ТАРБИЯИ ҲУҚУҚӢ ОМИЛИ МУҲИМ ДАР ТАШАККУЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ

0 160

Бахшида ба соли «Маърифати ҳуқуқӣ»

 

«Дар шароити кӯнунии ҷомеаи муосир вобаста ба паёмадҳои манфие, ки инсониятро зери хатар мегузоранд,  зарур аст, ки сатҳи маърифатнокии шаҳрвандон,  бахусус  маърифати  ҳуқуқии онҳо ташаккул,  дода шавад». (аз Паёми Пешвои Миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.12.2023).

Тарбияи ҳуқуқӣ яке аз самтҳои муҳими тарбияи миллӣ буда дар ташаккули фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандон нақши созгор дорад. Бо ин хотир Давлату ҳукумати ҷумҳури дар ин бахш тадбирҳои мушаххас меандешад.

Ҳадаф аз ин чора ҷӯйиҳо ташаккули шахсиятҳои инсондӯст ва дорои донишҳои зарурии ҳуқуқӣ барои зиндагӣ дар ҷомеа мебошад.

Замоне, ки Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар роҳи бунёди ҷомеаи мутамаддин, демократию ҳуқуқи устуворона қадам мегузорад, пас зарураст, ки тавассути тадбирҳои мушаххасу самаранок фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандон баланд бардошта шавад.

Воқеан, тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон дар ҳама қишрҳои ҷмомеа воситаи асосии таҳкимбахши фарҳанги ҳуқуқист.

Моро зарур аст, к ибо мақсади дуруст бароҳ мондани тарбияи ҳуқуқӣ ва комёб шудан ба ҳадафҳо, оид ба қонуниятҳо, принсипҳо ва мазмуни тарбияи ҳуқуқӣ фикрҳои худро баён созем.

Таркиби муҳими низоми тарбияи ҳуқуқӣ қонунияти он аст. Боин хотир дар таҳқиқҳои алоҳида коршиносон қонуниятҳои тарбияи ҳуқуқиро муайян намуданд. Масалан, ҳангоми омӯзиши равандӣ ташаккули фарҳанги ҳуқуқии наврасону ҷавонон чунин вобастагиҳои қонунӣ муқарар шуданд:

  1. Вобастагии равандӣ ташаккули ҳуқуқӣ ба ҳадафу, вазифа мазмуну шакл ва усулу воситаҳои таълиму тарбия.

  2. Вобастагии ташаккули фарҳанги хуқуқии таълим гиранда ба касбияти омӯзгорон.

  3. Вобастагии раванди ташаккули фарҳанги ҳуқуқӣ ба хусусиятҳои сину соли ва инфиродӣ.

Қонуниятҳои зикр шуда хусусиятҳои умуми дошта, ба равандӣ ташаккули фарҳангӣ ҳуқуқӣ мансубанд.

Дар ҷараёни тарбияи ҳуқуқӣ ба хотири манфиат бахш будани он бояд ба ин қисматҳо бештар таваҷӯҳ дошта бошем:

— Ҳар қадар ҳавасмандии омӯзиши донишҳои ҳуқуқӣ ба таҷрибаи ҳаётӣ, хусусиятҳои сину соли ва инфиродии шахс мутобиқ бошад, ҳамон қадар таваҷӯҳи онҳо ба омӯзиши донишҳои ҳуқуқӣ меафзояд.

— Ҳар қадар шахс барои омухтани донишҳои ҳуқуқӣ фаъол бошад, ҳамон қадар самаранокии он бештар мешавад.

— Ҳар қадар мантиқи шаҳр ба намуди мушаххаси донишҳои ҳуқуқӣ мутобиқ бошад, ҳамон қадар сатҳи дарки ин донишҳо баландтар мешавад.

— Агар раванди тарбияи ҳуқуқӣ вазифаҳои маърифатӣ, эъҷодӣ ва ғайри стандартиро фарогирад, сатҳи фаъолнокии шахс баландтар мешавад.

Бояд гуфт, ки ҳар як ҳадафи муайян принсипҳои тадбиқшавиро доро аст. Аз ин хотир таркиби низоми тарбияи ҳуқуқӣ принсипҳои тадбиқион мебошанд. Одатан принсипҳо чун муқарароти ибтидоиу асоси ягон назарияе, ки барои фаъолияти дахлдор чун муқарароту қоидаҳои роҳбари кунанда истифода мешавад.

