БЕҲТАРИН ЁРИ ВАФОДОР КИТОБ АСТ… (Андешаҳо ва сайри таърихӣ дар бораи китоб) 0 53 Мубодила кардан Китоб як рукни муҳими тамаддуни башарӣ ва ҷузъи ҷудонопазири зиндагии инсон аст. Аз ин ҷост, ки мардуми олам бо арзи эҳтиром ба ин ганҷинаи маънавии ниёгон, китобҳоро дар хазинаҳои миллии хеш нигоҳдорӣ мекунанд, то ин ки наслҳои имрӯза ва оянда аз онҳо барои рушду камолоти маънавии худ истифода баранд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Китоб ин воситаи интишоргардонӣ, нигоҳдорӣ ва паҳн намудани маълумотҳои таърихӣ, фарҳангӣ, илмӣ, сиёсӣ, ҳарбӣ, идеяҳо, образҳои (тасвирҳо) бадеӣ, меъморӣ, ва донишҳои муҳим барои тағйири муҳити инсон ва ҷомеа мебошад. Тибқи санадҳои байналхалқӣ ва махсусан мувофиқи тавсияи ЮНЕСКО асари ҳаҷман беш аз 3 ҷузъи чопӣ, яъне аз 48 саҳифаи чопӣ кам набударо шартан китоб гуфтан мумкин аст. Китоб аз васоили муҳимми ахбори оммавӣ, илмӣ ва техникӣ, аслиҳаи пурзӯри муборизаи сиёсию идеологӣ дар бақои давлатдорӣ, паҳнкунию тарғиби дониш ва тарбияи ҷомеа ба шумор меравад. Назаре ба таърихи пайдоиш ва рушди китобу китобдорӣ… Мувофиқи сарчашмаҳои хаттӣ, ки ба дасти мо расидааст китоб дар ҷаҳон бори аввал 5000 сол пеш дар Месопотамия, ки дар Осиёи ғарбӣ ҷойгир аст, пайдо шудааст. Нахустин китоб аз лой сохта шуда буд, ки дар ҳолати мулоимӣ дар он бо чӯбчаи махсуси нӯктез аввал аломатҳоро менавистанд, сипас дар оташ ё офтоб мехӯшкониданд, то ин ки сифати он боз ҳам хубтар шавад ва навиштаҷоти он тоза нашавад. Дар ин ҳолат ба навиштаҷоти он тағйиротҳо ворид кардан тамоман ғайриимкон буд. Ҳар як китоб аз 10 то 100 саҳифаи лойин иборат буд, ки онро пас аз хушконидан дар ҷевони тахтагин нигоҳ медоштанд. Дар Аврупо аввалин дастнависҳои папирусӣ дар Мисри Қадим ёфт шудаанд, ки ба ҳазораи 4-3-юми то милод мансубанд. Дар асри VI бори якум ксилография (асбоби махсуси китобчопкунӣ) ба кор даромад. Асри XI бо ёрии литери (қолибчаҳои) махсус (аз гилу чӯб тайёр карда мешуд) чоп кардани китобро дар шаклҳои гуногун ҷорӣ намуданд. Дар нигоштаҳои таърихии Юнони Қадим китоб воситаи нигоҳ доштани дастовардҳои илму дониш маҳсуб меёфт ва аввалин намунаҳои китобсозӣ , дар асри IX то милод тавлид шудаанд ва онро дар папирус навишта нигоҳ медоштанд. Дар Рими қадим бошад, рушду нумуи илму дониш тавассути китоб паҳн карда мешуд ва барои нигоштани китобҳо ғуломони махсус, ки омӯзиш гирифта буданд, ҷалб карда мешуданд. Дар тамоми кишварҳои Аврупо мутахассисон аввал аз папирус ба варақҳои яклухт, баъд ба перғамент (пӯст) ва ниҳоят ба коғаз гузаштанд, ки ин тавассути рушду тарақиёти ҷомеа сурат гирифтааст. Дар асри ХV дар шаҳрҳои Аврупо теъдоди аҳолӣ афзуда буд ва