ОИЛАИ СОЛИМ ПОЙДЕВОРИ ҶОМЕАИ СОЛИМ

0 42

     Оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти муҳофизати давлат қарор дорад. Ҳуқуқҳои оилавиро қонун ҳифз мекунад. Оила танҳо замоне қонунӣ мегардад, ки дар мақомоти сабти ҳолати шаҳрвандӣ ба қайд гирифта шавад. Яъне, ҳуқуқи уҳдадориҳои зану шавҳар баъди гирифтани шаҳоданомаи ақди никоҳ ба миён меоянд.

     Нақши оилаи дар ҷомеа муҳим буда, танҳо оилаи солим метавонад пешрафт ва раванди зиндагиро дар ҳолати муътадил нигаҳ дорад. Пеш аз ҳама оилаи солим фазои солиму латиф, осудагиву озодагӣ, нармию гармиро фароҳам месозад; дуюм оилаи солим насли солим, фарзанди солеҳу боодобу ахлоқи ҳамида ба дунё меорад; сеюм оилаи солим поя ва асоси ҷомеаро ташкил намуда, дар ташаккулу суботи ваҳдати ҷомеа кумак мекунад. Танҳо оила аст, ки ба аҳли хонавода, махсусан фарзандон беҳтарин арзишҳои маънавӣ, ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва хонаводагиро, ба мисли тарбия, омӯхтани забон ва гуфтору рафтор, таъриху фарҳанг, донишҳои муосир, ватандӯстиву ватанпарварӣ, инсондӯстӣ, худшиносӣ ва хайру саодат таълим медиҳад.

    Дар воқеъ, оила дар ҳама давру замон ҷиҳати ташаккулёбии ҷомеа ва рушди фархангу маънавиёти миллату давлатҳо нақши созгор дорад. Зеро калиди ҳама гуна дастоварду пешравии ҷомеа, оилаҳои солиму устувор ба шумор мераванд. Бахусус, аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои рушди оила, инчунин ташаккул ва пойдориву устувории оилаҳои ҷавон диққати махсус зоҳир менамояд.

     Омӯзиши паёмҳои Сарвари давлат нишон дод, ки дар баробари дигар соҳаҳои иҷтимоӣ ба масъалахои таҳкими муносибатҳои оиладорӣ, алалхусус баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии оилаҳои ҷавон таваҷҷуҳи махсус дода шуда, масъалаҳои танзими оила, дастгирӣ ва кумакпулиҳо барои оилаҳои камбизоат, беҳбудии зиндагии оилаҳои бесаробон, сарфаю сариштакорӣ дар оилаҳои ҷавон, тарбияи маънавӣ ва муҳити солим дар оила, такмили низоми қонунгузории оилавӣ, пешгирии пош хӯрдани оилаҳои нав, солимгардонӣ ва пойдории оила, одоби оиладорӣ дар мисоли оилаҳои собиқадору ботаҷриба ва дар ниҳояти кор, ташаккули ҷомеаи солим низ аз мадди назар дур намондаанд.

     Бо мақсади баланд бардоштани мавқеи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар пойдории оилаҳо, таҷрибаи хоси таърихии мардуми мо ҷиҳати таҳти назорату сарпарастии шахсони барӯманд ва пирони хиради маҳаллаю коргоҳҳо гирифтани оилаҳои ҷавони муаммодор ба ҳукми анъана дароварда шуда, ҳангоми ворид гардидани аризаҳои даъвоии ҷудошавии оилаҳои кӯдакдор мақомоти ваколатдори давлатӣ қабл аз ҳама ба масъалаи аз тарафи шахси даъвои ҷудошавии оиларо ба миён гузошта пурра ҷуброн кардани тамоми хароҷоти нигоҳубини ин кӯдакон то ба синни балоғат расидани онон эътибори махсус диҳанд, ки ин фишанги асосии молиявии куллан коҳиш додани вайроншавии оилаҳо хоҳад шуд.

      Гуфтан ба маврид аст, ки фарзандон беҳтарин воситаи бақои оила ва сарчашмаи асосии хушбахтии мо мебошанд. Аз ин сабаб, барои тарбияи дурусти онҳо муҳити боварӣ ва эҳтироми ҳамдигариро фароҳам овардан зарур аст. Маврид ба зикр аст, ки миллати тоҷик дар тули таърих ба масъалаи тарбияи фарзанд аҳамияти ҷиддӣ медод. Дар қисми якуми моддаи 18 Эъломияи ҳуқуқи кӯдак сабт шудааст, ки «таъмини манфиатҳои кӯдак бояд мавзуи асосии ғамхории волидайн бошад».

    Яке аз омилҳои муҳимми пешрафти ҷомеа тарбияи дурусти фарзанд ба шумор меравад. Дар ин амри хайр нақши оила ҳамчун ниҳоди боэътимод ниҳоят муҳим мебошад.

