КОНСТИТУТСИЯ – ТАҶАССУМГАРИ СОҲИБИХТИЁРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

0 12

Соҳибихтиёрии халқ ҳамчун волоият ва умумияти ҳокимияти халқ нисбат ба дигар намудҳои соҳибихтиёрӣ мавқеи асосиро ишѓол менамояд. Зеро маҳз дар заминаи ҳамин навъи соҳибихтиёрӣ табиати демократии давлат ҳифз гардида, ҳуқуқу озодиҳои инсон таъмин мешавад ва мавқеи халқ ҳамчун субъекти комилҳукуқи идораи давлат собит мегардад.

Соҳибихтиёрии халқ заминаи ташкил ва татбиқи ҳокимият аст, ки аз фаъолияти васеи ташкилӣ ва қудратбахшии халқ оғоз гардида, бо ҳалли масъалаҳо ва ҳимояи манфиатҳои мардумӣ вобаста мебошад. Соҳибихтиёрии халқ роҳи асосии амалӣ гаштани орзую омоли халқ аст. Тавассути он халқ ҳамчун сарчашмаи ҳокимият ба воситаи мақомоти давлатии таъсисдодаи худ ба худидоракунии хеш даст мезанад. Барои он, ки ҳокимият аз ваколатҳои хеш сӯйистифода накунад, соҳибихтиёрии халқ истифодаи фишангҳои мухталифи назорати ҳокимиятро пешбинӣ мекунад. Ба замми назорати бевоситаи халқ, ки тавассути васоити ахбори умум ва ошкорбаёнӣ зоҳир мегардад, фишангҳои сиёсиву ҳуқуқие низ мавҷуданд, ки соҳибихтиёриро пурзӯр мекунанд. Таҷзияи ҳокимияти давлатӣ ба шохаҳои қонунгузор, иҷроия ва судӣ, ташкили ҳисоботи мақомот байни ҳамдигар, интихоботи озод ва амсоли инҳо аз ҷумлаи ҳамин фишангҳо мебошанд.

Имрӯз бояд шукргузории онро намуд, ки мо дар як давраи начандон тӯлонӣ, бо сарварии Президенти муҳтарамамон Эмомалӣ Раҳмон ба ин рӯзҳои бахту шодӣ ва ободию озодӣ расида, давлати моро ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, соҳибистиқлол ва дунявӣ қариб тамоми рӯи олам мешиносад ва бo мо ҳамкорӣ мекунанд.

Конститутсияи соли 1994 аввалин бор Тоҷикистонро дав¬лати соҳибихтиёр эълон кард. Соҳибихтиёрӣ хусусияти хоси ҳар як давлат буда, ҳокимияти олии ягона ва истиқлолияти онро дар муносибатҳои хориҷӣ ифода мекунад. Аз ин рӯ, соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам асоси сиёсию ҳуқуқӣ, ҳам самти амалӣ дорад. Ҳифзи соҳибихтиёрии Тоҷикистон ва кафолати ягонагии он бо имкониятҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва ҳарбии давлат пайвастагӣ дорад.

Соҳибихтиёрии Тоҷикистон пеш аз ҳама, дар он ифода меёбад, ки давлат самтҳои асосии сиёсати дохилӣ – яъне роҳу усулҳои тараққиёти худро дар соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ѓайра, дар сиёсати хориҷӣ тарзу усулҳои муносибат бо давлатҳои хориҷӣ ва умуман ҷомеаи ҷаҳониро мустақилона муайян менамояд. Дар зери мафҳуми соҳибихтиёрӣ аксар вақт соҳибихтиёрии давлат дар назар дошта мешавад. Ва ин бесабаб нест, чунки бештар вақт сухан дар хусуси ҳокимияти давлатӣ ва волоияти он меравад. Вале қаблан сарфи назар карда мешавад, ки ҳокимият на фақат ба дав¬лат хос аст.

Ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ дар шакли пурраашон дар қаламрави давлат амал карда, ҳеҷ гуна дахолати мамлакатҳои хориҷиро намепазирад. Дар муносибатҳои байналмилалӣ низ давлат тобеи иродаи давлатҳои хориҷӣ намегардад. Соҳибихтиёрии давлат пурра ва бидуни истисно зоҳир мешавад ва он нишонаи сифатии ҳар гуна давлат буда, моҳияти сиёсиву ҳуқуқии давлатро ифода мекунад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии бунёди давлати соҳибистилоли тоҷикон, таҷасумгари ормонҳои давлатдории миллӣ мебошад. Агар ба таври умумӣ нигарем, он маҷмӯи меъёрҳои ҳуқуқие мебошад, ки аз як тараф, муносибатҳои ҷамъиятии байни инсон ва давлат, инчунин асосҳои ташкил ва фаъолияти худи давлатро танзим менамояд.

Аз ин рӯ, соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам асоси сиёсию ҳуқуқӣ, ҳам самти амалӣ дорад. Ҳифзи соҳибихтиёрии Тоҷикистон ва кафолати ягонагии он бо имкониятҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва ҳарбии давлат пайвастагӣ дорад. Аз ин рӯ, кӯшиши мустаҳкам кардани асоси иқтисодии давлат ва баланд бардоштани самти некуаҳволии зиндагии мардум ба пойдоргардонии соҳибихтиёрии давлат бевосита алоқаманд аст. Қобили ифтихор аст, ки имрӯз давлати Тоҷикистон ба сифати созмони сиёсии муташаккил ва қудратманд қодир аст тамоми самтҳои фаъолияти худро, ки Конститутсия муайян намудааст, иҷро намояд. Азбаски Конститутсия қонуни олии давлат эътироф шудааст ва муносибатҳои муҳимтарини ҷомеаро танзим мекунад, риоя ва татбиқи он вазифаи муқаддаси тамоми рукнҳои ҳокимияти давлатӣ ва шаҳрвандон аст. Дар воқеъ, ҷомеа волоияти конститутсия, қонунҳo ва тартибу низомро ба сифати омили муайянкунандаи ҳаёташ мепазирад, дар он пешрафту тараққиёт таъмин мегардад.

Бунёди чунин ҷомеа маҳз бо ҷидду ҷаҳд, кушишҳои инсонии озод ва созанда алоқаманд мебошад. Бинобар ин, конститутсия ба сифати санади муқаддас, ки имрӯз аз ҷониби аъзои ҷомеа мавриди дарку ҳазм ва омӯзиши ҳамаҷониба қарор гирифтааст, минбаъд ҳам ин раванд бояд идома ёбад.

Ҳар як сокини мамлакат ҳамеша бояд дар хотир дошта бошад, ки эҳтиром ва риояи ҳатмии конститутсия ва қонун ҷониву виҷдонӣ ва амали ҳаррӯзаи уст. Зеро мо танҳо дар сурати иҷрои тамоми талабот ва риояи меъёрҳои муқаррарнамудаи Конститутсия ва қонунҳои давлати соҳибистиқлоламон ба ҳадафи асосии эълонкардаи худ, яъне эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ ноил шуда метавонем.

Ҳамин тариқ, бо шарофати соҳибистиқлолии кишвар ва сулҳу субот дар мамлакати мо 30-юмин солгарди рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ботантана ҷашн мегирем, ки он 6-уми ноябри соли 1994 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ ҳамчун Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон қабул гардид. Қабули Конститутсияи мамлакат ҳам сароѓози таърихи навини давлат ва ҳам рӯи кор омадани равобити иҷтимоии ҷадид ва танзими ҳуқуқии онҳо ва ҳам дар ниҳояти кор, арзи ҳастӣ намудани самти навини илми давлатшиносии давлати ҷавони Тоҷикистон мебошад.

Конститутсияи кишварро одатан бахтномаи шаҳрвандон меноманд. Аз ин лиҳоз, рӯзи Конститутсияи кишвари соҳибистиқлоламон барои мо иди фирӯз аст. Ба хотири манофеи Ватан, ба хотири ободии кишвар, боз ҳам баландтар шудани сатҳи зиндагонии мардум дилсӯзона заҳмат кашем, меъёрҳои муқаррарнамудаи Конститутсияро риоя намоем.

Бобоева Низорамо.

Омӯзгори МДТ «Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А»

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.