СИФАТИ ТАҲСИЛОТ –ТАНҲО БАҲОИ (4) ВА (5) НЕСТ

0 114

Рушди сармояи инсонӣ омили калидии баланд бардоштани сатҳу сифат ва самаранокии соҳаҳои иҷтимоӣ, хусусан маорифу тандурустӣ мебошад”.

              Аз Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии   Тоҷикистон аз 28.12.2023

 

Масъалаи сифати таҳсилот, ки муассилин дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва макотиби олии кишвар ба он соҳиб мешаванд, дар ҳар давру замон муҳим буд.

     Махсусан, дар замони муосир бо сабаби пайдоиши низомҳои гуногуни арзишҳо, гуногунмазмун гаштани таълиму тарбия, узариш ба шаклҳои гуногуни барномаҳои таълимӣ, маводҳои омӯзиши дар муассисаҳои таълимӣ боз ҳам авлавият пайдо намуданд.

     Бояд гуфт, ки ҳанӯз ҳам дар тафсири мафҳумҳои “Сифати таҳсилот” ва “Сифати таълим” дар байни аҳли маориф фикрҳо хеле гуногунанд.

    Барои мисол: гурӯҳи аз таҳлилгарон чунин фикр доранд, ки  сифати таҳсилот ин теъдоди баҳои “4”-“5” ки донишҷӯён дар ҷараёни таълим ба даст овардаанд мебошад. Гурӯҳи дуюми таҳлилгарон дар зери мафҳуми “Сифати таҳсилот” сифати таълим ва тарбияро шарҳ  медиҳанд. Сеюминҳо зери ин мафҳум дараҷаи рушди шахсияти таълимгирандагонро дар назар доранд.

   Чуноне, ки маълум мешавад, ҷиҳати шарҳ додани мафҳуми “Сифати таҳсилот” ақидаҳо хеле зиёд ва гуногун мазмунанд.

           Имрӯз гурӯҳи чоруми таҳлилгарон чунин ақида доранд, ки сифати таҳсилот шумораи хатмкунандагони донишкада ва Донишгоҳҳои  олӣ мебошанд.

    Бинобар ин лозим аст, ки “сифати таҳсилот”-ро аз назари сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф, стандартҳои байналмиллалӣ ва ватанӣ муоина кунем.

    Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” омадааст, ки “Сифати таҳсилот маҷмӯи нишондиҳандаҳои стандартҳои давлатии таҳсилот ва талаботи давлатӣ” мебошад, ё “Мутобиқати таҳсилот ба талабот ва меъёрҳои дар соҳаи маориф қабул шуда” аст. Сифати таҳсилот қобилияти амали намудани хизматрасониҳои таълимӣ ва ба даст овардани сатҳи маърифатнокии таълимгирандагон мебошад.

         Сифати таълим –ташкили ҷараёни таълим аст, ки дар натиҷаи он шахсият ва сифатҳои марбут ба таълиму тарбия ташаккул меёбанд.

       Сифати таҳсилот –дараҷаи муайяни дониш, малака, маҳорат, рушди ақлонӣ, ахлоқӣ ва ҷисмонист, ки таълимгирандагон дар марҳалаҳои муайяни мутобиқ ба ҳадафҳои ба нақша гирифташуда, дараҷаи қаноатмандии иштирокчиёни ҷараёни таҳсилот аз хизматрасониҳои таълимии муассиса ба даст меоранд, ки он пеш аз ҳама бо мувофиқат ба стандарти таҳсилот чен карда мешавад.

      Шарҳи ин мафҳумҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки гирифтани “тест” ё “корҳои хаттӣ” ва муайян кардани теъдоди баҳои 4 ва 5 мафҳуми “Сифати таҳсилот”-ро пурра карда наметавонад.

   Аз ҷумла дар “Фарҳани истилоҳот ва мафҳумҳои мутобиқ гардонидашуда, дар соҳаи маорифи кишварҳои узви ИДМ” мафҳуми сифати таҳсилот чунин шарҳ дода мешавад: “Сифати таҳсилот мутобиқати таҳсилот (Ҳамчун натиҷа, ҷараён  ва низоми ҷамъиятӣ) ба талаботи гуногунҷабҳа, манфиатҳои шахсият, ҷомеа ва давлат. Сифат як навъ маҷмӯи мунназами хусусиятҳои моҳиятан муҳими иҷтимоии таҳсилот мебошад” ё ин ки “ мутобиқати таҳсилот (бадастомада ва бадастоянда) ба талабот ва манфиатҳои шахсият, ҷомеа ва давлат”.

     Агар ба илми педагогика назар афканем “Сифати таҳсилот категорияи педагогиест, ки ҳолат ва самарабахшии сифати  ҷараёни таҳсилотро дар ҷомеа, мутобиқати онро ба талабот ва интизориҳо дар рушди салоҳиятҳои шаҳрвандӣ, иҷтимоӣ ва касбии шахсият муайян мекунад”.