Гӯруҳе аз таҳлилгарони фарҳанги ҳуқуқӣ дар раванди ташаккули он истифода бурдани чунин принсипҳои асосии педагогиро зарур мешуморад: — мақсадноки, робитаи он бо ҳаёт рушди фаъолияти шахс, ягонагии талаот дар мувофиқат ва эҳтиром ба шахси тарбия гиранда. Дар баъзеи таҳқиқҳо чунин принсипҳои ташкили тарбияи ҳуқуқи барраси шуданд: умумият, зарурат, илмият,давомнокӣ ва самараноӣ. Ин принсипҳо бештар ба ташкили таълими ҳуқуқӣ равонагардида, бояд сатҳи баланди инкишофи    шуъури ҳуқуқиро таъмин намоянд. Дар амали намудани тарбияи ҳуқуқӣ принсипҳои зерин бояд ба инобат гирифта шаванд:

— Ҳамгироии фарҳанги ва тамоюл ва арзишҳои ҳуқуқӣ.

— Ба ҳисобгирии хусусиятҳои маҳал.

— Байни фаннӣ.

— Демократӣ.

— Таъсири гурӯҳи вобаста.

— Робита бо амалия.

— Худ тарбия кунии ҳуқуқӣ.

—  Мунтазамии тарбияи  ҳуқуқӣ.

— Инфироди кунони.

Ин принсипҳо раванди тарбияи ҳуқуқиро аз ҷанбаҳои гуногун тавсиф медиҳанд.

Акнун таваҷӯҳ меорем ба мазмуни тарбияи ҳуқуқӣ. Аз назари муҳақиқон таркиби муҳими низоми тарбияи ҳуқуқӣ мазмуни он аст. Тибқи таҳлилҳо самтҳои асосии мазмунӣ тарбияи ҳуқуқии муосир чунин аст.

— Таёрии назариявӣ, ки маърифати ҳуқуқиро дар бар мегирад.

— Таёрии амалие, ки дар доираи он маҳорат, малакаҳои рафтори қонуни сада ва стратегияи рафтор вобаста ба татбиқи меъёрҳои ҳуқуқии рафтор ва арзишҳои ҳуқуқӣ.

— Таёрии иҷтимои, ки он фаъол гардонии кори мустақилонаи таълимгирандагонро   ҷиҳати такмили фарҳанги ҳуқуқӣ пешбини менамояд.

— Таваҷӯҳ ва ҳавасмандии мусбат барои аз худкунии арзишҳои инсони, меъёрҳои ҳуқуқӣ ва қоидаҳои рафтори ҷамъиятӣ.   

          Мақсдад аз ин гуфтаҳо бори дигар рӯи овардан баяке аз самтҳои мухими тарбияи миллӣ —  яне тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон аст.

         Ҷун таваҷӯҳи Давлату ҳукумати ҷумҳурӣ, ба хусус Пешои Муаззами Миллат Муҳтарам Эмомалии Раҳмон дар ин самт хеле боло меравад. Исботи ин гуфтаҳо андешаҳои Пешвои Миллат зимни ироаи  Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.12.2023 мебошад.

Роҳбари давлат таъкид намуданд, ки «Дар замони мураккабшавии вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ, таъдиди хатарҳои воқеъан нигароникунандаи ҷомеа, моро зарур аст, ки дар дохили кишвар бо мақсади суботу амнияти шаҳрвандон, оромию осудагии халқи азизамон ҷиҳати баланд бардоштани маърифату фарҳанги ҳуқуқии ҳама қиширҳои ҷомеа тадбирҳои мушаххасро роҳандози намоем. Чун таъмин ва риояи меъёрҳои муқараркардаи давлат омили муҳими таҳкими давлатдорӣ, ҳаёти осоиштаи мардум ва ваҳдату ягонагист».

         Умуман тарбияи ҳуқуқӣ воситаи муҳими ташаккули фарҳанги ҳуқуқӣ ба ҳисоб меравад. Он раванди таъсири мақсаднок, мунтазам ва мутақобилаи омилҳои обективию субективӣ ба шуъур, ҳиссиёт ва рафтори шахс буда, сатҳи зарурии дар ҳамин ҷамъият қабулшудаи донишу ақидаҳои ҳуқуқӣ, тамоюлҳои арзиши, маҳорату малака, инкишофи муносибати эҳтиромона нисбат ба ҳуқуқ, маҳорати ҳифзи ҳуқуқҳои худ, малакаҳои рафтори қонунии мутобиқ ба арзишҳои ҷамъияти ҳуқуқиро таъмин менамояд.

         Фарҳанги ҳуқуқӣ ва таркиби маърифатӣ, ҳиссию арзишӣ ва фаъолияти амалии он дар равандӣ тарбияи ҳуқуқӣ пура ва ҳаматарафа ташакул меёбад.

