. Мутаассифона, дар Тоҷикистон зиддиятҳо ба ҷанги шадиди шаҳрвандӣ ва харобии иқтисоди миллӣ ва вайронии чандин шаҳрҳову ноҳияҳо боис шуд. Муқовимат шакли мусаллаҳонаро ба худ гирифт. Ин низоъ аз лиҳози мафкуравӣ низои байни ҷаҳонбинии диниву дунявӣ буд. Экстремизми динӣ аз тарафи баъзе кишварҳо ва неруҳои хориҷӣ аз ҷиҳати моддӣ, маънавӣ дастгирӣ меёфтанд ва бо силоҳ низ таъмин мешуданд. Бояд донист, ки дар солҳои 1992 – 1997 ҳар чизе, ки шуданӣ буд, шуд. Дар вазъияти сиёсӣ-иҷтимоии солҳои 90-ум дар кишвари мо тамоми заминаҳо барои бархӯрди бардавоми мусаллаҳона ва аз байн бурдани давлати миллии тоҷикон вуҷуд дошт, зеро гурӯҳҳои мусаллаҳи мухолиф ташнаи хуни якдигар буданд. Қумондонҳои саркаш аслан ба сухани касе эътибор намедоданд. Тибқи таълимоти ҷомеашиносии муосир дар давраҳои ҳассос дар қишри роҳбарии ҷомеа бояд “ақаллияти созанда” (creative minority) пайдо шавад, ки қудрати посухи муносиб ва саривақтӣ додан ба инчунин чолишу хатарҳои дохилию беруниро дошта бошад. Маҳз ин гуна ақаллияти фаъол ва созанда бақо ва пойдории давлат ва фарҳанги миллиро таъмин карда метавонад. Хушбахтона, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намунаи беҳтарини Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ва Сарвари тавонои ҳамин гуна ақаллияти созанда дар марҳилаи тақдирсози миллати мо гардиданд, ки новобаста аз таҳдиди хатарҳо ба ҷони худ тавонистанд масъулияти сангини посух додан ба хатару чолишҳои барои давлати ҷавони миллии тоҷикон ҳалокатборро ба дӯш гиранд. Қазову қадар, тақдиру қисмат, иродату машийяти Илоҳӣ ва ихлосу боварии мардумӣ чунин ҳукм карда буд, ки тай намудани ин роҳи пуршебу фарози истиқлолият ва таъмини ваҳдати пойдори марзу буми Ватани аҷдодӣ бо сарварии фарзанди оқилу огоҳ ва фурӯтану ватандӯст – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳаққуқ пазирад. Дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ, инчунин, ба ҳаллу фасли масъалаҳои рукни такондиҳандаи пешрафти иқтисоди миллӣ, аз ҷумла истиқлоли энергетикӣ, раҳоӣ аз бумбасти коммуникатсионӣ, таъмини бехатарии озуқаворӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар ва саноатикунонии босуръат, аз кишвари аграрӣ ба кишвари саноатию аграрӣ табдил додани мамлакатамон диққати махсус дода шудааст ва мову шумо итминони комил дорем, ки таҳти роҳбарии хирадмандонаи Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳадафу орзуҳоямон мерасем ва кишвари азизамон дар қатори мамлакатҳои пешрафтаи сайёра ҷойи боэътимоди худро хоҳад гирифт. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллатро гиромӣ доштан, роҳи интихобкардаи ӯро ҳифз кардан ва идома додан қарзи инсонии ҳар соҳибватан ба шумор меравад. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳақиқат ҳам асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ва пешвои сарнавиштсози тоҷикон мебошанд. Ба шарофати сиёсати бунёдкорона ва созандаи ин марди бузург Ҷумҳурии Тоҷикистон аз даргириҳои дохилӣ раҳоӣ ёфта, имрўз чун давлати соҳибихтиёр дар харитаи ҷаҳон ҷой гирифта, онро тамоми мардуми дунё мешиносанд ва эътироф мекунанд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» эътирофи ҳамин гуфтаҳои болост. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон замоне дар вазифаи раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба остонаи сиёсати сатҳи баланд қадам гузоштанд, ки мамлакат дар вартаи ҳалокат қарор дошт. Фарзандони сарсупурдаи миллат бо дарки воқеии таҳдиди хатари нобудшавии мамлакат бар зидди ҷанги бемаънӣ, ҷудоиандозии минбаъдаи халқи дар асари сиёсати нажодкушии тўлонии душманон камшуморгаштаи тоҷик ба по хестанд. Онҳо хуб медонистанд, ки ҳар рўзи муқовимат хисорати ҷуброннашуданӣ ба шумори миллат ворид меоварад. Аз ин лиҳоз, ҳалли мусолиҳатомези ихтилоф бар соир тадбирҳо ҳаққи мукаддам пайдо кард. Пас аз кўшишҳои пайгирона ва маслиҳату машваратҳои тўлонии нерўҳои солимфикри ҷомеа ниҳоят имконият даст дод, ки 16 ноябри 1992 дар шаҳри Хуҷанди бостонӣ ҷаласаи Шўрои Олӣ баргузор гардад. Ин ҷаласа, ки дар он паёми ваҳдат ва ягонагии миллати тоҷик ба таври қатъӣ садо дод, дар таърихи Тоҷикистони навин марҳалаи наверо боз намуд. Эмомалӣ Раҳмон дар баробари ташаккул додани низоми муайяни рушди давлатдорӣ, ҳамчунин, дар ҳалли масъалаҳои ҷаҳонӣ ташаббусҳои беназирро роҳандозӣ намуданд, ки мавриди эътирофи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор гирифт. Хусусан, дар ҳалли муаммоҳои глобалии об, гармшавии иқлим, мубориза бар зидди терроризму экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шинохти таърихӣ, таҳлили рушди фарҳанг ва давлату давлатдории тоҷикон дар гузашта ва имрӯз тавонистанд, тоҷиконро ба гузаштаи хеш пайванд карда, дар худогоҳӣ ва ҷустуҷӯҳои таърихии миллии тоҷикон марҳалаи комилан тозаро ба вуҷуд биёранд. Президенти кишвар ба худ ва ба ҳаммилатони хеш ҳамин мақом ва ҳиммати олиро ҳадафи кору пайкор ва рисолати будану зистан дониста, бо асарҳои таърихии худ дар рушди давраи навини таърихнигории миллии тоҷикон саҳми босазо гузоштаанд. Умуман, фаъолияти сиёсии Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сарвари сиёсӣ фарогири дастовардҳои беназиру бештар аст. Агар ҳамаи он дастовардҳоро огоҳона баҳогузорӣ намоем, дарк мекунем, ки ин шахсияти ҷаҳонӣ худро барои миллату давлати тоҷик фидо намудаанд. Маҳз чунин фидокорӣ боис гардид, ки миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун Пешвои миллат пазируфт. ЛАТИПОВ С.Ш. Сардори шуъбаи таълими МДТ «Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.» 0 3 Мубодила кардан