МАҚОМУ МАНЗАЛАТИ ҲИЗБИ ХАЛҚӢ — ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ЗАРФИ 30 СОЛ

0 15

ҲХДТ 10 декабри соли 1994 дар Анҷумани муассисони Ҳизби Халқии Тоҷикистон ташкил ёфтааст. Дар вазорати адлияи ҷумҳурӣ 15 декабри соли 1994 таҳти рақами 199 сабти ном шудааст.

Дар он вазъи ноороми сиёсӣ, паст будани фарҳанги сиёсию динии мардум гурӯҳҳои манфиатхоҳ бо мақсади ҷалби мардум аз рӯи эътиқодоти динӣ мехостанд ҳизбу ҳаракатҳои хусусияти динидоштаро ба миён биоранд. Аммо, мардум огоҳ буданд, ки ин «фаъолон» мақсадашон ғасби давлати нав ба истиқлолрасида буду онро ба давлати исломӣ табдил додан, ки аз беруни кишвар идора карда мешуд. Ин ихтилофандозӣ боиси ҷанги шаҳрвандӣ шуда буд. Дар ҳамин ҳол зарурати таъсиси ҳизби наве, ки бояд арзишҳои дунявӣ ва динию мазҳабиро бо ҳам оштӣ медоду ҷавҳараш аз арзишҳои миллӣ ва башарӣ сарчашма мегирифт, ба миён омад. Аз ин лиҳоз, метавон гуфт, ки мақсад аз таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ин давра ба даст овардани қудрат набуд. Балки ҳадафи аслии ташкили ниҳоди нав муттаҳидии ақлҳои солими ҷомеа, таъмини сулҳу субот, рафъи буҳрони сиёсию иқтисодию мафкуравӣ, барқарор кардани хоҷагии халқи харобгашта ва дар харитаи ҷаҳон аз хатари нестшавӣ ҳифз намудани давлати тозаистиқлоли тоҷикон маҳсуб мешуд. Дар он айёми ҳассос маҳз Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд, ки бо назардошти афкору андешаи қишрҳои гуногуни ҷомеа аз иҷрои ин рисолати таърихӣ баромада, роҳи дурусти рушди мамлакатро муайян намоянд.

Бахшида ба 20 – солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни суханронӣ чунин иброз намуданд: “Барои ҷалби одамон ба корҳои хайру созанда чунин неруи сиёсие лозим аст, ки мардуми Тоҷикистонро бо ғояҳои сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, сарҷамъиву ваҳдати миллӣ ва волоияти қонун муттаҳид намуда, дар сафи пеши раванди бунёдкории Ватан қарор дошта бошад. Чунин ғояро ҳанӯз бист сол пеш ман бо ташкили ҳизби нав — Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба миён гузошта будам”.

Дар арафаи имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ 25 июни соли 1997 дар шаҳри Душанбе Анҷумани III Ҳизби Халқии Тоҷикистон барпо шуд. Дар он номи ҳизб ба Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон табдил дода шуд.

  18 апрели соли 1998 Анҷумани IV ҲХДТ барпо гардид. Вакилони Анҷуман Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Раиси ҳизб интихоб карданд. Раиси ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон дар Анҷуман сухан гуфта, таъкид намуд, ки «таърих гувоҳ аст, сиёсатмадороне, ки мехоҳанд дар кишвари худ ислоҳоти куллӣ гузаронанд, бояд қабл аз татбиқи барномаи стратегии худ ҳамсафон ва ҳаммаслакони худро ёбанд».

22 сентябри соли 2001 Анҷумани VII ҲХДТ барпо шуд. Раиси ҳизб Эмомалӣ Раҳмон дар Анҷуман баромад карда, самти стратегии ҳизбро дар марҳилаи нави рушди ҷомеа — давраи созандагию бунёдкорӣ илман асоснок намуд.

18 декабри соли 2004 Анҷумани VIII ҲХДТ барпо гардид. Дар он барномаи пешазинтихоботии ҳизб тасдиқ шуда, 21 нафар номзадро ба вакилии Маҷлиси намояндагони МО ҶТ аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ пешбарӣ намуд.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар асоси Сарқонун, қонунҳои конститутсионӣ, қонунгузории ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои байналхалқии ҳуқуқие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, ҳамчунин дар доираи Барнома ва Оинномаи хеш фаъолият мекунад.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо назардошти рушду пешрафти минбаъдаи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон бо ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар иттиҳодияву созмонҳои ҷамъиятӣ, ки фаъолияташон дар доираи Конститутсия ва қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад, ҳамкорӣ мекунад.

Фаъолияти ташкилию таблиѓотиашро ҲХДТ дар асоси принципҳои зерини демократӣ ба амал мебарорад:

— умумияти ѓоявӣ, рафоқати ҳизбӣ, ягонагии манфиату ҳадафҳои ҳизб, баробарии ҳуқуқу уҳдадориҳои ҳамаи аъзоёни ҳизб, интизоми бошуурона;

— эҳтиром ба нуқтаи назари ҳар як аъзои ҳизб, худидоракунии ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, ошкорою шаффоф будани фаъолияти ҳизбии сиёсӣ;

— интихобӣ будани ҳамаи вазифаҳои роҳбарикунандаи ҳизбӣ аз поён то боло;

— ҳамеша ҳисоботдиҳанда будани мақомоти ҳизбӣ;

— интизоми қатъии ҳизбӣ ва ҳатмӣ будани қарорҳои мақомоти болоии ҳизбӣ барои мақомоти поёнӣ;

— роҳбарии дастҷамъона ба ҳамаи мақомоти ҳизбӣ, масъулияти шахсии ҳар аъзои ҳизб барои иҷрои вазифаҳою супоришҳои ҳизбӣ.

ҲХДТ дар фаъолияти худ ба кори миёни занону ҷавонон эътибори махсус медиҳад. 3,5 ҳазор ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, ки дар ҳамаи маҳаллаю кўчаҳо, ҷамоатҳои ҷумҳурӣ фаъолият доранд, дар сафҳояшон бештар аз 102 000 аъзои ҳизбро муттаҳид мекунанд. Аз онҳо 35 дарсадро занон ва бештар аз 48 дарсадро ҷавонон ташкил медиҳанд.

Узвият дар ҳизби сиёсӣ танҳо дар асоси майли ихтиёрии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарти эътироф намудани Оиннома ва мақсадҳои муайянкардаи барномаҳои ҳизбҳои сиёсӣ аз ҷониби шаҳрвандон мумкин аст.

Нашрияи марказии ҳизб рўзномаи «Минбари халқ» аст, ки бо теъдоди 115 216 ҳазор нусха бо забонҳои тоҷикӣ, ҳафтае 1 бор мебарояд. Инчунин, дар вилояти Хатлон нашрияи КИ ҲХДТ бо номи «Ҳамрози Халқ» ҳафтае як маротиба бо теъдоди 21300 нусха рӯи чоп меояд.

Имсол аз рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 30 сол пур мешавад, ҳамаи аъзоёни ҳизбро табрику таҳният гуфта, таманнои онро дорам, ки дар кишвари мо зери сиёсати ватанпарваронаю ғамхоронаи Пешвои муаззами миллат, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу осиштагӣ ҳамеша барпо бошад.

Ҳасанова Маҳтовбӣ, мудири китобхонаи МДТ «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз»

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.