ИШТИРОКИ ФАЪОЛОНАИ ДОНИШҶӮЁН ДАР ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВӢ АЗ ФАНҲОИ ТАЪЛИМИИ РАВИЯИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ 0 9 Мубодила кардан Санаҳои 11 ва 12 уми ноябри соли ҷорӣ дар Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе “Олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи фанҳои таълимӣ” бахшида ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” баргузор гардид. Дар озмуни мазкур донишҷӯёни МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.” Мутрибаи Ҳайдар – донишҷӯи курси 2 – юм — ҷойи дуюм аз фанни химия ва Абдуллоев Зубайдулло – донишҷӯи курси дуюм – ҷойи 3 – юм аз фанни физика ишғол намуда, бо сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравии Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гаштанд. Маҳмудзода Қ.Н. – муовини директор оид ба корҳои илмӣ ва робитаҳои байналмилалӣ Пеш 1 то 6 саҳифа Баъдӣ 0 9 Мубодила кардан