ПРЕЗИДЕНТИ МО – ИФТИХОРИ ТОҶИКОНИ ҶАҲОН! 0 22 Мубодила кардан Зери ин унвон санаи 16 ноябри соли ҷорӣ дар МДТ “Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.” Конференсияи сиёсӣ-фарҳангӣ, бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд баргузор гардид. Дар кори Конференсия директори коллеҷ доктори илмҳои тиб Азиззода З.А., меҳмонон — муовини раиси ш.Кӯлоб Даминзода А.И., раиси КИ ҲХДТ дар ш.Кӯлоб Сайвализода Салим, директори ТВ Кӯлоб Бозорзода С.Э. ва шоира Хосият Вализода иштирок ва суханронӣ намуданд. Роҳбари муасиса ва меҳмонон бо маърӯзаҳои худ баромад намуда, талошу заҳматҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар тули 33 соли давлатдорӣ баён доштанд. Баромадкунандагон қайд намуданд, ки дар лаҳзаҳои ҳассоси таърихӣ андешаву хиради волои ин марди ватандӯсту покзамир тавонист миллату давлатро аз маҳву парокандагӣ наҷот диҳад, оташи ҷанги дохилиро хомӯш ва сулҳу ваҳдатро дар мамлакат пойдор созад ва то охирин гурезаро ба Ватан наовард, ором нагирифт, дар дили халқаш барои зиндагии ободу осоишта шуълаи умедро бедор кард, заминаҳои бунёдии системаи идоракуниро ташаккул дода, давлатдории миллиро эҳё намуд, барои рушди минбаъдаи кишвар, барои аз бумбасти коммуникатсионӣ баровардан ва Тоҷикистонро ба марҳалаи нави инкишоф ворид намудан, амалисозии барномаҳои рушди кишварро ҳамаҷониба вусъат дод, монанди бунёди нақбу роҳҳо, корхонаҳои саноатӣ, неругоҳҳо, рушди хоҷагии қишлоқ, кишоварзӣ, боғдорӣ, сохтмон, маориф, фарҳанг ва дигар соҳаҳои ҳаётан муҳими ҷомеаро рушду ташаккул бахшид, ки бо ин хизматҳои таърихиашон дар дили мардуми тоҷик абади боқӣ хоҳад монд. Маҳз бо пешниҳоду кӯшишҳои ватанпарваронаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чаҳор ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон: баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар имрӯзҳо бомаром амалӣ гашта, имкон дода истодаанд, ки кишвари мо сол аз сол бештар рушд намояд. Дар Конференсияи асарҳои Пешвои миллат ба намоиш ва мавриди омӯзиш қарор дода шуданд. Дар коллеҷ аз тарафи кафедраи тарбияи ҷисмонӣ, бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд байни донишҷӯдухтарон гузаронида шуд, ки дар ин чорабинӣ ғолибони мусобиқаи мазкур бо сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд. Дар ҷамъбасти Конференсия ба баромадкунандагон сипосномаи роҳбарияяти коллеҷ тақдим карда шуд. Конференсияро қисмати фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳри Кӯлоб бо сурудҳои ватандӯстона таровати дигар бахшид. Ҷонишини директор оид ба корҳои таълимӣ Нуруллоева С.А. Мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ Иброҳимов С. Пеш 1 то 42 саҳифа Баъдӣ 0 22 Мубодила кардан