барои фарҳангчиёни он рӯйбардоркунии китобҳо як мушкилоти ҷиддӣ ба ҳисоб мерафт. Ин мушкилот водор месохт, ки роҳи ҳарчи зудтар нусхаафзоӣ намудани китобҳоро дарёфт кунанд. Дар натиҷаи афзоиши талабот ба китоб ксилография пайдо шуд. Солҳои 40-уми асри XV аз тарафи як сокини шаҳри Майтси давлати Олмон Иогани Гутенбург (1400-68) ихтироъ намудани воситаи китобчопкунӣ пай дар пай такмил ёфта, ба дигар мамлакатҳо ҳам паҳн шудан гирифт.Аз ҷумла, соли 1468 дар Чехословакия ва Швейтсария, 1470 дар Фаронса, 1473 дар Полша ва Венгрия, 1477 дар Англия китобчопкунӣ ҷорӣ гашт. Соли 1564 дар Москва аз тарафи Иван Фёдоров ва Пётр Мстислав аввалин китобҳо тавассути дастгоҳи чопкунӣ пешниҳод карда шуд. Охири асри XVIII ва аввали асри XIX дар санъати чопи китоб матбаа, ороишу зинати бадеӣ, ҳамчун соҳаҳои мустақил ривоҷ ёфт. Дар Осиёи Миёна китобчопкунӣ баъди ба Россия ҳамроҳ шудан таъсис ёфт. Китобҳои мактабҳои русии маҳаллӣ дар Осиёи Миёна дар шаҳрҳои Тошканд, Самарқанд, Қазон, Когон бо забонҳои миллӣ чоп мешуданд. Таърихи китобчопкуни дар Корея ба асри XIV рост меояд, ки авввал бо ёрии литерҳои фулузӣ ҷорӣ шуд, ки минбаъд барои такмили интишори китоб ёрӣ аниқ расонидааст. Тибқи сарчашмаҳои таърихӣ аз коғаз сохтани китобҳоро чиниён ду ҳазор сол муқаддам шуруъ намуданд. Дар рӯи коғаз навиштани хат ва сохтани китоб нахустин бор дар Хитой ё Туркистони шарқӣ дар асрҳои IV-II пеш аз эраи мо эҷод шудааст. Ин намунаҳои коғазро япониҳо дар асри VI дар натиҷаи ҳафриётҳои таърихӣ пайдо кардаанд. Нахустин Китоби тоҷикон аз осори хаттии шаҳасари безаволи «Авесто» ибтидо мегирад, ки маъхазҳо оид ба мазмуну тарзи ҷилдбандӣ ва ороиши он ривоят мекунанд. Авесто — яке аз қадимтарин ёдгориҳои адабиёти бостонии халқи форсу тоҷик мебошад. Аввалин бор Авесто дар замони Дорои I (522-486 пеш аз милод) таҳрир гардида, ба қайди китобат дароварда шуда буд. Бинобар маълумоти китоби пахлавии Шаҳристонҳои Эрон бо фармони шоҳ Виштос Зардушт Авесторо дар 12000 пусти гов бо хати тилло навишта, онро дар хазинаи оташкадаи шоҳаншоҳи ҷой дода буд. Онвакт Авесто ба 1200 боб ҷудо мешуд. Искандари Мақдуни соли 331-и қабл аз мелод ҳангоми истилои Форс он нусхаро сузонда, хокистарашро ба об партофт ва нусхаи дигари Авесто дар тахтачаҳои тилло навишта шуда буд. Онро Искандар ба ватани худ бурда матнашро ба забони юнони тарҷума кунонд. Дар асоси баъзе сарчашмаҳо асри VIII дар Самарқанд китобҳои коғазӣ ёфт шудаанд. Ва дар ҳамин давраи таърихӣ китобнависӣ, хаттотӣ, муқовабандӣ барин касбҳо пайдо мешаванд. Асрҳои миёна дар Осиёи Миёна, бахусус дар Ҳисор санъати хаттотӣ хеле инкишоф ёфт, ки ин аз алоқамандии мардум ба китобхонию