ДАСТОВАРДХОИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ЗАМОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ КИШВАР

0 13

Имрӯзҳо Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳама гуна иқдоми созанда ва амали нек дар ҷумҳурӣ саҳм мегузорад. Ба ибораи дигар, давоми 30 соли фаъолият Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳо намудани мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқавории ҷумҳурӣ, саноатикунонии босуръати мамлакат, сиёсати буҷету андоз, ислоҳоти идораи давлатӣ, таъсиси сохтори куллан нави идораи иқтисодиёт, такмили тартиби ҷобаҷогузории кадрҳо дар асоси салоҳияти касбӣ, баланд бардоштани самаранокӣ ва таъмини шаффофияти фаъолияти мақомоти давлатии марказию маҳаллӣ, таъмини амният ва арҷгузорӣ ба арзишҳои милливу давлатӣ, мубориза бар зидди коррупсия ва ғайра саҳми бориз дорад.

 Бояд қайд кард, ки дар меҳвари сиёсати Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон инсон чун гавҳари офариниш бо ҳама орзуву ормонҳо ва кӯшишҳояш бар саодати зиндагӣ қарор дорад.Ин сиёсати мутобиқ ба иқтизои табиии инсонҳо ва ормонҳои миллии мардум дар Конститутсияи кишварамон расмияти ҳуқуқӣ пайдо кардааст, ки дар он инсон арзиши олӣ эътироф шудааст.Моҳияти инсонгароёнаи сиёсати Сарвари давлат дар душвортарин лаҳзаҳои оѓози даврони истиқлолият, ки бар асари ҷанги бародаркуш маърази хатар қарор гирифта буд, ба тамомӣ ба зуҳур омад. Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон воқеан тарроҳ ва поягузори мактаби нав дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон аст, зеро замоне, ки ӯ масъулияти роҳбариро ба уҳда гирифт, кишвар ҳеҷ поя ва заминае барои пешбурди сиёсати хориҷӣ надошт. Имрӯз Тоҷикистон бо 128 кишвари ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуда, 150 давлат истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро эътироф кардааст.

Ҳамин тавр, Раиси ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон дар миёни халқи мамлакат ва ҳазорон ҳазор ҳамватанони бурунмарзӣ бо сиёсати сулҳофари худ эҳтироми бузургро сазовор шуда, ҳизб дар арсаи байналхалқӣ ва дар дохили мамлакат нуфузи баланд пайдо кардааст.Воқеан ҳам Эмомалӣ Раҳмон асосгузори сулҳи тоҷикон ва пешвои миллат ба ҳисоб меравад, зеро ба миллати мотамзадаю гирифтори ҷанги хунин гардида сулҳро таъмин намуд ва халқро аз парокандагию парешонӣ сарҷамъ сохт.

Дар ин раванди созандагиву ободкорӣ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мақоми хоса дошта, аъзои ин ҳизби мардумӣ ҳамчун нерӯи пешбаранда саҳми арзандаеро барои ободӣ ва гул-гулшукуфии кишвар мегузорад. Боиси зикр аст, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳаёти сиёсии кишвар бо барномаи мукаммалу дурбинонаи худ дар пешбурди сиёсати маънавиасоси давлат ва Ҳукумати кишвар нақши калидӣ дорад. Ин ташкилоти қудратманд тараннумгари дастовардҳои навини мамлакат буда, дар амалисозии ҳадафҳои созандаи давлату Ҳукумат тавъам бо риояи қонунҳо, Оиннома ва Барномаи ҳизб ва дар ин радиф дар ҳамбастагӣ бо сохторҳои дахлдор ҷиҳати ҳалли мушкиливу муаммоҳо фаъолияти судмандеро ба роҳ мондааст.

«Фаъолияти ҲХДТ дар пешбурди идеологияи давлатӣ ва баланд бардоштани шуури ҷамъиятӣ» унвон дода шуда, дар он асосан баланд бардоштани шуури сиёсии ҷомеа, беҳтар гардидонидани сатҳи зиндагии мардум, ки аз ҳадафҳои аввалиндараҷаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар солҳои баъдиҷангӣ мавриди таҳқиқ карор дода шудааст. Ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои худ Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон ба ҳамаи гурӯҳҳои миллӣ ва этникии сокини ватанамон эҳтиром гузошта, маҳалгароиро ҳамчун падидаи номатлуб маҳкум намудааст.

