ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ВА БУНЁДКОР 0 11 Мубодила кардан ҲХДТ ба раванди сиёсати кишварамон ворид шуда,дар барқарорсозии сулҳу оромӣ,таҳкими ваҳдати миллӣ ва аркони давлатдорӣ саҳми арзанда гузошт. Эмомалӣ Раҳмон Баъд аз ба даст овардани истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷомеаи кишваро як парокандагӣ ва мардуми онро ноиттифоқию ноумедӣ фаро гирифт. Ба ҷои илму хирад ва нерӯи заковат,ҷомеаро яроқу аслиҳа идора карда, мардум дар гирдоби тарсу воҳима умр ба сар мебурд. Дар чунин вазъият як нерӯ ё ташкилоти сиёсие зарур буд, ки халқро дар атрофи худ муттаҳид сохта, орзуи чандинасраи онро ҷиҳати бунёди давлати нави соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ амали гардонад. Ба қавле пешоҳанг бошад. Барои амалӣ кардани ин нияти нек, ташаккул ва ифодаи иродаи халқ, инчунин иштирок дар ҳаёти сиёсӣ, ташкили сохтору фаъолияти ҳукумат, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асоси боэътимод гашт. Ба ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади ба эътидол овардани вазъи сиёсии мамлакат 10-уми декабри соли 1994 ташкилоти ҷаддиди сиёсӣ таъсис дода шуд, ки зимоми роҳбарии сиёсии ҷомеаро ба даст гирифт. Воқеан ҲХДТ-чун як нерӯи тавонои сиёсӣ, аз рӯзҳои аввали ба арсаи сиёсат омаданаш, зери сарварии Раиси муаззами ҳизб, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми талошҳои худро ба мақсади таъмини сулҳу ваҳдати саросарии кишвар ва корҳои бунёдкориву созандагӣ баҳри рушди соҳаҳои мухталифи ҷомеа равона кард. Дар ҳақиқат, фаъолияти ҳар як ҳизби сиёсӣ ҳамон вақт муваффақу пешрафта аст, ки мақсаду маромаш барои манфиятҳои умумимиллӣ равона шуда бошад. ҲХДТ дар фаъолияти худ,таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист, дар тӯли фаъолияти 30-солааш исбот созад, ки тамоми нерӯи ин ташкилоти сиёсии ҷомеа барои пешрафти давлат ва беҳбудии зиндагии мардум амалӣ карда мешавад. Дар ҳақиқат, барнома ва ҳадафҳои ҲХДТ аз рӯзҳои аввали ба фаъолият шуруъ карданаш барои амалӣ сохтани ормонҳои ҳазорсолаи халқи ҷафокашидаи тоҷик мутобиқ буда,корҳои ба анҷомрасонидаи ҳизб низ шоҳиди ин гуфтаҳо мебошад. Имрӯз барномаи ҲХДТ натанҳо фарогири самту соҳаҳои идеологӣ, балки иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар мебошад. Яъне воқеан имрӯз барномаҳои ҳизб ҳамаи самтҳои ҳаёти ҷомеаи Тоҷикистонро фаро мегирад, ки бояд чунин бошад. Яке аз муваффақиятҳои ҳизби сиёсӣ дар он аст, ки ба халқ наздик бошад. Бинобар ин самти муҳими таъсирбахши ҲХДТ аз он иборат аст, ки ҳама сохторҳои он, сиёсати давлату Ҳукуматро мунтазам миёни мардум таблиғу ташвиқ мекунанд. Чуноне, ки Раиси муаззами ҳизб, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид мекунад; “Мо ҳизбиён, бояд ҳамеша миёни мардум бошем, миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа кор барем, дар ҳалли мушкилоти онҳо мусоидат кунем”. Дар ҳақиқат, рисолати ҳар як аъзои ҳизб аз он иборат аст, ки ҳама кору пайкораш ба манфиати мардум равона карда шавад. Яке аз комёбии ҲХДТ дар он аст ки аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ ба халқ такя кард. Тавонист бо роҳандозии Барномаҳои мукаммал, нерӯи тавонои халқро ба самти ободии Ватан сафарбар намояд. Дуруст аст, ки аз рӯзҳои аввали таъсисёбиаш ҲХДТ тарғиби ғояҳои сулҳу ваҳдати миллӣ ва таъмини суботу оромиро аз вазифаҳои аввалиндараҷаи худ медонад. Дар ин росто ҲХДТ имрӯзҳо ҳам мақсади мароми пойдории давлату соҳибистиқлолии кишвар, мутаҳидии миллат ва якпорчагии Тоҷикистон мебошад. Аз дигар тараф, мувафақияти ҲХДТ аз он иборат аст, ки тавонист дар ҳама манотиқи кишвар халқро атрофи мақсадҳои созандагиву бунёдкорӣ муттаҳид созад. ҲХДТ дар тӯли 30соли фаъолияти бобарор дар се самти муҳими ҷомеа корбарӣ карда, ба дастовардҳои бузург ноил шуд. 1;-Ба эътидол овардани вазъи сиёсии ҷомеа 2;-Ташаккули афкори ҷомеа дар роҳи шинохти моҳияти давлатдории миллӣ; 3;-Сафарбар намудани нерӯи бузурги халқи меҳнатқарини тоҷик ба ободонии Ватан ва ташаккул додани тафаккуру завқи баланди созандагӣ; Воқеан ҳам, дастоварду муваффақиятҳои ҲХДТ дар самтҳои зикршуда мақом ва нуфузи ҳизбро ҳамчун ташкилоти нерӯманди сиёсӣ дар ҷомеа боз ҳам мустаҳкам мегардонад. Бинобар ин мардуми кишвар ба ҲХДТ ҳамчун ҳизби манфиатҳои миллӣ эътимоди қавӣ дорад. Бо боварии комил мо гуфта метавонем, ки 30-соли фаъолияти ҲХДТ ҳамчун солҳои бобарор, созандагӣ ва пешрафту рушд, солҳои дастоварду комёбиҳои беназир мебошад. ҲХДТ дар фаъолияти сипаришуда собит сохт, ки ҳамчун ҳизби пешоҳанг, бунёдкору созанда дар ҷомеаи Тоҷикистони соҳибистиқлол миёни дигар ҳизбҳои сиёсӣ ҷойгоҳи арзишмандро дар даст дорад. Барнома ва ҳадафи асосии ҲХДТ, рушди бемайлони соҳаҳои асосии хоҷагии халқи Ҷумҳурӣ ва таъмини зиндагии шоиста барои мардуми кишвар мебошад. Юнусов Сорбон. Мудири кафедраи “Фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ”-и МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.” 0 11 Мубодила кардан