САҲМИ ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР ҒАЛАБАИ ҶАНГИ БУЗУРГӢ ВАТАНӢ

0 5

    Санаи 8 майи соли ҷорӣ дар муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тибии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз» чорабинии сиёсӣ-адабӣ зери унвони «Саҳми халқи тоҷик дар ғалабаи Ҷанги Бузургӣ Ватанӣ» бахшида ба 79-умин солгарди Иди ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ Исмоилзода Сайфулло ва Азимов Суҳроб роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятии маъюбони ҷанг дар Афғонистони шаҳру минтақаи Кӯлоб ва омӯзгорону донишҷӯён иштирок намуданд.

     Чорабиниро директори муассиса Азиззода З.А. оғоз намуда, ҳозиринро ба ин санаи таърихӣ табрик намуданд. Ӯ аз ҷумла қайд намуд, ки: Ҷанги дуюми ҷаҳониро таърихшиносони дунё вазнинтарин ва мушкилтарин имтиҳони инсоният дар тулӣ дар асри бистум меҳисобанд. Тули 5 соли ҷангҳои хунин ва муборизаҳои беамони ин фоҷеаи асри 20  дар ҳудуди 40 давлати дунё сурат гирифтааст. Талафоти умумии инсоният ба 55 миллион нафар расид, ки тақрибан 30 миллиони онҳо дар набардҳои мудҳиш ҳалок гардидаанду зарари умумии ҷанг 4,5 триллион доллари амрикоро ташкил дод. Мо бо ифтихор мегӯем, ки дар ин ҷанг зиёда аз 300 ҳазор нафар фиристодаҳои тоҷикистонӣ иштирок карданд ва дар ин ғалаба саҳми калон гузоштаанд. Барои қаҳрамонию мардонагӣ 60 нафар бо унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ, 15 нафар бо се дараҷаи ордени «Шараф» ва даҳҳо ҳазори дигар бо ордену медалҳои ҷангӣ қадрдонӣ гардидаанд.

     Сипас, меҳмонони чорабинӣ Исмоилзода Сайфулло ва Азимов Суҳроб ба сухан баромада, аз корнамоию қаҳрамонии фарзандони Тоҷикистон дар набардҳои ҷангӣ маърӯза намуданд.

     Ҳамзамон, омӯзгорони кафедраи «Фанҳои гуманитарӣ» низ бо маърӯзаҳои илмии худ оид ба саҳми занону бонувон ва дигар ҷанговарони тоҷик маълумтҳои заруриро ироа намуданд.

    Дар охир, ба меҳмонон сипосномаҳои роҳбари муассиса тақдим карда шуд. Дар охири чорабинӣ намоиши фарҳангӣ, иборат аз сурудҳои таранумгари сулҳу ваҳдат  манзури ҳозирин гардонида шуд.

Мудири кафедраи «Фанҳои гуманитарӣ»

Иброҳимов С.Т.

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.