ВОХӮРӢ ДОИР БА МАСЪАЛАИ МУҲИМИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ

0 4

         Рӯзи 7 уми феврали соли ҷорӣ дар МДТ  “Коллеҷи тибби ш. Кўлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.” вохӯрии омӯзгорону донишҷӯён бо кормандони Муассисаи давлатии “Маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО”дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон баргузор гардид.  Вохӯрии мазкур дар доираи амалигардонии мақсадҳои Барномаи миллии мубориза бар зидди эпидемияи ВНМО — БПНМ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ташкил карда шуд. Дар вохӯрӣ мутахассисони марказ доир ба роҳҳои интиқоли бемории мазкур ва пешгирӣ аз он маърӯза намуданд. Қайд карда шуд, ки новобаста аз корҳои зиёди фаҳмонидадиҳӣ ва чорабиниҳои профилактикӣ дар байни аҳолӣ бемории мазкур дар ҷомеа сол аз сол ру ба афзоиш дорад, ки ташвишовар мебошад. Аз ин рӯ дар вохӯрӣ таъкид карда шуда, ки байни аҳолӣ, бахусус ҷавонон, ки шумораи зиёди сироятёфтагонро ташкил медиҳанд, корҳои фаҳмонидадиҳию профилактикӣ бояд ҷоннок карда шаванд.

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.