ҶАШНИ 30 СОЛАГИИ ҲХДТ ВА САҲМИ ОН ДАР ПЕШБУРДИ СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

0 15

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) яке аз муҳимтарин ва муассиртарин ҳизбҳои сиёсӣ дар ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад, ки он на танҳо дар пешбурди сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар, балки дар ҳамбастагӣ ва муттаҳидии ҷомеа низ нақши муҳим гузоштааст.

ҲХДТ 10 декабри соли 1994 бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфт ва дар тӯли фаъолияти худ ба яке аз муҳимтарин сохторҳои сиёсӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон табдил ёфт.

Дар замоне, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон нав соҳибистиқлол гардида буд, зарурати таъсиси ҳизби наве, ки бояд арзишҳои дунявӣ ва динию мазҳабиро ба ҳам меовард ва пойдевораш арзишҳои миллӣ буд, ба миён омад. Аз ин рӯ, мақсади асосии ҲХДТ муттаҳидии ҷомеа, таъмини сулҳу субот, рафъи буҳрони сиёсию иқтисодӣ дар кишвар, ва аз ҳама муҳим аз хатари нестшавӣ ҳифз намудани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ба ҳисоб мерафт.

18 апрели соли 1998 Анҷумани IV ҲХДТ баргузор шуд, ки дар он вакилони Анҷуман Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро раиси ҳизб интихоб намуданд. Раиси ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон дар Анҷуман суханронӣ намуда, таъкид намуд, ки “таърих гувоҳ аст, сиёсатмадороне, ки мехоҳанд дар кишвари худ ислоҳоти куллӣ гузаронанд, бояд қабл аз татбиқи барномаи стратегии худ ҳамсафон ва ҳаммаслақони худро ёбанд”.

Ҳамин гуна, дар замони бисёр ҳассос Раиси ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки бо назардошти афкору андешаи қишрҳои гуногуни ҷомеа аз иҷрои ин рисолати таърихӣ баромада, роҳи дурусти рушди мамлакатро муайян намоянд.

ҲХДТ дар солҳои аввали фаъолияти худ ба барқарорсозии сулҳ, субот ва муттаҳидии миллат равона шуда буд. Ин ҳизб бо роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон тавонист сиёсати сулҳовариро дар кишвар роҳандозӣ намояд, ки он дар натиҷа ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшид ва мардуми кишвар ба зиндагии осоишта рӯ оварданд.

Чӣ гунае, ки дар дар марҳилаи аввали фаъолияти ҳизб раиси  он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карда буданд: “вазифаи стратегии мо дар солҳои наздик аз таъмини рушди устувори иқтисоди мамлакат, истиқлолияти энергетикӣ, озуқаворӣ, раҳоӣ ёфтан аз бунбасти коммуникатсионӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, бунёди корхонаҳо, муҳайё сохтани ҷойҳои нави кор, рушду таҳкими низоми демократӣ, такмили минбаъдаи қонунгузорӣ, тақвияти асосҳои давлати ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва идома додани сиёсати самарабахши хориҷӣ бо назардошти волоияти манфиатҳои милливу давлатиамон иборат аст”.

Бояд гуфт, ки идеологияи ҲХДТ ба принсипҳои мардумсолорӣ, ваҳдати миллӣ ва рушди иқтисодӣ асос меёбад. Ҳадафи аслии ҳизб таъмини зиндагии сазовори шаҳрвандон, суботи сиёсӣ ва рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ин ҳизб бар он аст, ки танҳо тавассути ҳамбастагӣ ва ҳамкории тамоми қишрҳои ҷомеа метавон муваффақиятҳои воқеиро ба даст овард.

Сохтори ҲХДТ аз шӯрои олии ҳизбӣ, шӯроҳои маҳаллӣ ва зерсохторҳои ҳизбӣ иборат аст. Ҳизб дорои як системаи муназзам ва ташкилшуда мебошад, ки барои татбиқи барномаҳо ва ҳадафҳои худ дар тамоми минтақаҳои кишвар таъсис дода шудааст. Ҳар як шӯъбаи маҳаллӣ вазифаи алоҳида дорад ва бо ҳадафи расонидани сиёсати ҳизб ба ҳар як гӯшаи кишвар кор мекунад.

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар интихоботи парлумонӣ ва президентии кишвар иштироки фаъолона менамояд. Дар натиҷа, намояндагони ҲХДТ дар парлумон аксариятро ташкил медиҳанд ва бо татбиқи сиёсати ҳукумат, ки ба рушди устувори кишвар равона шудааст, машғуланд. Ҳизб ҳамчунин дар сатҳи байналмилалӣ низ фаъолона ширакт  мекунад ва дар конфронсу чорабиниҳои байналмилалӣ намояндагони худро пешниҳод менамояд, ки ин ба баланд бардоштани нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ мусоидат мекунад.

