ДАРСҲОИ КУШОДУ НАМУНАВӢ – САРЧАШМАИ ТАКМИЛИ ИХТИСОС БАРОИ ОМӮЗГОРОНИ ҶАВОН

0 2

    Боиси хушнудист, ки аз тарафи кафедраҳои таълимӣ солҳои охир фаъолияти кафедраҳо дар ташкили чорабиниҳои гуногун баҳри баланд бардоштани савияи дониши назариявӣ ва амалии донишҷӯён ва такмили ихтисоси омӯзгорони ҷавон бештару беҳтар гардидааст. Дар ташкили чорабиниҳои таълимӣ-тарбиявӣ, аз ҷумла машғулиятҳои кушоду намунавӣ бахусус фаъолияти кафедраҳои кори ҳамширагӣ, тибби оилавӣ, химия ва биология, акушерӣ ва гинекологӣ, забони тоҷикӣ, анатомия ва физиология ва фанҳои гуманитарӣ бештар назаррас мебошад.

    Ташкили дарсҳои кушоду намунавӣ доир ба мавзӯъҳои марбут ба масъалаҳои парастории ҳамширагӣ ҳангоми бемориҳои бештар дар байни аҳолӣ паҳнгашта, иҷроиши дурусти малакаҳои касбӣ ва мавзӯъҳои тарбиявӣ бошад бештар ба масъалаҳои одоби муоширати кормандони тиббӣ, маърифати ҳуқуқӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистию террористӣ бо мақсади баланд бардоштани ҳавасмандии донишҷӯён ба касби интихобнамуда ва меҳри инсондӯстию ватанпарварии онҳо равона карда шудаанд.

         Давлатова С.Т. – Сардори шуъбаи илмӣ-методӣ

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.