НАҚШИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БУНЁДИ МАКТАБИ СИЁСИИ ДЕМОКРАТӢ

0 18

Нақш ва хизмати Ҳизби  Халқии Демократии Тоҷикистон на танҳо дар ташаккули давлати муосири тоҷикон, балки дар бартарафсозии ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва ба даст овардани ризоияти миллӣ низ назаррас аст. Илова ба мактаби сиёсии Пешвои миллат, ки таваҷҷуҳи ҷаҳониёнро ҷалб намудааст, мактаби сулҳоварии он кас низ аҳамияти хосса дорад.

 Мактаби  сиёсии демократӣ дар симои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зери роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 1992-1994 ташаккул ёфт. Асосҳои назариявӣ-идеологии (фаъолияти ояндаи) Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳанӯз моҳи ноябри соли 1992 дар доираи Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардида, соли 1994 (10 декабр) зимни расмиёти (бақайдгирии) давлатии ҲХДТ, дар ҳуҷҷати асосии (Оинномаи) он дарҷ карда мешаванд. Албатта, дар ин баробар якчанд ҳизбҳои сиёсӣ низ ташкил меёбанд, ки ҳар кадом мактаби хоси сиёсии худро дошта, имрӯз ҳам фаъолият доранд, аммо мактаби сиёсии Пешвои миллат бо барномаи худ дар қалби мардум ҳамчун ҳизби халқӣ ҷой гирифт.

Пешвои миллат   муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз рӯзҳои аввали қадам ниҳодан ба арсаи сиёсат ба ташаккули рукнҳои назариявию амалии мактаби сиёсии худ бо рисолати адолатпарварию инсондӯстӣ, худогоҳию худшиносӣ, нексириштию поктинатӣ, садоқатмандию ватандӯстӣ ва созандагию бунёдкорӣ пардохта буданд.      Тавре дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ноябри соли 1992)   иброз намуда буданд, «…мақсаду мароми мо бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ мебошад».

Дар Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ҳанӯз аз солҳои 80-ум як зумра ҳизбу иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ба таъсис ёфтан шурӯъ карда буданд. Зеро тамоми он дигаргунӣ ва тағйиротҳои сиёсие, ки дар маркази ИҶШС ба вуқуъ мепайваст, таъсири худро ба ҶШС Тоҷикистон низ мерасонд.

Дар Тоҷикистон низ кӯшишу талошҳо аввал дар масъалаи фарҳанг, пеш аз ҳама масъалаи забони тоҷикӣ сурат гирифта, неруҳои сиёсие ба амал меомаданд,ки аз мавқеи миллӣ ва гоҳе аз назари маданӣ баромад мекарданд. Дар натиҷаи ҷамъомаду гирдиҳамоиҳое, ки дар шаҳри Душанбе ташкил мегардиданд, боиси таъсиси ҳар гуна созмонҳо ва ҳизбҳо мешуданд. Созмони «Рӯ ба рӯ», иттиҳодияҳои ҷамъиятии «Ошкоро», «Эҳёи Хуҷанд»,«Дирафши Ковиён», ҳаракат ва ҷамъиятҳои «Бохтар», «Самарқанд», «Куруши Кабир», «Суғдиён», «Ваҳдат», «Пайванд» ва ғайраҳо аз нахустин созмону ҷамъиятҳо ба ҳисоб мерафтанд. Ба тасвиб расидани Қонун «Дар бораи бисёрҳизбӣ» ба таъсисёбии аҳзоби сиёсӣ дар мамлакат суръати тоза бахшид.

Тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 1992 дар ин бора хеле возеҳ гуфта буд: “Неруҳои иғвогар зери шиорҳои зоҳиран демократӣ, вале амалан моҷароҷӯёна коре карданд, ки Ватани хурдакаки моро ба вартаи нобудӣ расониданд”.

Ҳамин тавр, Раиси Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ин ҳамаро дарк намуда, нахуст тамоми неруву тавони хешро баҳри аз байн бурдани созмонҳое, ки тухми адоват ва таассубҳои маҳалгароӣ ва мазҳабиро дар кишвар мекоштанд, ба харҷ медиҳад.

Яке аз нишондиҳандаҳои асосӣ дар самти демократикунонии муносибатҳо ва татбиқи бомароми ғояҳои сиёсӣ – 10 декабри соли 1994 таъсис ёфтани Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.  Зарурати таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба се ҷанбаи зерин асос меёбад:

Якум, дар шароити ҷомеаи демократӣ  зарур буд, ки бар ивази низоми барҳамхӯрдаи шӯравӣ ҳизбе таъсис дода мешуд, то ин ки аз як тараф ҷойи холишударо пур мекард ва аз тарафи дигар, барои рақобати комили сиёсӣ шароит фароҳам меовард.

Дуюм, ниҳоде зарур буд, ки бар асоси ниёзи мардум бояд амал менамуд, бар таҳдидҳои берунӣ, аз ҷумла ғояҳои сохта ва бофтаю дини мубини Исломро олуданамуда истодагарӣ намуда, оташи барафрӯхтаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро хомӯш менамуд.

Сеюм, ниҳоде бояд ташкил меёфт, ки ба талаботи институти демократия ва меъёрҳои байналмилалии идоракунии ҳокимияти сиёсӣ мутобиқат менамуд.