      Дар зери мафҳуми сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълими маҷмӯи хусусиятҳои мавҷуда ва натиҷаҳои таҳсилот, қобилиятҳои қонеъ гардонидани ниёзи худи таълимгирандагон, манфиатҳои ҷомеа ва дигар манфиатгирандагон ба таҳсил фаҳмида мешавад.

      Хулоса, сифати таҳсилот натанҳо ба воситаи дараҷа ва сифати дониш, балки бо сифатҳои инкишофи шахсият,маънавиёт ва шаҳрвандии фаъоли донишҷӯён муайян карда мешвад.

     Омилҳои муайянкунандаи сифати таҳсилот инҳо мебошанд:

банақшагирии мӯҳтавои таълим

-таъмини заминаи методӣ ва моддию техникии раванди таълим

-таъмини раванди таълим бо кадрҳо (нерӯи зеҳнии муассисаи таълими).

-Ташкили усулҳои таълим

-ҳавасмандии таълимгирандагон барои гирифтани таҳсилоти босифат

-назорати сифати таҳсилот

     Бояд гуфт, ки омили кадрӣ, такмили ихтисоси онҳо яке аз самтҳои асосӣ дар баланд бардоштани сифати таҳсилот мебошад.Бинобар ин ихтисосмандони соҳаро лозим аст, ки дар ин масъала бештар таваҷҷӯҳ дошта бошанд.

       Бояд қайд кард, ки дар ҳама зинаҳои таҳсилот бо мақсади баланд бардоштани сифати таҳсилот, бахши идоракунӣ ва назорати сифати таҳсилот фаъолият мекунад. Мутаасифона аз мушоҳидаҳо маълум мешавад, ки аксари ин бахшҳо фаъолияти худро танҳо бо гирифтани санҷишҳои тестӣ ва корҳои хаттӣ маҳдуд кардаанд. Бинобар ин натиҷаи кори анҷомдодаи бахши идоракунии сифати таҳсилот дар бештари муассисаҳои таълимӣ ба талабот ҷавобгӯ нест. Ҳол он, ки бахши идоракунии сифати таҳсилот бояд зинаҳои муайяни фаъолияти худро дошта бошад.

       Аз ҷумла:

-таҳқиқи вазъи таҳсилот

-ташкили робитаҳои мунтазами байни муассиса ва маҳсули он

-банақшагирии мӯҳтавои таълим

-таъмини раванди таълим бо кадрҳо

-таъмини заминаи моддию-техникии раванди таълим

-назорати сифати таҳсилот

-таҳия ва иҷрои нақша-чорабиниҳо бо мақсади бартараф кардани камбудиҳо

   Дар асоси ин гуфтаҳо ҳаминро бояд дар назар дошт, ки вазифаҳои бахши идоракунии сифати таҳсилот хеле васеъ буда, аз иштирокдорони ин раванд масъулияти бештарро талаб мекунад.

    Бо ин хотир, масъулини муассисаҳои таълимиро зарур аст,ки дар ин самт таваҷҷӯҳи бештар дошта бошанд. Чунки замони муосир ва талаботҳои ҷойдошта тақозои онро дорад. Дар шароити кунунӣ сар карда аз омӯзгорон, дар ҳама зинаҳои таҳсилот, бояд нисбат ба такмили касбияти худ таваҷҷӯҳи бештар дошта бошанд. Бо ин хотир ки имрӯз ҳамон омӯзгоре дар кори худ муваффақ аст, ки агар мутобиқ ба талаботи рӯз фаъолият карда тавонад. Хусусан касбияти омӯзгорон метавонад, омили асосии муваффақият бошад. Агар, мо хоҳем, ки сифати таълим ва таҳсилот боло равад, пас моро зарур аст, пайваста касбияти худро такмил диҳем, худомӯзӣ ва такмили ихтисос дошта бошем. Чунки танҳо аз фаъолияти мо омӯзгорон сифати таҳсилот ва омода шудани ихтисосмандони савияи баландошта, вобаста мебошад. Бояд гуфт, ки имрӯз дар пешрафти иқтисодиёт ва баланд бардоштани рақобатнокии он, рушди сармояи инсонӣ нақши муҳими дорад. Бо ин хотир барои рушди ин сармоя, кормандони соҳаи маориф нақши калиди доранд. Дар омода кардани сармояи инсонӣ бо он дараҷае, ки талаботҳои замон тақозо дорад, ҳама зинаҳои таҳсилот саҳмгузоранд. Сифати таҳсилот ҳамчун омили муҳими рушд ва пешрафт дар ҳама соҳаҳо хоҳад буд. Аз гуфтаҳои боло ҳаминро хулоса бояд кард, ки “Сифати таҳсилот” ҳамчун омили муҳим, зарур дар такмили дониш, малака ва маҳорати таълимгирандагон дар муассисаҳои миёнаи касбӣ ва олӣ барои омода кардани мутахассисони баландпоя нақши созанда хоҳад дошт.

 Омӯзгори калони кафедраи “Фанҳои гуманитарӣ”-и

 МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб

 ба номи Раҳмонзода Р. А.”                                К.Абдураҳмонов

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.