ИҶЛОСИЯИ XVI ШӮРОИ ОЛӢ — ОҒОЗБАХШИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИН.

0 11

      Барои халқ,  ҳукумат ва давлати мо иҷлосияи 16 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти бузурги таърихӣ дорад. Он ҷомеаро аз муқовимати сиёсии фоҷиабор, аз ҷанги таҳмилии бародаркуш, аз оворагиву дарбадарӣ наҷот дод. Асолати таърихии халқамон, яъне одамият, маърифатпарварӣ ва сулҳдӯстиро ба ӯ баргардонд. Дастархонашро пурфайз кард.

                                                                                             Эмомалӣ Раҳмон

       Санаҳои таърихие мавҷуданд, ки бо гузашти айём арзиши онҳо аҳамияти бештар пайдо намуда, дар таърихи ин ё он миллату давлат бо ҳарфҳои заррин сабт мегарданд. Дар як давраи ҳассоси тақдирсози ҷумҳурӣ, ки масъалаи боқӣ мондани Тоҷикистони азиз чун мамлакат дар харитаи сиёсии ҷаҳон дар байн буд, яъне дар давраи ибтидои соҳибистиқлол гаштани ҷумҳуриамон баргузор шудани Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қабили чунин рӯйдоди бузурге дар сарнавишти миллати тоҷик мебошад. Мо дар арафаи таҷлили ин санаи муҳим- 32 — солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, дар радифи омодагиҳо ба он мехостем чанд андешаи худро баён созем ва ин матлаб гузориши тақвимӣ набуда, инъикоси воқеоти бебаҳсест, ки моли таърих гаштааст.

Мақсади асосии иҷлосия – ин ноил гардидан ба мусолиҳаи миллӣ ва бунёди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт.

Комиссияи муросо ба рӯзномаи иҷлосияи 23 масъаларо дохил кард. Аз ҷумлаи масъалаҳои ба рӯзномаи иҷлосия воридшуда: бозхонди раиси Шӯрои Олӣ А. Искандаров; баррасии аризаи Р. Набиев оиди истеъфо аз мансаби Президентӣ; аризаи аъзоёни раёсати Шӯрои Олӣ, Девони Вазирон; муроҷиат ба Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил; авфи умум; интихоби раиси Шӯрои Олӣ; ташкили Шӯрои Вазирон; аз муҳосираи иқтисодӣ озод намудани минтақаҳои  алоҳида ва ғайраҳо ба ҳисоб мерафтанд. Дар  ҷойи намоёни Қасри Арбоб чунин шиор намоён буд: «Намояндагони мӯҳтарам! Шумо ба ин ҷо бо мақсаде омадед, ки ба хунрезӣ хотима гузоред. Дар сарзамини Тоҷикистон бояд сулҳ тантана кунад !».

Намояндагони халқ дар марҳилаи аввал зарур шумориданд, ки аз тарзи идоракунии президентӣ муваққатан даст кашида, боз ба идоракунии парламентӣ гузаранд. Дар натиҷа 19 ноябри соли 1992 Эмомалӣ Раҳмон  раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд. 27 ноябр бошад ҳукумати ҷумҳурӣ ташкил карда шуд.                  Ҳукумати иҷроияи ҷумҳурӣ ҳамон вақт иборат аз 20 вазоратҳо ташкил ёфт

Рафти фаъолияти иҷлосия нисбатан мӯътадил буд. Ин ҳам аз он гувоҳӣ медод, ки ҳар ду тарафи муқобил майли сулҳро доранд. 26 ноябр ҳатто барои иштирокчиёни иҷлосия оши оштӣ ташкил карда шуд. Умуман иҷлосияи хуҷандӣ, ки то 2-уми декабри ҳамон сол кори худро давом дод, тамоми масъалаҳои пешниҳод гардидаро муҳокима намуда, оиди онҳо қарорҳои дахлдор қабул намуд. Аз ҳама муҳимтарин, ин иҷлосия ҳукумати қонунии Тоҷикистонро бунёд намуд, ки онро ҳар ду  тараф ҳам эътироф намуданд. Аҳамияти бузргтарини ин иҷлосия ҳам дар ҳамин аст.

Дар  Иҷлосия ҳукумате таъсис ёфт, ки таҳти сарварии Президент Эмомалӣ Раҳмон дар як муддати кӯтоҳ тавонист оташи ҷанги дохилиро хомӯш намояд, сохтори фалаҷгардидаи ҳокимияти давлатӣ, хусусан мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барқарор сохта, Артиши Миллӣ ва нерӯҳои посбони сарҳадро таъсис дода, аксарияти гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргардонанд. Хушбахтона, давлат ва миллати мо дар ҳассостарин лаҳзаи таърихӣ роҳбари худро пайдо намуд.

Сарвари давлат изҳор дошт, ки мо вазифадорем, аввал амнияти давлатамонро таъмин намоем, артишро созмон дода, милиса, кумитаи амнияти миллӣ, дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқро мустаҳкам намоем, зеро давлате, ки худро муҳофизат ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандонашро таъмин карда наметавонад, аслан арзише надорад.

Дар як муддати кӯтоҳ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо мақомоти Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва милиса аз нав созмон ёфта, онҳо бо аслиҳа ва сохти ҳарбӣ таъмин шуданд. Садҳо ҷавонони ватандӯст ба кори ин мақомот сафарбар гардиданд. Бо вуҷуди касодии иқтисодӣ Сарвари давлат ба таъсиси Артиши миллӣ шурӯъ намуд ва барои мустаҳкам намудани  сарҳадҳои ҷанубии кишвар чораҳои мушаххас андешида шуд.

