ОМӮЗИШИ НУКТАҲОИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ КИШВАР БАЙНИ ДОНИШҶӮЁН

0 0

Санаи 15 феврали соли ҷорӣ дар МДТ “Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.” дар кафедраи тибби оилавӣ ҷамъомади омӯзгорону донишҷӯёни бахши 4 уми ихтисоси кори табобатӣ баргузор гардид. Дар ҳамоиш аз тарафи омӯзгорону дониҷӯшҷӯён атрофи нуктаҳои Паёми Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ маърӯзаҳо пешниҳод гардиданд. Дар маърӯзаҳо масъалаҳои ба соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳанг, сайёҳӣ, варзиш, сиёсати ҷавонон, дастгирии занон алоқамандбуда мавриди омӯзиш қарор дода шуданд.

Маърӯзачиён дар баромадҳояшон қайд намуданд, ки ҳар як шаҳрванди кишвар, бахусус ҷавонон аз фазои сулҳу амонӣ, дастгирии ҳамешагии Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  вобаста ба ҳуқуқу озодии ҷавонон, таҳсилу илмомӯзӣ, фароҳам овардани имкониятҳои фаррохи ташаккули онҳо ҳамчун шахсият дар ҷомеа бояд шукргузор бошанд ва аз ин неъмати бебаҳо самаранок истифода намӯда, донишу касб омӯзанд ва баҳри боз ҳам рушду шукуфоии кишвар саҳмгузор бошанд.

Бозорова С. – мудири кафедраи тибби оилавӣ

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.