Инсоният дар симои экстремизм ва терорризми ҷаҳони бо душмани бераҳму шафқат ва ғаразноке рӯ ба рӯ омадааст, ки тамоми меёрҳои ахлоқи ва арзишҳои умумибашариро поймол карда, барои расидан баҳадафҳои худ аз ягон роҳу воситаи ғайриинсони рӯй намегардонад.
Эмомалӣ Раҳмон.
Хатари рақами яки ҷомеаи башарӣ экстремизм ва терорризм, имрӯз ҳеҷ як фарди солимақлро бетараф гузошта наметавонад. Замоне таввасути филмҳову, китобҳои бадеӣ ва таърихӣ саҳнаҳоеро дар бораи ҷангҳои пурдаҳшати харобиовар, сухтору кӯштор, таҷовузу кирдорҳои бадтарини инсонӣ тамошо ва мутолиа мекардем. Аммо мутаасифона таи се даҳсолаи охир, воқеаҳо ва рӯйдодҳо моро бо ин даҳшатҳо ошно кард. Агар дар гузашта мо фикр доштем, ки ин ҳама даҳшат танҳо намоишномаи саҳнавӣ ҳастанд, лекин имрӯз шунидани калимаҳои «Экстремист» ё «Тероррист» дар вуҷуди ҳар як шахс ҳисси ваҳму хатар, маргу нобудшавӣ бедор мегардад.
Он ҳодисаву воқеаҳое, ки дар ҷаҳон ба вуқуъ меоянд, имрӯз кулли инсонҳоро сари фикру андеша овардааст. Чунки хатарҳои ҷойдоштаи ҷомеа ба шахсони алоҳида ё як гурӯҳи хурди одамон, не балки давлатҳои бутун ва кулли инсониятро таҳдид мекунанд.
Бинобар ин зарур аст, ки давлатдорон ва сиёсатмадорони имрӯз, ҷиҳати пешгирӣ аз ин хатар ва мушкилотҳои ҷойдошта дар фикр ва талош бошанд.
Бояд гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси субъекти комилҳуқуқи байналмилалӣ дар мубориза ва пешгирӣ аз ин хатарҳои ҷомеаи муосир хеле устуворона амал мекунад. Ба хусус дар ин самт мавқе ва нақши Пешвои Миллат Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мадди аввал меистад.
Роҳбари давлат зимни ҳама суханрониҳо дар сатҳи ҷаҳонӣӣ, бар зиди экстремисту терорристон мубориза бурдани ҷомеаи ҷаҳониро амалӣ бузурги инсонӣ, барои раҳои аз хатарҳои зикр шуда баррасӣ менамояд.
Экстремизм ва терорризм ҳамчун хатарҳои таҳдид кунанда ба амнияти ҷаҳон ба ҳар як сокини саёра таҳдид карда, барои инсоният хатари хеле бузург, на камтар аз силоҳи ҳастаиро ба вуҷуд овардааст.
Имрӯз ин гурӯҳои таҳрибкор бо истифода аз ҳама гуна роҳу восита кӯшиш мекунанд, ки сафҳои худро аз ҳисобӣ ҷавонони гумроҳу калаванда бештар кунанд. Мутаасифона бархе аз ҷавонони мо низ бо сабаби надоштани маълумоти кофи нисбати ин гурӯҳои ғараздор ва маърифати пасти шахсиашон ба доми фиребу найранги гурӯҳои иртиҷоӣ фурӯ мераванд. Яне онҳо дар ин сину соли ҷавони худро бадбахт месозанд. Бадбахтии ин ҷавонон дар он аст, ки онҳо бо амалҳои носазои худ, натанҳо худашон, балки падару модар, милату давлатро доғдор месозанд.
Мо имрӯз аз падидаи ҷаҳонишавӣ сухан мегӯем яъне падидаи ҷаҳони шави барои инсонҳо ҷанбаҳои мусбии зиёд дорад. Мутасифона ин падида паёмадҳои манфиро низ дар бар мегирад.
Ба хусус давлатҳои абарқудрат барои ба даст овардани манфиятҳои худ аз роҳу усулҳои гуногун, пеш азҳама аз дину мазҳаб истифода бурда байни ҷониб дорони динҳои ҷаҳонӣ алангаи кинаву адоват ва муборизаро барангехта аз ин носозгориҳо манфиятҳои худро таъмин месозанд.
Хатарҳо ва воситаҳои мубориза хеле гуногунанд. Аз ҷумла, падидаҳои зарароварӣ: фундаментализм, экстремизм, радикализм, терорризм аз онҳо мансуб ёфта, кишварҳои алоҳида ва мардуми онро дар шароити хеле вазнин қарор медиҳанд.
Бовар дорем, ки андешаҳои зикр гардида, бори дигар ба аҳли ҷомеа дар бораи омилҳои номатлубе, ки имрӯз боиси хатар ва эҷоди мушкилиҳои ҷомеа гаштаанд маълумоте дода бошад. Чунки дар шароити кунунӣ ва хеле ҳассоси ҷомеаи ҷаҳонӣ, мавқеи ҳар як шахс ҷиҳати пешгири ва муқовимат бо ин падидаҳои манфӣ шарт ва зарур аст.