Татбиқи ҳадафҳои барномавӣ тариқи таҳия ва амалӣ намудани консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои гуногуни давлатӣ, ҳамзамон нақшаҳои соҳавӣ ба роҳ монда мешавад. Чуноне ки дар Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои давраи то соли 2025 оварда шудааст: «Барномаи амали Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон метавонад рушди устувори кишварро дар марҳалаи солҳои 2020-2025 таъмин карда, тамоми заминаҳои воқеиро барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум муҳайё созад».

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон кулли бахшҳои ҳаёти ҷомеаро фаро гирифта, ҷиҳати расидан ба ҳадафи олӣ – зиндагии шоистаи мардум ва пешрафти Тоҷикистон саъю талош дорад. Аз ин лиҳоз, бо мақсади таҳким бахшидани рукнҳои илмӣ-амалии фаъолият ва ҳадафҳои барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун мактаби сиёсӣ, ҳамзамон дастовардҳои сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи Истиқлолияти давлатӣ зери унвони «Мактаби сиёсии Пешвои миллат» ҳамасола баргузор намудани конференсияи илмии амалӣ аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ.

«Мактаби сиёсии Пешвои миллат» — Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон омили муҳимтарин ва асоситарини пешрафтҳои кишвар ва мардуми мо дар роҳи пурифтихори истиқлол аст. Маҳз ҳамин мактаб бар кишвари мо сулҳу субот, ваҳдату ягонагиро овард. Мактаби сиёсие, ки Пешвои миллат поягузорӣ кардааст, маҷмӯе аз раҳнамоиҳо, омӯзаҳо ва ҳидоятҳо мебошад, ки дар паёмҳо, суханрониҳо ва мақолаю китобҳои арзишманди таърихию фарҳангӣ инъикос ёфтаанд ва аз ин мактаб метавон ба суолҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсию фарҳангӣ ва ахлоқиву ватандорӣ посухҳои мушаххаси худро пайдо кард.

Воқеан «Мактаби сиёсии Пешвои миллат» — Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои ҳар тоҷику тоҷикистонӣ дар вазъияти басо мураккаби глобалӣ намунаи беҳтарин давлатдориву давлатсозӣ арзёбӣ мегардад. Таҳқиқоти илмӣ анҷом додан барои «Мактаби сиёсии Пешвои миллат» яке аз масъулиятҳои асосии пайравонаш маҳсуб меёбад, ки дар ин ҷода донишмандони Ватанӣ, рисолаи илмии худро дар мавзӯи «Мактаби сиёсии Пешвои миллат таҳкимбахши рушди демократия дар Тоҷикистон» мавриди тадқиқи илмӣ қарор додаанд.

Муҳимтарин нукта дар баррасию аҳамияти  «Мактаби сиёсии Пешвои миллат» дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистони азиз, ин аст, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон омили рушд ва шакл гирифтани шахсияти Раиси муаззами он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Пешвою роҳнамои миллати тоҷик мебошад. Имрӯзҳо ихлосу эътимоди мардум ба Пешвои миллат меафзояд, на ҳамчун эҳтиром гузоштан бо мақоми сиёсӣ ва поягузори давлатдории навин ва асосгузори сулҳу ваҳдати миллист, балки пештар аз ҳама ҳамчун ҳомии истиқлоли давлатӣ, таҳкимгари арзишҳои давлатдорӣ таблиғгари зиндагии шоистаи мардум мебошад.

«Мактаби сиёсии Пешвои миллат» — Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон неруи муқтадирест, ки бунёд ва такягоҳи муътамаду қавии зеҳнию маънавиро дорост. Аз ин лиҳоз сарҷамъ кардани неруи зеҳниву маънавии ҷомеа ва фарогирии ҷуғрофию иҷтимоӣ неруи ҳеҷ кадом ҳизби сиёсии кишварро наметавон бо Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қобили қиёс донист.

Зеро дар меҳвари  «Мактаби сиёсии Пешвои миллат» пеш аз ҳама арзишҳои олии инсонӣ, мардумсолорӣ, илмдӯстӣ, эҳтиром гузоштан ба фарҳанги миллӣ маҳсуб меёбад.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун қисми таркибии низоми сиёсии ҷумҳурӣ, аз рӯзи нахустини вориди майдони сиёсӣ гаштанаш як омили такондиҳанда ва таҳкимбахши раванди созандагиву бунёдкории ҷомеаи Тоҷикистон гардид. Ҳизб ба сифати созмони сиёсӣ дар раванди таҳаввулоти зиёда аз 30-солаи кишвар иштироки фаъолона дошта, ҷиҳати барқарор намудани сулҳу субот дар мамлакат, таҳия ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ворид сохтани тағйиру иловаҳо ба он, таҳия ва қабули як қатор қонуну санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ дар парлумони кишвар, инкишофи ҳаёти иқтисодӣ ва фарҳангӣ, густариш ва таҳкими равобити байналхалқии Тоҷикистон, умуман дар кулли соҳаҳо ва самтҳои гуногуни инкишофи ҷомеа нақши бориз дорад.

 

Файзова Матлуба.

 Омӯзгори  кафедраи “Химия ва биология”-и МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз”

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.