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ба рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар таваҷҷуҳи хосса дошта, барои расидан ба ин ҳадафҳо барномаҳои мухталифи иқтисодӣ ва иҷтимоиро роҳандозӣ менамояд. Аз ҷумла, якчанд барномаҳои давлатӣ, аз қабили стратегияи коҳиши камбизоатӣ, барномаҳои рушди деҳот ва ҳифзи муҳити зист бо дастгирии ҲХДТ роҳандозӣ гардидаанд. Ин ҳизб кӯшиш менамояд, ки барои шароити беҳтари зиндагӣ, таълим, хизматрасонӣ ва тандурустии шаҳрвандон фароҳам оварда шавад.

Ин масъаларо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар суханрониҳояшон таъкид мекунанд ва корҳои хайру созандаро дар мадди аввал мегузоранд. Аз ҷумла, Сарвари давлат дар яке аз суханрониҳояшон чунин иброз намуда буданд:

ҲХДТ ба рушди ҷавонон аҳамияти махсус медиҳад, зеро онҳо насли оянда ва асоси рушди минбаъдаи кишвар мебошанд. Барои дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии ҷавонон, ҳизб якчанд барномаҳои таълимӣ, фарҳангӣ ва варзиширо роҳандозӣ намудааст. ҲХДТ кӯшиш мекунад, ки ҷавонон дар фаъолиятҳои ҷамъиятӣ ва сиёсӣ фаъолона иштирок кунанд ва ҳисси ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандиро дар худ инкишоф диҳанд.

Ҳамчунин, дар солҳои охир ҲХДТ ба рушди ҳунарҳои мардумӣ, касбомӯзӣ ва омӯзиши малакаҳои нав таваҷҷӯҳ кардааст, то ҷавонон тавонанд дар бозори меҳнат рақобатпазир бошанд. Ин чораҳо имконият медиҳанд, ки ҷавонон дар рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар саҳми фаъолона гузоранд.

Мардуми шарафманди мамлакат ба ғояҳои созандаи ҳизб эътимоди қавӣ доранд, зеро он дар сафи пеши созандагию бунёдкорӣ ва ташаббускориҳо қарор дорад, ки ба ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва таъмини зиндагии шоистаи мардум равона гардидааст.

Сарвари давлат низ чунин нуктаро бист сол қабл ва то имрӯз  баён медоранд.

— Барои ҷалби одамон ба корҳои хайру созанда чунин неруи сиёсие лозим аст, ки мардуми Тоҷикистонро бо ғояҳои сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, сарҷамъиву ваҳдати миллӣ ва волоияти қонун муттаҳид намуда, дар сафи пеши раванди бунёдкории Ватан қарор дошта бошад. Чунин ғояро ҳанӯз бист сол пеш ман бо ташкили ҳизби нав — Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба миён гузошта будам,-зикр намуданд президенти мамалакат.

Ё дар ҷойи дигар чунин гуфта буданд: “Дар шароити имрӯза барои сафарбар намудани одамон ба корҳои хайру созанда чунин нерӯи сиёсие лозим аст, ки мардуми Тоҷикистонро бо ғояҳои сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, сарҷамъиву ваҳдати миллӣ ва волоияти қонун муттаҳид намуда, дар сафи пеши раванди бунёдкории Ватан қарор дошта бошад”.

Ҳамзамон бояд зикр намуд, ки ҲХДТ дар заминаи робитаҳои байналмилалӣ низ муносибатҳои фаъолона менамояд. Ҳизб бо ҳизбҳои мухталифи кишварҳои дигар ҳамкорӣ дорад, ки ин ба таҳкими муносибатҳои дипломатӣ ва тақвияти мавқеи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд. Масалан, ҲХДТ дар якчанд конфронсҳои байналмилалӣ иштирок намуда, дар онҳо масъалаҳои муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ баррасӣ шудаанд. Чунин ҳамкориҳо имконият медиҳанд, ки таҷрибаи байналмилалӣ дар самтҳои гуногун ба кишвар ворид гардида, рушди он таъмин гардад.

Имрӯз дар кишвар ҷашни 30-солагии ҲХДТ аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳизб аз ҷониби аҳолӣ дастгирӣ меёбад ва як қувваи муҳими сиёсӣ дар Тоҷикистон боқӣ мемонад.

Ин ҷашн бо барномаҳои гуногуни фарҳангӣ, чорабиниҳои сиёсӣ ва ҷамъомадҳо дар саросари кишвар баргузор мешавад, ки дар онҳо дастовардҳои ҳизб, барномаҳои оянда ва нақшаҳои рушди Тоҷикистон муаррифӣ хоҳанд шуд.

Бояд гуфт, ки Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар рушди сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон нақши калидӣ мебозад ва имсол, ки 30 солагии он дар сартосари кишвар ҷашн гирифта мешавад, метавон гуфт, ки он ба яке аз ҳизбҳои боэътимоди ҷомеа табдил ёфта, дар оянда низ барои тақвияти ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот дар кишвар заминаи мусод фароҳам меоварад.

Ҳаитова Ҷамила Санговна.

Омӯзгори фанни равоншиносии МДТ «Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А»

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.