китобнависи дарак медиҳад. Нигоҳе ба мақому манзалати китоб … Китоб ба ҳайси як дӯст, устод, маслиҳатгар ва роҳкушою роҳнамои беминнат ва беҳтарин ёвар қодир аст, ки ба инсон дар зиндагӣ, кору фаъолият, ба даст овардани муваффақият ва донишу масъалаҳои нав ба навро омӯзонад. Нафари китобхон, чун ниҳоли пурсамаре намуддор аст, ки бо тавоноияш ҳар лаҳза ба ҷомеа, инсонҳо ва муҳити дигарон неруву тавоноӣ мебахшад. Китобхони ҷахони маънавии инсонро рушд бахшида, барои сухандонию суханварӣ, рушди ақлонии инсон нақш дорад. Мутолиаи китоб ба инсонҳо хушбахтӣ, зиндагии зебо ва дӯстдориро талқин мекунад, меҳру муҳаббатро ба инсонҳо, муҳити атроф, табиат, кору зиндагӣ зиёд мегардонад ва аз бадиву дурӯғ, фиребу найранг ва хиёнат нигоҳ дошта, раҳмдилиро тарғиб менамояд. Мавқеъ ва манзалати китоб дар ҷаҳон чун дурри гаронбаҳо пазируфта шудааст. Ва тамоми миллатҳои сайёра барои нигоҳ доштани таъриху фарҳанг, урфу одат, илму дониш ва бақою мустаҳкам нигоҳ доштани давлату миллат чун воситаи беҳтаринро маҳз тавассути китоб интихоб намудаанд. Ба хотири гиромидошту арҷ гузоштан ба китоб ҳамасола 14 февралро ҷомеаи ҷаҳонӣ чун Рӯзи байналмилалии ҳадяи китоб (International Book Giving Day) таҷлил мекунад. Ҳадаф аз таҷлили ин рӯз он аст, ки ба тамоми қишрҳои ҷомеа расонида шавад: танҳо китобхонӣ ва мутолиаи пайваста ҷомеаро аз вартаи ноогоҳӣ мераҳонад. Таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳадяи китоб аз соли 2012 оғоз мешавад. Ба андешаи китобшиносон, рӯзи ҳадяи китоб на танҳо бо моҳияти ҷаҳонияш ҷашни байналмилалӣ гаштааст, балки ба он хотир аст, ки пешниҳодшудаву ихтироъкардаи худи ҷомеа мебошад. Пешниҳодкунандаи он як зани одии амрикоӣ -Эмми Бродмур ба шумор меравад. Эмми Бродмури амрикоӣ бо хоҳиши фарзандаш, ки мехост барои одамоне, ки битавонанд ба ҳамдигар китоб тақдим кунанд, рӯзи махсусе вуҷуд дошта бошад, пешниҳод гардида, аз ҷониби умум пазируфта шуда буд. Ин рӯзро ба хотири он пешниҳод намуданд, ки муҳаббати инсонҳоро ба мутолиа намудани китоб бедор кунанд. Инчунин, 7 феврал рӯзи ҷаҳонии «Бо садои баланд китоб бихон» таҷлил карда мешавад. Мақсади асосии таҷлили чунин санаҳо таблиғу ташвиқи китобхонӣ дар байни ҷомеа мебошад. 23 апрел рӯзи ҷаҳонии «Китоб ва ҳаққи муаллиф» (word book and copyright day) таҷлил карда мешавад, ки ин санаи муҳим дар иҷлосияи 28-уми Юнеско 15 ноябри соли 1995(Қатъномаи №3.18) эълон гардидааст. Ҳамасола 2 апрел Рӯзи ҷаҳонии китоби кӯдак таҷлил карда мешавад. Ин сана ба ифтихори зодрӯзи нависандаи достонҳои кӯдакона Ҳарс Кристиан Андерсан номгузори карда шуд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола 4 сентябр «Рӯзи