ИСТИФОДАИ АЁНИЯТҲО ВА ТЕХНОЛОГИЯИ МУОСИР ДАР МАШҒУЛИЯТҲО ОМИЛИ МУҲИМИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ СИФАТИ ТАҲСИЛОТ

0 36

    Имрӯзҳо сифати машғулиятҳои тахассусиро, бахусус дар соҳаи тандурустӣ бе истифодаи аёниятҳо ва технологияи муосири электронӣ тасаввур намудан ғайриимкон аст. Зеро истифодаи аёниятҳо ва таҷҳизоти зарурӣ дар машғулиятҳои амалӣ имкон медиҳанд, ки фоизи азхудкунии дониш аз тарафи донишҷӯён беҳтар карда шавад. Мутафаккир ва файласуфи машҳури чинӣ Конфутсий қайд менамояд, ки “Ман мешунавам фаромуш мекунам, мебинам дар хотир мегирам, иҷро мекунам дарк менамоям”. Мушоҳидаҳо муайян намудаанд, ки ҳангоми хониш — 10%, ҳангоми гуш кардан — 20%, ҳангоми дидан – 30%, ҳангоми дидан ва гуш намудан — 50% ва ҳангоми дидан, гуш кардан ва иҷро намудан зиёда аз 70% — и маълумот азхуд карда мешавад.

    Хусусиятҳои мазкурро ба инобат гирифта дар МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.” дар кафедраҳо аз тарафи омӯзгорон солҳои охир кӯшиш ба харҷ дода шуда истодааст, ки ба корҳои мустаъқилонаи донишҷӯён диққати бештар дода шавад ва бо ин мақсад аз аёниятҳо ва таҷҳизот барои корҳои амалӣ васеътар истифода бурда шавад. Бо ин мақсад роҳбарияти муассиса дар доираи имкониятҳо кӯшиш намуда истодааст, ки синфхонаҳои таълимиро бо аёниятҳо, васоити электронии таълим ва таҷҳизот барои корҳои амалии донишҷӯён таъмин намояд. Аз шароити мавҷуда омӯзгорон низ самаранок истифода намуда истодаанд. Бо истифода аз услубҳои байналфаъоли таълим рӯзи 8 уми ноябри соли ҷорӣ аз тарафи омӯзгори калони кафедраи “Анатомия ва физиология” Бобоев Ёрмуҳаммад доир ба мавзӯи “Системаи дилу рагҳо” ва аз тарафи омӯзгори кафедраи “Фарматсия” Рустамова Маърифат аз фанни “Анатомияи растаниҳо” машғулияти кушоду намунавӣ гузаронида шуд. Дар машғулиятҳо намояндагони раёсати коллеҷ иштирок намуда, ба сатҳи ташкилии онҳо баҳои баланд гузоштанд.

Ҷонишини директор оид ба корҳои таълимӣ Нуруллоева С.Н.

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.