         Ин андешаҳо исботи онан, ки таи даҳсолаи охир таваҷӯҳи Давлату ҳукумати ҷумҳури ҷиҳати такмил ва тақвият бахшидани тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон. Барномҳои мушаххаси давлатиро ба тавсиб мерасонад.

         Аз ҷумла Қарори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи  Барномаи давлати «Оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони тоҷикистон барои солҳои 2010 – 2015».  

         Қарори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи  Барномаи давлати «Оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони тоҷикистон барои солҳои 2015 – 2020 », ин чунин Барномаи давлатии «Таълим ва  тарбияи ҳуқуқи  шаҳрвандони Тоҷикистон    барои солҳои 2020 дар давраи то соли 2030 «тадбирҳое мебошанд, ки ҷиҳати рушди тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон мусоидат мекунанд.

          Хурсанди бахшаст, ки зимни ироаи Паём роҳбари давлат бори дигар оид ба масъалаи мазкур ибрози андеша намуданд.

         Пешвои Миллат аз ҷумла қайд карданд, ки «Дар шароити кунунии ҷомеаи ҷаҳонӣ, ки тазодҳои гуногун онро фарогиранд, хусусан даравандҳои муосири сиёсию иҷтимои, ки хатарҳову таҳдидҳои бештаре дар пай дорад, масъулияти кули шаҳрвандон ва ҳамаи қишрҳои ҷомеъа ба маротиб меафзояд. Боин хотир зарур аст, ки тавасути ҳама чорабиниҳо маърифати шаҳрвандони мо баланд бардошта шавад. Пеш аз ҳама дар самти такмил додани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон таваҷуҳи бештар дошта бошем».

         Пешвои Миллат зимни суханрони дар Паёми ироа шуда пешниҳод намуданд, ки ба ифтихори 30 –чсолагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шавад.

         Дар ҳақиқат бо ташаббуси навбатии Пешвои Миллат аз он шаҳодат медиҳад, ки роҳбари Олии кишвар дар самти тарбияи шаҳрвандон, ба хусус тарбияи ҳуқуқии онҳо таваҷӯҳи хоса зоҳир мекунанд.

         Оре, имрӯз вақти он расидаст, ки ҳар фарди ҷомеа маърифати баланди ҳуқуқӣ дошщта бошад. Чун шаҳрвандони мо танҳо бо истифода аз ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандии хеш маҳдуд набошанд, балки ҳар як фард дар самти иҷрои вазифа ва уҳдадориҳои худ масъулияти баландро ҳис кунад.

Чун, ки ҳуқуқу озодиҳои  шаҳрванд кафолати Конститутсия ва давлат аст.

Пас иҷрои вазифа ва уҳдадориҳои мо қарзи шаҳрвандию меъёри  муқараршудаи ҳатмист.

         Ҳадафи тарбияи ҳуқуқӣ ташаккули шахсиятҳои инсондӯст ва дорои донишҳои ҳуқуқӣ барои зиндагӣ дар ҷамъият аст. Чунин шахс арзишҳои демократиро эътироф намуда, Қонунро эҳтиром ва риоя мекунад. Ва бо мавқеи, фаъоли шаҳрвандияш фарқ дорад ҳуқуқу озодиҳои худро ҳифз намуда, ҳамгирои бо ҷамъияти ҳуқуқӣ ва тадбиқи пураи нақшаҳои ҳаётиро таъмин менамояд. Натиҷаи тарбияи ҳуқуқӣ ташаккули фарҳанги ҳуқуқӣ мебошад.

         Билохира тарбияи ҳуқуқӣ дар ташаккули шахсияти комил ва ҳаматарафа инкишоф ёфта, шахсияти воқиф аз ҳуқуқу озодиҳои худ ва шахсияте, ки вазифа ва уҳдадориҳои худро дар назди давлату ҷомеа сарбаландона иҷро мекунад.

         Бошад, ки соли маърифати ҳуқуқӣ барои кулли шаҳрвандон ҳамчун заминаи рушди     фарҳанги ҳуқуқии онҳо ва соли бобарору комёбиҳо бошад.

Рушди маърифати ҳуқуқӣ дар шароити имрӯзаи ҷаҳони муосир, як рукни муҳим

дар такмили давлатдории миллии мост.

Омӯзгори калони кафедраи “Фаннҳои гуманитарӣ”-и

         МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба

         номи Раҳмонзода Р.А.”                                              К.Абдураҳмонов

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.