ОЗМУН АЗ ФАННИ ҲАМШИРАГӢ 0 10 Мубодила кардан Рӯзи 12 феврали соли 2024 дар МДТ “Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.” озмун байни донишҷӯён аз фанни асосҳои кори ҳамширагӣ ташкилу баргузор гардид. Дар озмун иштирокчиён ба ду гурӯҳ тақсим шуда, байни ҳамдигар рақобат намуданд. Шартҳои озмун аз саволу ҷавоб аз фанни кори ҳамширагӣ ва иҷрои малакаҳои амалӣ иборат буд. Донишҷӯён аз иҷрои шартҳои озмун ба хубӣ баромаданд. Дар охир иштирокчиёни фаъоли озмун бо сипосномаи роҳбарияти муассиса қадрдонӣ карда шуданд. Мудири кафедраи кори ҳамширагӣ Аҳтамова С. Пеш 1 то 17 саҳифа Баъдӣ 0 10 Мубодила кардан