— Тарбия ва ба воя расонидани фарзанд кори муҳим, вазифа ва масъулияти падару модар дар назди ҷомеъа, миллату ватан ва умуман инсоният мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон.
Инсон оила барпо карда, фарзанд ба дунё меорад, онро тарбия мекунад ва дар пайванди наслҳо нақш мегузорад. Тарбияи фарзанд кори саҳл набуда, шабзиндадорию меҳрубонӣ, заҳмату масъулият талаб мекунад.
Бинобар ин, масъалаи тарбияи фарзанд ҳамеша мубраму муҳим боқӣ мемонад, зеро он ба ҳастии инсон ва инкишофи маънавии ӯ робитаи зич дорад.
Фарзандро аз азал меваи умри одамизод медонанд, чун фарзанд ҳаст, ки инсон номи худро аз наслҳо ба наслҳо пойдор мемонад. Гап сари он аст ки ин мева ҳамон вақт бор меорад ва лаззат мебахшад, ки агар волидон онро чун боғбон нигоҳубин каррда бошанд. Ҳар боғбон ҳамон вақт аз меҳнату заҳмати худ қаноатбахш мешавад, ки меваҳои парвариш намудааш манфиатбахш бошанд.