китоб» эълон гардидааст. Соли 2021 бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла хонандагону донишҷӯён ва ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва шаҳрвандони кишвар баргузории озмуни «Фурӯғи субҳи доно китоб аст…» ташкил ва ҷараёни тоза гирифт, ки то ҳол гузаронида мешавад. Гузаронидани чунин озмунҳо аз доштани мавқеъ ва манзалати китоб дар байни ҷомеа шаҳодат медиҳад. Инчунин, бо ташабус ва ибтикори хирадмандонаи Пешвои миллат ба тамоми кишвар шоҳасари Қаҳрамони Тоҷикистон устод Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» тақдим карда шуд. Ҳамчунин, бахшида ба таҷлили 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон асари безаволи «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ба тамоми оилаҳои кишвар тақдим карда мешавад. Назаре ба ҳикмату ситоиши китоб… Лев Николаевич Толстой донишманд ва навистандаи рӯс мегӯяд: муҳтавои китоб абадист… Ин моҳият тафаккурро абад мекунад. Муҳаммад Ҳиҷозӣ дар бораи эътибори китоб чунин гуфтааст: Муфидтарин ихтирои башар китоб аст… Ҷоми ҷаҳоннамо китоб аст. Соҳиби Табрезӣ дар бораи китоб чунин гуфта: Соиб маталаб рӯи дил аз кас, ки дар ин аҳд, Рӯе, ки нагардад, зи касе, рӯи китоб аст. Екатерина — шоҳбонуи Россияи подшоҳи: Китоб оинаи шаффофтарин аст, фақат гуноҳро намегӯяд ва илмро туҳфа мекунад. Денни Дидро файласуф: Инсоният аз фикри солим боз мемонад, агар аз китобхонӣ даст кашад. Расул Ғамзатов шоир ва нависандаи доғистони: Халқи аз китоб маҳрум ба инсоне шабоҳат дорад, ки бе оина рӯйи худро дида наметавонад. Биё китоб мехонем… Таърихи бойю пурғановати халқи тоҷик гувоҳӣ он аст, ки дар ниёгонамон пешаи китобдорӣ ва бунёди китобхонаҳоро барои нигоҳ доштани фарҳангу таърих бо ифтихор бунёд мекарданд. Академик Бобоҷон Ғафуров вобаста ба бунёди китбхонаҳо ва нигаҳдории китоб чунин навишта буд: “Махсусан, омӯхтани адабиётҳои доир ба риштаҳои мухталифи илму фан дар китобхонаи машҳури Сомониён, ки Абӯалӣ ибни Сино ба туфайли муолиҷа кардани амир Нӯҳ ибни Мансури Сомонӣ ба он ҷо роҳ ёфта буд, аксарияти вақти худро ба мутоилаи китобҳои он сарф мекардааст, дар таҳсилоти шахсии ӯ аҳамияти бағоят калоне дошт”. Китобхона ҳамчун маҳзани ёдгориҳои хаттӣ дар замони қадим пайдо шудааст. Дар аввали асри 7-и пеш аз милод дар китобхонаҳои шоҳони бисёр мамлакатҳои Шарқ маҷмӯи сафол ва пергаметҳо нигоҳ дошта мешуданд, ки барои босавод намудани ҷомеа хизмат менамуд. Пас, моро низ лозим аст, ки ба ин ганҷинаи бебаҳо ҷиддӣ назар намоем ва барои бунёди як ҷомеаи солим моро зарур аст, ки китоб бихонем. Иброҳимов С.Т. — мудири кафедраи «Фанҳои гуманитарӣ» Пеш 1 то 2 саҳифа Баъдӣ 0 53 Мубодила кардан