    Агар оила ба тарбияи фарзандон эътибори ҷиддӣ дода, онҳоро солиму солеҳ ба воя расонад ва дар ташаккули шахсияташон дар хонавода аҳамияти зарурӣ диҳад, чунин фарзанд дар ҷомеа ҳатман мавқеи худро пайдо карда, боғи падару модар мегардад ва нафъаш ба падару модар ва кишвар зиёдтар мерасад.

       Бунёди оилаи солим, таъмини зиндагии орому осуда ва ба ин минвол бартараф кардани мушкилиҳо дар ҷомеа яке аз талаботи асосии давлатдорӣ мебошад. Тавре Пешвои муаззами миллат таъкид доштаанд: «Оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбад».

         Оила ва оиладорӣ пеш аз ҳама дар асоси ишқи пок ва садоқату ватандорӣ устувор мебошад. Дар зиндагии оилавӣ сабру таҳаммул ва муросову мадоро мавқеи муҳим дорад.

         Маърифат ва фарҳангу ахлоқи мардуми ҳар давлат, пеш аз ҳама, аз одобу дониш ва маданияти оиладорӣ сарчашма мегирад. Аз аҳди тамаддуни ориёӣ то имрӯз оилаву оиладорӣ муқаддас ва асоси давлат ба ҳисоб меравад.

     Дар ҷомеаи муосири тоҷик оила яке аз муҳимтарин ниҳоди иҷтимоӣ маҳсуб меёбад. Маҳз оила ҳамчун омили асосии интиқолдиҳандаи нақшҳо ва симоҳои мадании байни наслҳо буда, дар иҷтимоишавии ҷомеа саҳми бузург дорад.

   Ҷомеа бе оила вуҷуд дошта наметавонад, чунки оила пойдевори ҷомеа аст.

    Дар ҳамаи давру замон заминаи нахустини ташаккули ҷомеаи инсонӣ буд ва ҳаст. Чун мо ба таърихи гузаштаамон менигарем мебинем, ки ниёгони мо дар ташкили оили хеле ҳассос ва дақиқназар буданд. Натиҷаи ҳамин ташкили оилаҳои шарқиёна буд, ки Рӯдакию Фирдавсӣ, Синою Закариёи Розӣ, Носири Хисраву Берунӣ, Саъдию Ҳофиз, А. Донишу Шоҳин ва бисёр нобиғаҳои илму фан ба камол расиданд.

     Оила ва оиладорӣ яке аз қадимтарин мактабҳои ибтидоӣ-иҷтимоӣ буда, рукни асосии ҷомеа аз оила сарчашма мегирад ва ба шарофати оилаи устувор давлат мустаҳкам гардида, рушд менамояд ва некуаҳволии мардум меафзояд. Миллати тоҷик мактаби бузурги худро дар ташкили оила ва муносибатҳои байни аъзои оила дошта, дар тарбияи фарзанди солим, бомаърифату ватандӯст ҳамчун як ҷузъи  асосии  ҷамъият нақши  калидӣ  мебозад. Аз азал тоҷикон  мафҳуми “оила” ва “оиладорӣ”-ро муқаддас дониста, иззату эҳтироми байни аъзои оила, хусусан калонсолон, падару модарро, ҳамеша ба ҷо меоранд.

       Таҳаммулпазирӣ — ҳар як аъзои оила бояд кӯшиш намояд, ки якум дар муносибатҳои оилавӣ корро ба муноқиша набарад, баъдан дар сурати ба миён омадани муноқиша яке аз онҳо, бояд сабру оромӣ ва таҳаммулпазирро иҷро намояд.

      «Оила рукни муҳими пойдории ҷомеа буда, таҳти ҳимояи давлат қарор дорад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи оила таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, таъкид менамоянд, ки «оила дар ҳама давру замон муқаддас ва рукни ибтидоиву асосии давлат ҳисобида мешавад. Аз ин рӯ, барпо намудани оилаҳои комилу мустаҳкам вазифаи аҳли ҷомеа ва волидайн мебошад».

       Оилаи солим метавонад ҳастии миллатро таъмин намуда, онро ҳамчун як миллати солиму устувор ва ояндадор рушд бахшад. Аз ин лиҳоз, аҳли ҷомеаро мебояд дар бунёди оилаи солим аҳамияти хоса зоҳир намоянд. Бо арҷгузори ба оила ва пойдории оила ҳамасола 15 май дар сартосари Тоҷикистон «Рӯзи оила» таҷлил карда мешавад, ки воқеан ҳам баҳри пойдорию устувории оила маҳз таваҷҷуҳи хосаи Пешвои муаззами миллат дар самти оила ба мушоҳида мерасад.

н.и.п.  Маҳмудзода  Қумринисо  Нурали

            муовини  директор  оид  ба  илм  ва

            муносибатҳои  байналмилалӣ.

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.