ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВОЛИДАЙН

0 2

    Санаи 10 уми октябри соли ҷорӣ дар толори Маркази ҷавонони шаҳри Кӯлоб ҷаласаи Шӯрои волидайни донишҷӯёни МДТ “Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.” баргузор гардид. Дар кори ҷаласа муовини директор оид ба корҳои тарбиявӣ Хушвахтзода Г.Ҳ., Салимов Саймуҳаммад — мудири бахши дин, танзиму ҷашну маросимҳо дар ш.Кӯлоб, Ғолибҷони Бархиё – сархатиби масҷиди ҷомеъаи марказии ш.Кӯлоб, Ҳайдарзода Назира – раиси шурои кор бо занон ва оилаи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Кӯлоб, зиёда аз 300 нафар падару модарони донишҷӯён ва дигар аъзоёни раёсати коллеҷ ширкат доштанд.

           Рӯзномаи ҷаласа мавзӯъҳои зеринро дар бар гирифт:

1.  Аҳамияти иҷтимоии қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак»;

2.  Омӯзиши масъалаҳои марбут ба қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»;

3.  Масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба байни ҳайати роҳбарият ва омӯзгорони коллеҷ бо падару модарони донишҷӯён;

4.  Назорати раванди таълиму тарбия дар муассисаи таълимӣ, хона, риояи талаботи дохилаи коллеҷ, риояи сару либосҳои тавсиявӣ аз тарафи донишҷӯён ва ғ.;

  1. Масъалаҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистию террористӣ, даст задани онҳо ба қонунвайронкунӣ ва ҷиноят;

         Саравал вохуриро раиси шурои кор бо занон ва оилаи коллеҷ Абдураҳмонова Гулчеҳра кушода, меҳмононро бо аҳли толор шинос намуд ва доир ба масъалаи чорабинӣ ва муҳимияти масъалаи баланд бардоштани маърифатнокии ҳуқуқии омӯзгорону донишҷӯён гуфта гузаштанд. Мавсуф вобаста ба моҳият ва мақсади “Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” ва  “Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” гуфта гузаштанд. Аз ҷумла қайд карда шуд, ки қонуни мазкур тартиби гузарондани ҷашну маросимро муайян карда, ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ, пешгирии хурофоту таассуб, баланд бардоштани маънавиёт ва сатҳи иҷтимоию иқтисодии мардуми Тоҷикистон равона гардидааст. Қонуни мазкур муносибатҳоро оид ба масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак бо мақсади таълиму тарбияи кӯдак дар руҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ танзим намуда, ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдак равона гардидааст.

        Дар ҷаласа муовини директор оид ба корҳои тарбиявӣ Хушвахтзода Г.Ҳ. суханронӣ намуда аз омӯзгорону волидайн эҳтиром ба қонунгузорӣ ва риояи қатъии бандҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025  гуфта гузаштанд. Ӯ қайд намуд, ки ҳамкории омӯзгору волидайн ба самаранокии раванди таълиму тарбия мусоидат хоҳад намуд. Аз ҷумла иброз дошт, ки масъалаҳои муҳим ва ташвишовар, ки байни донишҷӯён во мехуранд ин паст будани давомоти як қатор донишҷӯён ба дарсҳо, риоя накардани сару либоси тавсиявӣ, бо худ наовардани ҷузвдон, китобҳои дарсӣ ва дигар ашёи хониш, паст будани фарҳанги истифодаи телефонҳои мобилӣ, вайрон намудани тартиботи дохилӣ, ҳамчунин ҷамъиятӣ мебошад, ки мо бояд дар ин самт корҳои фаҳмонидадиҳиро бештар созем.

              Зимни суханронии худ Салимов Саймуҳаммад мудири бахши дин, танзиму ҷашну маросимҳо дар ш.Кӯлоб иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ибрози назар намуданд, ки “Яке аз омилҳои торафт густариш пайдо кардани зуҳуроти терроризм ва ифротгароӣ васеъ истифода гардидани технологияҳои муосири иттилоотӣ мебошад.” Аз ин рӯ ҷавононро мебояд аз шароитҳои мусоиди имрӯза васеъ истифода намоянд, ба қадри сулҳу амонӣ ва ваҳдату ягонагӣ, ки дар ватанамон созгор аст истифода намоянд. Худшиносии миллиро аз даст надиҳанд. Салимов С. доир ба масъалаҳои марбут ба иҷроиши қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» гуфта гузаштанд. Қайд карда шуд, ки новобаста аз корҳои зиёди фаҳмонидадиҳӣ аз тарафи як қатор шаҳрвандон ҳангоми ҷашну маросимҳои оилавӣ, бештар вобаста ба оиладоркунии фарзандон мебошад қонунвайронкунӣ ба мушоҳида мерасад. Аз ин рӯ ӯ аз падару модарон хоҳиш намуд, ки ба зиёдаравӣ даст назананд, талаботи қонуни мазкурро риоя намоянд, чунки он танҳо ба манфиати молиявӣ барои оила равона карда шудааст.

         Зимни суханронӣ Ҳайдарзода Назира қайд намуданд, ки яке аз сабабҳои пош хурдани оилаҳои ҷавон ин надоштани маърифати оиладории ҷавонон, сатҳи пасти дониш ва маърифати ҳуқуқии онҳо мебошад. Ӯ нақши волидайнро дар таълими фарҳанги оиладории фарзандон ва нигаҳдории оилаҳои солим муҳим арзёбӣ намуд. Волидайн бояд имрӯзҳо кӯшиш намояд, ки фарзандаш чи духтар бошад ё писар сараввал дониш омӯзад, касб азхуд кунад, танҳо баъди он оиладор шавад, то ки ҳам оиларо нигоҳубин карда тавонад ва ҳам дар ҷомеа ҷойи худро ёфта тавонад.

         Дар ҷаласа ҳамчунин якчанд нафар падару модарон суханронӣ намуда, ташкили чунин вохӯриҳо ва ҳамкории тарафайни волидайн ва омӯзгоронро дар беҳтарсозии сифати таълиму тарбия муҳим арзёбӣ намуданд.

         Дар ҷамъбасти маҷлис муовини директор оид ба корҳои тарбиявӣ Хушвахтзода Г.Ҳ., ба меҳмонон ва падару модарони донишҷӯён барои иштирокашон дар ҷаласа ва сӯҳбату пешниҳоди ақидаҳои муфид изҳори сипос намуд.

Муовини директор оид

ба корҳои тарбиявӣ,                                Хушвахтзода Г.Ҳ.

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.