ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТ – РАҲНАМОИ ҶАВОНОН ДАР РОҲИ РУШД

0 17

    Санаи 6 уми феврали соли ҷорӣ дар МДТ «Коллеҷи тиббии ш. Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.» бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи ш. Кӯлоб ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ш. Кӯлоб вохӯри, перомуни Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

    Дар ҷамъомади мазкур мудири шуъбаи кор бо ҷавонони назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Раҳимзода Меҳроҷ, сардори шуъбаи кор бо ҷавонон ва ноболиѓони ШКД-и шаҳри Кӯлоб Ҳамидов Дилшод, муовини раиси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ш. Кӯлоб Саймуминзода Фирӯз аъзоёни роҳбарият ва омӯзгорони коллеҷ ширкат доштанд.

  Аз рӯи масъалаи барассишаванда котиби ташкилоти ибтидоии ҲХДТ «Ворисони Сино»- и  МДТ  «Коллеҷи тиббии ш. Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А» Абдураҳмонов К. бо сухани ифтитоҳӣ баромад карда, оид ба  мақсадҳои баргузории вохӯрӣ гуфта гузашт. Ӯ аз ҷумла иброз дошт, ки натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати давлатии ҷавонон имрӯзҳо бараъло мушоҳида мешавад. Аз Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ иқтибос оварда шуд, ки ғамхорӣ нисбат ба ҷавонон, ҳалли мушкилоти онҳо ва истифодаи дурусти ин захираи стратегии миллӣ барои пешрафту ободии Ватан ва таъмини амнияту суботи ҷомеа яке аз афзалиятҳои асосии Ҳукумати мамлакат ба шумор меравад, зеро шумораи бештари аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд. Тайи беш аз се даҳсола ҷиҳати пешбурди сиёсати давлатии ҷавонон, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушду инкишофи қобилияту истеъдоди онҳо ва боз ҳам беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагиву фаъолияти ин қишри фаъоли иҷтимоӣ як силсила нақшаву барномаҳо қабул ва амалӣ шуда истодаанд.

       Сипас мудири шуъбаи кор бо ҷавонони назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Раҳимзода Меҳроҷ ба сухан баромада, перомуни муҳтавои Паёми Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои Миллат мухтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нуқтаҳои мушаххасро ба ҳозирин гуфта гузаштанд.

         Аз рӯи масъалаи мазкур намояндаи макомоти  ҳифзи ҳуқуқ Ҳамидов Д. сухан карда, таъкид намуд, ки ҷавонони имрӯза бояд аз дастгирию ғамхориҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ нисбати онҳо нерӯманд бояд бошанд ва аз фазои сулҳу амонӣ, соҳибистиқлолӣ ва имкониятҳои фаррохи касбомӯзию зиндагии шоиста истифода намуда, ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд, қувваю омилҳои ба амну суботи ҷомеа хатарнок, аз ҷумла терроризму экстремизм ва ҷинояткориро маҳкум намоянд. Ҳамеша дар пайи таҳсили илм ва касбомӯзӣ бошанд, зеро ояндаи Тоҷикистонро маҳз онҳо месозанд ва барои рушди минбаъадаи он заминаи мусоид мегузоранд.

         Муовини раиси Кумитаи ичроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб  Саймуминзода Ф. ба сухан баромада, дар бораи фаъолияти ҷавонон, бахусус ҷавонони шаҳри Кӯлоб, саҳми онҳо дар рушду нумӯи кишвар, муҳофизати ватан, иштироку дастовардҳояшон дар озмунҳои фаннӣ, чорабиниҳои варзишию фарҳангӣ гуфта гузаштанд.

Котиби ташкилоти ибтидоии ҲХДТ «Ворисони Сино» — и  МДТ «Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.»  Абдураҳмонов К.

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.