Яке аз вазифаҳои муҳимми Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар солҳои 2000-2010 аз он иборат буд, ки ҳамаи қисматҳои ҷумҳурӣ-шимолу ҷануб, водию кӯҳистон, ноҳияҳои саноатию зироатиро дар як ҳалқаи пайванд гирд оварад. Кишваре, ки мусибати ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронидааст, дар қатори дигар бадбахтиҳо, ҷинояткорӣ низ дар он меафзояд. Аз ин лиҳоз, яке аз масъалаҳое, ки дар назди ҲХДТ меистод, ин гирифтани пеши роҳи ҷинояткорӣ маҳсуб меёфт.

Боиси қаноатмандӣ ва ифтихори ҳамаи мо- тоҷикистониён аст, ки дар ҳамаи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии мо  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон нақши муассиру мондагор дорад. Дар Паёми Роҳбари давлат солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” эълон гардиданд. Мақсад аз ин ташаббус дар доираи ҳадафи стратегии саноатикунонии босуръати кишвар такони ҷиддӣ бахшидан ба пешрафти саноат мебошад. Рушди саноат яке аз омилҳои муҳимтарини тараққиёти давлат, афзоиши даромади буҷет, бо молу маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ таъмин кардани сокинони кишвар ва фароҳам овардани садҳо ҳазор ҷойи нави кор ба ҳисоб меравад.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зери роҳбарии Пешвои миллат, Раиси муаззами ҳизбамон масъулияти бузурги сарпарастии маънавии сохтмони Нерӯгоҳи Барқии Обии Роғунро ба зимма гирифт, ки ҳоло ду агрегати он нерӯи барқ истеҳсол карда, дар амалишавии ҳадафҳои чоруми миллӣ “Саноаткунонии босуръати кишвар” нақши муҳимеро иҷро карда истодаанд. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо фаъолияти созандаи худ дар таҳаввулоти ҷомеа баҳои воқеӣ дода, фарогири орзуву амал ва манфиатҳои қишрҳои мухталифи ҷомеа гардид.

Мардуми кишвар аз талошҳои ҳизб барои беҳбудии зиндагӣ ва беҳдошти иҷтимоӣ огоҳ буда, ба кору пайкори ҲХДТ эътимоди комил доранд. ҲХДТ ҳадафи асосиаш хизмат ба халқ ва фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ барои мардум мебошад. Маҳз ҳамин ҳадафи олӣ аз сиёсати созандаи Пешвои миллат-Президенти кишвар, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад. Имрӯз Барномаи ҲХДТ натанҳо фарогири самту соҳаҳои идеологӣ, балки ҳарбию амниятӣ ва саноату хоҷагидорӣ низ мебошад.

Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хидматҳои бузургу мондагори таърихиро анҷом додааст, ки ҳамагӣ ба манфиати мардум ва рушду шукуфоии кишвар нигаронида шудаанд. Таҳкими сулҳу субот, роҳандозии равандҳои демократӣ, риояи ҳуқуқу озодиҳои шахс, таъмини зиндагии саодатмандонаю шоиста аз ин қабил маҳсуб меёбанд.      Маҳз бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ нуфузу обруи баландро соҳиб гардид, ки таърих назирашро ёд надорад. Ташаббусҳову иқдомҳои наҷибона ва инсонпарваронаи Эмомалӣ Раҳмон дар боби ҳимояи арзишҳои олии инсонӣ, мубориза бо равандҳои номатлуби зидди башарӣ, аз қабили терроризму экстремизм ва роҳандозии ҳамкорию робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо давлатҳои хурду бузурги олам Тоҷикистонро ба кишваре табдил дод, ки дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёт намунаи ибрати дигар кишварҳо гардидааст.

Саъдуллоева Соҷидамо.

Омӯзгори калони  кафедра “Химия ва биология”-и МДТ «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз»

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.