КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМӢ-АМАЛӢ (V-СОЛОНА) МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ Ш.КӮЛОБ БА НОМИ РАҲМОНЗОДА Р.А.” ДОИР БА МАВЗӮИ «МАСЪАЛАҲОИ МУБРАМИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ КАСБИИ ТИББӢ»

0 7

    Дар асоси фармоиши Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 07.11 соли 2024, №766 ва нақшаи кории МДТ “Коллеҷи тиббии ш. Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.” оид ба баргузории конфронсҳо ва дигар чорабиниҳои илмӣ дар соли таҳсили 2024-2025 дар МДТ “Коллеҷи тиббии ш. Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.” Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ (V-солона) доир ба мавзӯи «Масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбии тиббӣ» бахшида ба солҳои 2020-2040 — «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф», «Соли маърифати ҳуқуқӣ» ва 33 солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

    Шумораи умумии мақолаҳои илмӣ, ки ҳамчун маводи конференсия аз чоп бароварда шуданд 117 ададро ташкил доданд, ки ба масъалаҳои мубрами соҳаи тандурустӣ, таҳсилоти миёнаи касбӣ, илмҳои дақиқ ва гуманитарӣ, масъалаҳои мубрами омодасозии мутахассисони миёнаи тиббӣ, сифати таҳсилот, масъалаҳои экологӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва роҳҳои беҳтар намудани ташхису табобати бемориҳои гуногунро дар бар гирифтанд.

       Дар кори конференсия доктор Алӣ Тоҳирӣ аз Донишгоҳи илмҳои тиббии Шероз, мудири кафедраи муносибатҳои байналмилалӣ доир ба мавзӯи «Чаро одамон Шерозро дӯст медоранд ва онро барои табобат интихоб мекунанд?» Таърихи тибби муосир дар Шероз тариқи маҷозӣ маъруза намуд. Ӯ иброз дошт, ки солҳои охир ҳамкории Донишгоҳ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти такмили ихтисоси табибон ва ба роҳ мондани услубҳои муосири ташхису табобат беҳтар шудааст ва ин ҳамкорӣ дар оянда низ идома хоҳад ёфт.

 Конференсия дар бахшҳо, аз ҷумла илмҳои тиббӣ, илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ ва риёзӣ ва фанҳои гуманитарӣ идома ёфта, ба рўзномаи он маърўзаҳои илмие ворид карда шуданд, ки аҳамияти калони илмӣ ва таҷрибавӣ доштанд.

               Дар кори конференсияи илмӣ намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати шаҳри Кӯлоб, шуъбаи раёсати тандурустии вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб, директорон ва омӯзгорони як қатор коллеҷҳои тиббии ҷумҳурӣ, роҳбарони як қатор муассисаҳои тандурустӣ ва дигар меҳмонон иштирок доштанд.

Масъалаҳои гузошташуда дар бахшҳои конференсия баррасӣ ва муҳокима гардида, бо назардошти пешниҳодҳо конференсия қарор қабул намуд, ки он асосан ба беҳтар намудани корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар коллеҷ, баланд бардоштани сифати омода намудани мутахассисони миёнаи тиббӣ, тавассути мустаҳкамсозии пояи моддӣ-техникии таълимгоҳ, такмили ихтисоси омўзгорон, баланд бардоштани сатҳи тахассуснокӣ ва дараҷанокии илмии омӯзгорон, табибон, беҳтар намудани шароити таълиму тарбия, таълими амалӣ ва таҷрибаомўзӣ дар муассисаҳои тандурустии кишвар, баланд бардоштани сифати таълим, истифодабарии услубҳо ва технологияи муосири таълим, ташкил ва истифодабарии васеи марказҳои таълимӣ-истеҳсолӣ ва таълимӣ-табобатӣ, таҳия ва нашри адабиётҳои муосири таълимӣ равона карда шудааст. Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи худшиносии миллӣ, забондонӣ ва зиракии сиёсии донишҷӯён аз тарафи кафедраҳои фанҳои гуманитарӣ ва забонҳо омӯзиши фанҳои гуманитарӣ аз қабили таърихи халқи тоҷик, диншиносӣ, забонҳои русию англисӣ, сиёсатшиносӣ ва ғ. хубтар ба роҳ монда шавад. Кори маҳфилҳои фаннӣ дар кафедраҳо ҷоннок карда шуда иштироки донишҷӯён дар озмунҳои фаннӣ ва касбии сатҳи ҷумҳуриявӣ ҷоннок карда шавад.

         Боварии комил дорем, ки бо амалишавии бандҳои дар қарори конференсия қабулшуда, фаъолияти коллеҷ дар самти омодасозии мутахассисон ва пешбурди корҳои илмӣ-тадқиқотӣ беҳтар хоҳад шуд.

         Ҷонишини директор оид ба корҳои илмӣ

          ва робитаҳои байналмилалӣ Маҳмудзода Қ.Н.

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.