Бо туфайли Иҷлосия-16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон дар иқлими сиёсии Тоҷикистон беистисно тағйироти куллӣ ба амал омад. Мамлакати азияткашида аз гирдоби ҷанги пурдаҳшати  бародаркуш халос шуда, бо роҳи осоиштаи зиндагӣ ва бунёдкорӣ қадам ниҳод, пешрафт ва инкишофи соҳаҳои муҳими ҳаёти ҷомеаро дар мадди аввал гузошта барои амалӣ намудани ин иқдомҳо диққати махсус доданд.

Дар ҳақиқат, Иҷлосияи таърихӣ барои миллати тоҷик, иҷлосияи тақдирсоз ва наҷотбахш буд, зеро он халқи тоҷикро аз оташи ҷанг наҷот дода тақдири истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро ҳаллу фасл намуд ва барои пойдории ваҳдати миллӣ, истиқрори сулҳ дар сарзамини бостониамон, амалӣ намудани ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ дар роҳи бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ пояи мустаҳкам гузошт.

Бо назардошти гуфтаҳои боло метавон хулоса намуд, ки давраи навини қонунгузории кишвар аз ин иҷлосияи тақдирсоз оғоз гардидааст ва дар маҷмӯъ, Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ тадбирҳои муҳими сарнавиштсози зеринро анҷом додааст: роҳбарияти нави сиёсии мамлакатро таҳти сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон интихоб намуд, сохтори конститутсиониро дар мамлакат барқарор сохт, хатари пош хӯрдани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва парокандагии миллатро пешгирӣ намуд, тадбирҳои мукаммали аз бӯҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ баровардани ҷомеаро ба миён гузошт, самтҳои асосии сиёсати дохилии мамлакат, инчунин мавқеи байналмилалӣ ва сиёсати хориҷии кишварро муайян намуд, барои ҳамкориҳои судманд бо кишварҳои ҷаҳон роҳ кушод, қонунгузории ҷумҳуриро устувор намуд ва ба рушди он замина гузошт. Бидуни шубҳа, Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ дар зоти худ як навъ инқилоби фикрӣ ва пирӯзии тафаккури нав буд. Ба ибораи дигар, аз инсони навакак аз рукуди тоталитарӣ озодшуда, шаҳрванди комили миллатдӯст сохтан осон набуд.

Дар ду даҳаи аввали фаъолияти сиёсӣ Пешвои миллат собит намуданд, ки маҳз шахсият метавонад таърихи томи як мамлакатро эҷод карда, ҷомеаро ба қуллаи зафар ҳидоят созад. Дар намунаи рафтор ва кирдори ӯ насли нави роҳбарону сарварон ба камол расиданд. Қадам ба қадам мактаби инсонсозӣ ва бедории шуури сиёсии омма, ки дар садри он Пешвои миллат қарор доштанд, раванди ҷомеаи суннатии тоҷикро тағйир дод.

Масъалаҳои дигаре, ки ба тараққиёти иқтисодиёти ҷумҳурӣ вобастагӣ доранд, мавриди муҳокима қарор гирифтаанд. Ин барномаи бунёди роҳҳо, пайвастани дилҳо, яъне баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини ҳифзи бехатарии озуқаворӣ ва идома додани сохтмони неругоҳҳои барқии обии калон ва хурд мебошанд. Ва бидуни имдоди берунӣ сохтани неругоҳҳои азим, ба монанди “Роғун”, аз талоши давлатсозии тавоно шаҳодат доданд. Фалсафаи “Наҷоти Тоҷикистон дар дасти худи Тоҷикистон аст” амалияи хирадмандонаи Пешвои миллатро намоиш дод.

Дар марҳалаи дуюм Пешвои миллат усули иқтисоди шуравии давлати аграрӣ-саноатиро қотеона шикаста, дар се сол тарҳи иқтисоди саноатӣ-аграрии кишварро таҳия намуданд. Ин таҷрибаро ҷомеаи ҷаҳонӣ як ҷаҳиши иқтисодӣ номид.

Бо гузашти солҳо,  имрӯз дарк кардем, ки дар он вақт чи тавр ҷоннисориҳо ва набарди хастагинопазири Сарвари давлат лозим буд, ки Тоҷикистонро дар харитаи сиёсии дунё нигоҳ дорад. Абарқудратҳо дар бозори геополитикӣ кӯшиш доштанд, ки кишварҳои Осиёи Марказиро мисли қарни XIX ба мустамликаи фармонбардори хеш  табдил диҳанд. Аҳсант ва сад офарин ба Пешвои миллат, ки истиқлоли сиёсӣ, давлатӣ, таҳкими аркони давлатсозию давлатдорӣ ва ояндаи  кишварро матраҳ намуданд.

Ҳамин тавр, бо ташаббуси сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон халқи Тоҷикистон ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, эҳтироми озодӣ, ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд ва ба мақсади демократикунонии ҷомеа, бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона Конститутсияи нави мамлакатро бори нахуст дар таърихи давлатдории навин бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул намуд, ки дар он ҳама дастовардҳои башарият дар бобати озодии инсон, ҳуқуқи шаҳрванд, ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дарҷ шудаанд.

Абдураҳмонова Г.Н.

  Омӯзгори калони кафедраи “Фанҳои Гуманитарӣ”-и  МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.”

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.