ДАСТОВАРДИ ДОНИШҶӮИ МО ДАР ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ТОҶИКИСТОН – ВАТАНИ АЗИЗИ МАН»

0 1

     Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» таҳти cарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2019 инҷониб баргузор шуда, мақсади озмун муаррифии фарҳанги волои миллати тоҷик, таблиғ ва эҳёи санъати миллӣ, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба суннатҳои неки аҷдодӣ, баланд бардоштани сатҳи касбии асарҳои нави мусиқӣ, навозандагӣ, сарояндагӣ, маҳорати касбии ҳунари мусаввирӣ, ҳайкалтарошӣ, ороишгарӣ ва либосдӯзӣ, интихоби намунаҳои беҳтарини оҳангу суруд, коллексияҳо ва асарҳои рассомӣ мебошад.

     Боиси хушнудист, ки донишҷӯёни МДТ “Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.” ҳамасола дар озмуни мазкур ширкат мекунанд ва дар давраҳои гуногуни он ба муваффақиятҳо ноил мегарданд. Соли ҷорӣ донишҷӯи бахши дуюми факултети кори ҳамширагии коллеҷ Ҷабборова Омина то даври ҷумҳуриявии озмун роҳхат гирифта, дар жанри анъанавӣ “Номинатсияи сарояндагӣ” (аз 18 то 35 сола) сазовори дипломи озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – ватани азизи ман” гардид.

Ҷонишини директор оид ба корҳои тарбиявӣ Хушвахтзода Г.

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.