МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ҶАВОНОН – КАФОЛАТИ ҶОМЕАИ ҲУҚУҚБУНЁД

0 1

    Санаи 11 – уми октябри соли ҷорӣ дар МДТ “Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.” дар доираи амалисозии нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷроиши бандҳои “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, ки 1 июни соли 2021 аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расонида шудааст, вохӯрии сардори гурӯҳи фаврии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоб полковник Нуралиев Зафар Сафарович бо ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни коллеҷ баргузор гардид.

     Ҷаласаро директори коллеҷ доктори илмњои тиб Азиззода Зубайдулло Абдулло кушода, мақсади вохуриро ба ҳозирин фаҳмонид.

     Зимни суханронӣ сардори гурӯҳи фаврии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоб  полковник Нуралиев Зафар Сафарович қайд намуданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз рӯзҳои аввали давлатдории хеш зидди ҳама гуна зуҳуроти номатлуб муборизаи беамон бурда, кӯшиш намудааст, ки сохти давлатдорӣ ва ҷомеаи шаҳрвандие ташкил намояд, ки дар он сулҳу ваҳдат, ҳуқуқҳои инсон дар ҷойи аввал бошад. Ӯ аз ҳодисаҳои нангини ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-ум сари миллати тоҷик омада ёдовар шуда, иброз дошт, ки ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон бо чунин зуҳуроти номатлуб аллакай рӯ ба рӯ шудааст. Ҷанги шаҳрвандӣ, ки бо айби намояндагони ҳизби наҳзати исломӣ ва бо маблағгузории онҳо аз хориҷи кишвар ба вуқӯъ омад ҷони ҳазорон нафарро аз байн бурда, боиси даҳсолаҳо қафо мондани иқтисодиёти ҷумҳурӣ гардид. Маҳз сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат ва ору номуси мардуми шарифи Тоҷикистон буд, ки ҳама аз як гиребон сар бароварда баъд аз муддати зиёди гуфтушунидҳо созишномаи Ваҳдати миллӣ ба имзо расонида шуд. Он гурӯҳҳои террористӣ-экстремистие, ки ба қонунгузорӣ итоат намекарданд нобуд карда шуданд ё ба маҳкама кашида шуданд. Дар заминаи талошҳои зиёди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ахиран дар ватани мо сулҳу амонӣ пойдор гардид ва мо имрӯзҳо дар фазои ваҳдату осоиштагӣ ва ягонагӣ зиндагонӣ карда истодаем.

         Нуралиев З.С. зимни суханрониашон иброз доштанд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ибрози назар намуданд, ки “Яке аз омилҳои торафт густариш пайдо кардани зуҳуроти терроризм ва ифротгароӣ васеъ истифода гардидани технологияҳои муосири иттилоотӣ мебошад. Имрӯзҳо шабакаи Интернет, мутаасифона аз ҷониби гурӯҳҳои  террористию ифротгаро бо мақсади таблиғи ғояҳои эктремистӣ, ба сафи худ ҷалб намудани аъзоёни нав, омода ва роҳбарӣ кардани онҳо ба аъмоли харобкорона ба таври густурда истифода мешавад”. Дар ин миён нақши Интернет дар ҷалбсозии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию ифротӣ назаррастар аст. Чунки, созмон, гурӯҳ ва ҳизбу ҳаракатҳои террористию эктремистии аз номи ислом баромадкунанда дар даҳ соли охир дар интернет дар пешбурди фаъолиятҳои террористию эктремистии хеш ба “муваффақиятҳои чашмрас” ноил гаштаанд. Тибқи таҳлилу гузоришҳо махсусияти Интернет дар ҷалбсозии ҷавонон ба созмону гурӯҳҳои террористию экстремистӣ дар он зоҳир мегардад, ки қисмати бузурги аудиторияҳои ҳаррӯзаи манбаъҳои онлайниро ҷавонони аз 30 сола поён ташкил медиҳанд ва истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоиро бошад, наврасону ҷавонони аз синни 14 то 20-сола ташкил медиҳанд. Мутаасифона ҷавононе, ки саводи ҳуқуқӣ надоранд ва аз мақсадҳои нопоки чунин гурӯҳҳои экстремистӣ огоҳ нестанд ба ақидаҳои нопоки онҳо дода шуда, даст ба амалҳои ноинсонгарона мезананд. Ӯ аз иштироки як қатор ҷавонони Тоҷикистонӣ дар узвияти гурӯҳи террористию экстремистии ДОИШ, “Ансор-ул-лоҳ” ва дигар гурӯҳҳо бо тааҷуб сухан гуфта, инро натиҷаи таълиму тарбияи паст дар оилаву мактаб ва нокифоя будани маърифати ҳуқуқии ҷавонон, паст будани ҳисси инсондӯстию ватандӯстӣ дар онҳ арзёбӣ намуд.

         Ӯ аз ҷавонон даъват ба амал овард, ки аз шароитҳои барои онҳо дар Тоҷикистони азизамон самаранок истифода намуда, ба таҳсилу илмомӯзӣ ва касбомӯзӣ машғул бошанд ва дар ободу зебо сохтани ватани азизамон саҳмгузор бошанд.

         Дар ҷамъбасти ҷаласа директори муассиса д.и.т Азиззода З.А., ба Нуралиев З.С. барои ташкили чунин вохӯрии судманд бо ҷавонон изҳори сипос намуда, ҳамчунин иброз дошт, ки маҳз саводнокӣ ва маърифати баланди ҷавонон метавонад онҳоро аз кирдорҳои ношоиста пешгирӣ кунад. Ӯ ба омӯзгорон рӯ оварда таъкид намуд, ки корҳои тарбиявиро баҳри баланд бардоштани ҳисси худшиносию ватанпарварӣ, маърифати ҳуқуқӣ, арҷ гузоштан ба фарҳангу анъанаҳои миллӣ, аз ҷумла либосҳои миллӣ, чакану адрас, ки имрӯзҳо ҳамчун арзишҳои таърихии байналмилалӣ эътироф шудаанд бештару беҳтар созанд.

         Ҷонишини директор оид ба таълим Нуруллоева С.А.

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.